Мундариҷан ғоявии достони «Сурўши Сталинград»

«Сурӯши Сталинград»

Мӯъмин Қаноат маҳз бо ҳамин достонаш дар адабиёти ҷаҳонӣ маъруфу машҳур гашт. Дар бораи муҳо-
рибаи Сталинград то Мўъмин асарҳои зиёди назмию насрӣ иншо шуда буданд. Аммо достони шоир бозёфти нав аст. Рўҳ, бузургии инсони некўсиришт асоси маънавӣ ва ғоявии асарро ташкил медиҳад. Бесабаб нест, ки худи шоир дар ин бора чунин мегўяд: «Сталинград қалъа набуд ва садди искандарӣ надошт. Ягона садди ин сарзамин баландии рўҳи инсон буд». Ғалаба дар муҳорибаи Сталинград мўҷизаи олам, мўъҷизаи асри XX аст. Ба он миллионҳо одамони кураи Замин шоҳиданд. Дар ҳаққи чунин фоҷиаи бемисли таърих, дар ситоишу қаҳрамонии Армияи Советӣ сухани гаронбор, олӣ ва чун Замин ботамкин гуфтан зарур аст:

 

Суханро вазну тамкини Замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд».

Достон аз оғоз, ҳашт суруш ё қисм ва анҷом таркиб ёфтааст. Ин қисматҳо мантиқан ба ҳам пайвастагӣ доранд, зеро ҳамаи сурўшҳо ба як мавзўъ, ба як маҷмўъ омадаанд ва онҳоро саҳнаҳои қаҳрамонии қаҳрамонон чун шаддаҳои марворид ба ҳам алоқаманд менамояд. Сурўш ин садост. Садоест, ки аз ғайб меояд. Ин садо кураи арзи моро фаро гирифта, аз наслҳо ба наслҳо, аз асрҳо ба асрҳо танин меандозад, дар бораи қудрату тавоноии инсон ба имрўзиён ва ояндагон мужда мерасонад.
Мўъмин Қаноат пеш аз ҳар як сурўш вобаста ба мавзўи он ба тариқи эпиграф саргузашти сарбози немисро меорад, ҳикоятеро нақл мекунад, ки он ҳам ба мавзўъ ё идеяи ҳамон сурўш алоқаманд аст. Чунончи, сурўши аввал «Замин» ном дорад ва пеш аз он адиб чунин матнро овардааст:
«23 август. Полки мо аз дарёи Дон гузашта ба Шарқ бемуқовимат пеш меравад… Советҳо чи саҳро ва чи паҳноҳое доранд, баъд аз ҷанг ин замин вақфи мо мешавад. Имон дорем, ки фюрер ин набардро ба зудӣ сомон медиҳад. Ба гуфти ў армияи 6-ум метавонад осмонро тасхир кунад… Пас Замин чӣ бошад».
Дар ҳақиқат, ҳуҷуми душман барқосо буд. Шаҳру деҳоти зиёди моро гирифтанд, ба хок яксон карданд. Аз ин рў, умедашон ба ғалаба калон буд. Тасвири ҳамин вазъият, ҳамин ҳолат дар сурўши «Замин» омадааст. Замин образи типист. Ў модар аст, гаҳвора меҷунбонад. Вале аз дасти фарзандони нохалаф гирёну сўзон аст, аз онҳо яъне аз зодагонаш мадад мехоҳад:

 

Кунун гаҳвораам,
Аз тундгардӣ чаппагардонам!
Ба зери бори ман ҷон медиҳад тифлам,
Бубардоред аз ҷоям!
Мадад,
эй зодагони ман!
Ҳазар эй қавмҳои ҷонситони ман.
Аз он рўзе, ки ман бе тифл меҷунбам,
Чунон тангам, чунон бандам,
Ки дар як хона меғунҷам.
Маро озод бинмоед!
Ман сайёраам,
Дар банд мемирам!

Дар ин ҷо шоир аз санъати ташхис бамаврид истифода бурдааст. Яъне ба забон омадани Замин ва бевосита конкрет намудани вазъият образи За-мин — модарро равшан намудааст. Ин услуби нигориш дар бобҳои оянда низ такмил ёфтааст. Дигар образҳо ба Замин тобеанд, зеро Замин бузургтар, муқаддамтар аст.Сурӯши дуюм «Дарё» ном дорад ва Дарё низ худро фарзанди Замин мешуморад.
Дар ду боби аввал душворӣ, вазнинии ҷанг, вазъияти он ба тарзи умумӣ дода шуда буд, акнун дар боби сеюм он характери конкретӣ меги-рад. Образи инсони конкрет, муборизаю қаҳрамонии ў ба қалам дода мешавад.
Сурўши сеюм «Маллоҳи Баҳри Сиёҳ» ном дорад. Дар ин қисмат қаҳрамонии баҳрнавардон, ки онҳоро немисҳо «девҳои баҳрӣ», «девҳои сиёҳ» меномиданд, ҳикоят мекунад. Шоир тасвир кардааст, ки Миша ба муқобили танкҳои немисҳо ҷангида чандтояшро нобуд месозад. Дар ин ҳангом аз тири танк шишаи моеи тарканда сўрох мешавад ва дар дасти Миша оташ мегирад. Маллоҳи ҷасури оташгирифта ба сўи танки душман метозад ва худро ба танк мезанад. Танки душман ва Миша сўхта хокистар мешаванд. Аҷаб қаҳрамонӣ, аҷаб ҷоннисорӣ. Ҳамин лаҳзаҳоро адиб бо ҳаяҷон тасвир намуда, чунин мегўяд:

 

Ягона шишаи таркандаро бардошт.
Ба ҷанги тан ба тан
Бо танки фўлодӣ қадам бигзошт,
Вале таркид шиша дар сари дасташ,
Зи китфаш шўълае бархост монанди
қаду басташ.
Саропо оташи зинда
Ба зери танк метозад,
Ба ин дастур Данкоро замоне зинда месозад.
Аз ин оташ тамоми шўълаҳо хомўш мегардад,
Аз ин мардӣ адў беҳуш мегардад.

 

Оре, аз ин мардӣ ва қаҳрамонии ҷанговар ҳатто душман ба ҳайрат омада, беҳуш мегардад. Ин образ типӣ аст. Дар симои Миша — маллоҳи баҳри сиёҳ ҷоннисорӣ, фидокории садҳо қаҳрамонҳои набарди Сталинград ҷамъбаст гардидаанд. Ғайр аз ин, маллоҳи Баҳри Сиёҳ- Миша шахси хаёлӣ нест. Прототипи ин қаҳрамон маллоҳ Михаил Паникаху, ки дар полки тирандозии 883 хизмат мекард, мебошад.
Сурўши чорум саҳнаи мардонагии алоқачӣ «Матвей Путилов» мебошад. Вай аз байни зиндаҳою мурдаҳо роҳ ҷуста хатҳои алоқаро пайваст менамуд ва ногоҳ тири ҷонкоҳе пайкарашро сўзонда, ўро аз по меафтонад. Пеш аз марг, дар лаҳзаҳои вопасини умр Матвей бо дарду алам чунин мегўяд:

«Видоъ, ёрон!
Ба ҷои ман
Дил бандед!
Гул бўед,
Шумо хандед,
Бибўсед!
Дил ҷўед,
Ки ман лабташнаам —
Ташна!
Об нўшед аз лаби чашма».

 

Оре, Матвей ташна аст, ташнаи об, ташнаи зиндагӣ, ташнаи ҳаёт. Ў зистан мехост. Аммо ў барои дигарон ҷон нисор кард, то ки моён зиндагӣ кунем, хандем, дил бандем. Ин садои қалби ўст. Ин садо ба мо, ба ояндагон аст.
Сурӯши панҷум дар бораи Робиа -зани Аҳмад Турдиев аст. Робиа дар ақибгоҳ ташнаи дидор, интизори ёр. Ин боб бо боби шашум, ки «Аҳмад Турдиев» ном дорад, пайваст мебошад. Боби шашум кулминатсияи достонро ташкил медиҳад. Шоир дар сароғози ин боб аз номи Аҳмад чунин мегўяд: «Ба рағми марг дар хонаи мо — «Хонаи Павлов» тифле таваллуд шуд. Ҳама ўро Зина, ман Зиндагӣ номидам». Дар ҳақиқат ин хона набардгоҳи бузург аст. Оташ аланга мезад. Павлов, Аҳмад, умуман 20 нафар ёрон барои ҳар як ваҷаб, ҳар як хишти хона фидокорӣ мекарданд. Дар ҳамин хона тифли навзод ба дунё меояд, ўро бо оҳанги тиру наъраи тўп алла мегуфтанд, ўро то як сари мўяш кам нагардад, дидбонӣ мекарданд:

Дар ин ҷо бист ёронем, ба як паймону имонем, Замин гаҳвораи тифл асту мо гаҳвораҷунбонем.
Гаҳе бо шеър, гаҳ бо тир ўро алла мехонем,
Наафтад то ки як мўяш, сари як мўй ларзонем.
Дар ин ҷо ба дунё омадани тифл – зиндагӣ аст, давоми умри инсон. Мўъмин Қаноат ба ин восита ғолибияти ҳаётро аз болои марг нишон дода, таъкид менамояд, ки дар талоши маргу зиндагӣ, дар набардҳои сахттарин дар ин хона инсони нав пайдо шуд ва ин хонаро ба хотири тифл — ҷаҳони додхоҳу додвар бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт, посбонӣ кард:

 

Ҷаҳони додхоху додвар бо мост ҳамхона,
Агар ин хона афтад, мешавад сад хона вайрона.
Туро, эй тифли фарзона!
Ба мисли ҷони ин хона,
Намоям ҳифз бо дастону бо дастури мардона.

 

Дар бобиҳафтум — «Момои Асал» адиб аз тифли Аҳмаду Робиа ҳикоят мекунад. Тифл ба дунё омада вафот мекунад. Тазодҳои аҷоиб Зина дар байни оташу дуд тавлид ёфт, зинда монд. Ўро Аҳмад посбонӣ кард, вале дар деҳаи дурдасти кўҳистон тифли Аҳмад ҷон дод. Адиб ба ин восита душвориҳои ақибгоҳ ва нишонаҳои ҷанги хонумонсўз, зиндагии пурмашаққати мардумро инъикос намудааст. Ин боб садои инсон ба ҷангҷўён -оташдиҳандагони ҷанг аст. Сарбози фашист дар мактуби худ ба зану фарзандаш бо як дарду ҳайрат ба ҷанг лаънат мехонад:

«28 декабр. Аспҳоро хўрдем. Танҳо саманди баргузидаи генерал мондааст, ки ба вай на даст мерасад на дандон… Аскарони мо ба ҳукми мурдаанд ва чун васвосиён пайваста меҷўянд, ки чизеро фурў баранд. Аз снарядҳо намегурезанд, маҷоли роҳ рафтан, ҳам шудан ва паноҳ бурдан надоранд. Лаънат ба ҷанг!».

Чунон ки дар боби аввал дидем, сарбози немис бо як кибру ғурур, вале бо ифтихормандӣ дар бораи армияи шикастнопазири немис сухан мегуфт ва дилаш аз шодӣ лабрез буд. Акнун дунё дар назараш торик аст. Дигар зану фарзандашро дида наметавонад. Ба марг розист, ба ҷангҷўён лаънат мехо-над. Симои сарбози немис дар рафти ҳодисаю вокеаҳои достон икишоф меёбад. Дар охир назараш нисбат ба ҷанг дигар мешавад. Аммо дар асар ислоҳ намегардад, танҳо пушаймон аст. Дар ҳақиқат, ин садоест ба оламиён, ба ҷангҷўён. Шоир ба ин восита дар пеши чашми инсоният оқибати мудҳиши ҷанги хонумонсӯзро нишон дода, одамонро ба сулҳу амонӣ ҳидоят мекунад. Сарбози немис дар оғози сурўши ҳаштум, ки «Василий Иванович Чуйков» ном дорад, дар бораи ҳаёту мамоти ояндаи худ ва сарбозони немис ба фикри қатъӣ омада, чунин мегўяд:

«Ҷангро бо ин шиддат касе ёд надорад. Ана Волгаю мана ғалаба… Яқин аст, ки дидори якдигарро дар қиёмат мебинем».

Суханони сарбози немис ҳакиқати баҳснопазир аст. Мағлубияти фашизм ва ғолибияти Армияи Советӣ — тантанаи Ҳаёт ба Марг аст. Адиб ин идеяро дар достон басо амиқ нишон додааст.
Солҳо сипарӣ мешаванд, аммо корнамоии қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград ҷовидонаанд. Имрўз, сарлашкар Василий Чуйков ба зиёрати шаҳидон омадааст. Ў дар ин хоку Замини муқаддас оҳиста по мегузорад, то ки шаҳидон озор набинанд:

Замини безабон
Хоки шаҳидон!
Дор маъзурам!
Ба он ҷое, ки ёрон сар ниҳода,
пой мемонам,
Бубахшед, эй азизон,
Гар қадам беҷой мемонам…

Анҷоми достон бо «Сурўши модарон дар хоки фарзандон» поён ёфта, адиб онро мантиқан бо сурўши аввал пайваст менамояд. Модари пиру солор роҳҳои дурро тай карда, ба Сталинград омадааст, то ки хоки муқаддаси шаҳидонро зиёрат кунад. Модар ҳанўз ҳам фарзанди ҷигарбандашро наёфтааст, ўро ҷустуҷў менамояд. Ин ҷо зиёратгоҳи ҳар як зодаи инсон аст.
Қаҳрамони лирикӣ нисбат ба Модар-Замин муҳаббати бепоён дорад. Аз самими дил бузургии ўро ситоиш мекунад ва дар пеши ин муҷассама сари таъзим фуруд меорад, замину само, шеъру достонашро ба ў мебахшад:

 

Ҳамон рўзе, ки душман
зер кард аз кибр домонат.
Чӣ домоне, ки бо сад
ноз мепарвард тифлонат,
Писарҳоят барои ҳифзи
номусат камар бастанд,
Ҳазорон даст пайвастанд,
Қасам хўрданд,
Нашкастанд…

Ситоиш мекунам кўҳи баланди рўҳи инсонро,
Фурў меоварам ман қуллаи кўҳи Бадахшонро
Ба пои ту, аё гултеппаи бори ҷаҳон бар дўш,
Аё сайёраи сокит, аё гаҳвораи хомўш!
Биё, Модар!
Ба поят мегузорам шеърҳои зинадорамро,
Замини беканорамро, самои беғуборамро!
Ки онҳоро ҷигарбанди ту аз мурдан раҳо кардаст!
Заминро ў ато кардаст,
Саморо ў само кардаст.
Бихон аз ин баландӣ достони қаҳрамононро,
Ҳидоят кун ба сўи қуллаи фарзандҳоят навҷавононро!
Биҷунбон хокро — гаҳвораю тобути инсонро,
Бикун бо умри худ пайванд умри рўзгоронро!