Мӯъмин Қаноат — шарҳи ҳоли адиб.

Мӯъмин Қаноат

Роcташро бигӯям, дар рӯзгори шоириям ду бор шунаво ва ошкоро гиристам. Яке гоҳи иншои порчаи «Мавҷҳои бародарӣ» бахшида ба бародари азизам Абдулло ва дигар соли 1968 дар Сталинград, вақте ки мисраъҳои зеринро менавиштам:

Вале Матвей зери лаб фурў мебурд шеванро,
Фурў мебурд оҳанро, Ки аз оҳаш
Нагардад ногаҳон пайвандҳо канда,
Нагардад аз лаби ояндаҳо лабхандҳо канда.

Шарҳи ҳоли адиб

Деҳаи Курговади ноҳияи Қалъаи Хуми вилояти Кўҳистони Бадахшон яке аз зеботарин деҳоти ин музофот аст. Боду ҳавои хуш ва табиати нотакрор дорад. Кўҳҳои осмонбўс, ёнаҳои сабзу хуррам, садои форами чашмасорон ва рўдҳои пуртуғёнаш ба инсон як ҷаҳон ҳузуру ҳаловат мебахшанд. Бахусус фасли баҳор, бештар моҳи апрелу май деҳоти Дарвоз ва умуман кўҳистони Бадахшону Рашт гулрез шуда, шукўҳу шаҳомати хос пайдо мекунанд. Ана дар ҳамин айём, 2-уми майи соли 1932 дар Курговад Мўъмин Қаноат чашм ба дунё кушудааст. Падари адиб деҳқони асил буд ва аз ин пешаи муқаддас рўзгори хешро мегузаронд. Мўъмини хурдсол дар паҳлуи падар истода ба қадри тавон ба кори ў мадад мерасонд. Он рўзҳо рўзҳои ҷанг буду рўзгори мардум танг. Бародарони Мўъмин дар ҷанг буданд ва ба муқобили фашистон меҷангиданд, ҷоннисорӣ мекарданд. Аз ин хотир бори вазнини рўзгор ба сари онҳо афтод. Мўъмин он рўзҳоро ёд карда чунин мегўяд: «Чор нафар бародарам аз майдонҳои корзор мактубҳояшонро ба ман мефиристоданд. Аввалаш, барои он ки дар оила ягона шахси соҳиби хату савод будам. Ва дуюм, онҳо медонистанд, ки агар ҳодисае пеш ояд, кору омолашонро ман давом хоҳам дод. Бародаронам дар бораи рўзгору рўйдодҳои ҷангӣ менавиштанд ва ҳикоёти онҳо дар лавҳи хотирам барои ҳамеша нақш бастааст».
Мусаллам аст, ки ин ҷанги хонумонсўз ба ҳар як хонадони тоҷик бадбахтиҳои зиёд овард. Бародарони Мўъмин ҳам дар набардҳои шадид қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Махсусан, беному нишон гардидани бародараш Абдулло қалби Мўъминро дардманд гардонид. Дар деҳа барояшон «гаҳвораи ноз» оростанд. Баъдтар адиб он рўзҳоро ба ёд оварда мегўяд: «Дар деҳаи мо одате буд, ки агар ҷавонмарде дар диёри дигар Ватанро ҳифз кар-да ҳалок мешуд, барояш «гаҳвораи ноз» меоростанд, ки ба пиндор ҷисмаш даруни он меоромид. Ва ман ҳеҷ фаҳмида наметавонистам, ки чаро калонсолон гирди ин гаҳвораи холӣ мотам мегиранд. Фиғону нолаҳои ҷигарсўзи занон ва ҳама ин маросим муддатҳои дароз муаммои бачагии ман буданд. Зиёда аз ин, одати мазкур чун яке аз ёддоштҳои равшантарин ва фаромўшношуданӣ боқӣ мондааст».
Ҳамин тавр, Мўъмин пас аз ҷанг ба ҳамаи душвориҳои рўзгор нигоҳ накарда ҳам дар саҳро кор карду ҳам хонд ва мактаби 7-солаи деҳро хатм намуда, ба ноҳияи Рашт (он вақт Ғарм маркази вилоят буд) омад ва таҳсили худро дар омўзишгоҳи педагогӣ идома дод. Омўзиши илму фарҳанг ва ада-биёти пешин чашми ин ҷавони меҳнатқарин ва боистеъдодро кушод. Ў аз зумраи шогирдони пешқадам ба ҳисоб рафта, бо шеърҳои тозаэҷодаш дар байни толибилмон баромад мекард ва пайваста аз эҷодиёти адибони пешин ва муосир абёти рангин азёд менамуд. Дар ҳамон давра шеърҳояш саҳфаи рўзномаи вилоятии «Қаротегини советӣ»-ро зеб медоданд.
Мўъмин Қаноат пас аз хатми омўзишгоҳи ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи мил-лии давлатии Тоҷикистон) дохил мегардад ва соли 1956 ин донишгоҳи мўътабарро хатм менамояд. Бешубҳа, махз дар ҳамин айём аз устодони сахтгир ва донишманд нозукиҳои ин пешаи душвор, вале боифтихорро омўхт ва чун уқобон ба парвози олами малакутӣ — дунёи шеър омода гардид, дасташ тавоно, қаламаш бурротар шуд.
Мўъмин дар давраи толибилмӣ нисбат ба шарикдарсони худ дар саҳифаҳои матбуот камтар баромад мекард, вале бештар аз бузургони гузашта ва муосир пораҳо ва ҳатто достонҳои яклухтро ҳифз менамуд. Баъзе шеърҳое, ки дар саҳифаҳои рўзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасиданд, диққати мунаққидонро ба худ ҷалб карда буданд. Чунон ки мегўянд: «Соле ки накўст, аз баҳораш пайдост». Ба шеърҳои Мўъмин хонандагон ва баъзан мунаққидони касбӣ баҳои баланд медоданд. Пас аз хатми донишгоҳ Мўъмин Қаноатро ба мудирии шўъбаи назми яке аз маҷаллаҳои баобрўи адабии ҷумҳурӣ «Садои Шарқ» ба кор даъват намуданд. Ў дар ин ҷо чанд сол кор кард, котиби масъул ҳам шуд ва боз ҳам рушду камол ёфт, қаламаш бурро ва дидгоҳаш амиқтар гардид. Илова бар ин Мўъмин дар наш-риёти «Ирфон» ҳамчун муҳаррири калон таҳрири назмро ба ўхда дошт ва пайваста ба эҷоди асарҳояш машғул буд. Адиб дар ин солҳо дар баробари эҷоди шеър осори бузургони адабиёти ҷумҳуриҳои бародар ва шоирони пешқадами ҷаҳонро тарҷума менамуд. Асарҳои В. Шекспир, А. С. Пушкин, Лермонтов, Адам Мискевич ва дигаронро ба забони тоҷикӣ баргардонида,хонандагони тоҷикро бо каломи сеҳрангези адибони оламшумул шинос кар-да буд. Аввалин маҷмўаи шоир соли 1960 бо номи «Шарора» аз чоп баромад, ки дар назми муосири тоҷик ин як ҳодисаи хурсандибахше буд. Ин маҷмўа хонандагони сершуморе пайдо кард.
Мўъмин Қаноат соли 1968 ҷонишини Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид ва то соли 1976 дар ҳамин вазифа кор кард. Пас аз вафоти устод Мирзо Турсунзода (1977) вазифаи сарварӣ ё котиби аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро то солҳои 90 — ум ба ўҳда дошт. Бояд хотиррасон кард, ки бидуни ин Мўъмин вазифаҳои гуногуни ҷамъиятӣ: Раиси Комитети республикавии муҳофизати сулҳ, аъзои Президиуми Комитети Советии муҳофизати сулҳ, аъзои Комитети давлатии мукофотҳои Ленинӣ ва Давлатӣ оид ба адабиёт, санъат ва меъмориро ба ўхда дошт.
Мўъмин Қаноат адиби ҷаҳондидаю одамдида аст. Ў ба Эрон, Алҷазоир, Лубнон, Тунис, Куба, Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон сафар кардааст. Адиби тоҷик ба ҳар кишваре, ки по мегузошт, аз сулҳу амонӣ, аз дўстию рафоқат ҳарф мезад. Албатта, сафарҳои адиб бе натиҷа намонданд; доираи дониш, одамшиносии ў ғанитар мегардид. Пас аз бозгашт, аз дидаю шунидааш асарҳои хуб меофарид. Махсусан тамошои шаҳрҳои бостонии Шероз, Теҳрон, Исфаҳон ба шоир илҳоми тоза бахшид, як силсила шеърҳо офарид, ки дар онҳо бо як ҳиссиёти баланд дар бораи Фирдавсию Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ шеърҳои пуробуранг эҷод кард:

Маро гуфтӣ: «Биё, Шероз-пойандоз1!.
Ман акнун мекунам парвоз то Шероз.
Ки гарди корвонҳоро наангезам,
Зи фарёди шарархезам.
Кунун бо фоли Ҳофиз мекунам парвоз,
Худо Ҳофиз, аё Шероз!
Худо ҳофиз, аё устоз!

Мўъмин Қаноат соли 1977 барои достонҳои «Сурўши Сталинград» ва «Тоҷикистон исми ман» сазовори Мукофоти Давлатии СССР гардид. Адиб соли 1978 бахшида ба 1000-солагии зодрўзи фарзанди барўманди халқи тоҷик Абўалӣ ибни Сино достони «Гаҳвораи Сино»-ро эҷод намуд ва бо ин асар ба унвони фахрии Лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи устод Рўдакӣ шарафёб гашт. Давлати Шўравӣ хизматҳои хоксоронаи адибро ба назар гирифта, ўро бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва дигар грамотаю медалҳои ҳукуматӣ шарафманд намуд.
Бешубҳа, нақши ў дар назми муосири тоҷик бузург буда, хонандаи тоҷик дар оянда аз Мўъмин Қаноат асарҳои хонданӣ ва замонавиро интизор аст.
1 Шоири машҳури Эрон Нодири Нодирпур ҳангоми ба Тоҷикистон сафар карданаш Мўъмин Қаноатро ба меҳмонӣ даъват намуда буд. Ишорати адиб аз ин хотир аст.