Резисторҳо. Қисми 1

Резистор дар амалия дар ҳар як конструксия вомехӯрад. Вай аз худ найчаи хурди фахфурӣ (ё ин ки меҳваре) – ро ифода менамояд, ки дар гирдогирди он аз берун пардаи тунуки металлӣ бехта шудааст. Резистор дорои муқовимат мебошад ва бо мақсади танзим намудани миқдори муайяни ҷараёни электрикӣ дар занҷири электрикӣ истифода бурда мешавад.

Резисторҳо ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:

  • Резисторҳои доимӣ
  • Резисторҳои тағйирёбанда (переменные резисторы)
  • Резисторҳои ҷӯркунанда (подстроечные резисторы)

Аз резисторҳои доимӣ зиёдтар резсторҳои намуди МЛТ (Металлизированный Лакированный Теплостойкий) – ро истифода мебаранд. Резисторҳои ҷӯркунанда (подстроечные) барои ҷӯрсозии дастгоҳҳои электронӣ истифода бурда мешаванд ва резисторҳои дорои муқовимати тағйирёбанда (потенсиометрҳо) барои танзим намудани параметрҳои гуногуни дастгоҳ ба монанди пасту баланд намудани садо дар дастгоҳҳои мусиқисароӣ ва ғ.  ба кор меоянд.

Резисторҳо аз рӯи ду параметри асосиашон – муқовимат ва иқтидори пароканиш аз ҳамдигар фарқ мекунанд.  Муқовимати резистор бо Ом, кОм, МОм ва иқтидори пароканиши резистор бо ваттҳо чен карда мешаванд. Резисторҳои гуногуниқтидорро аз рӯи андозаҳояшон низ фарқ мекунанд. Ҳар қадаре, ки иқтидори резистор калон бошад, ҳамон қадар андозаи резистор ҳам калон мешавад.

Барои хеле хурд кардани дастгоҳ, SMD – ҷузъиётҳои электронӣ истифода бурда мешаванд, ки резистор ва конденсатор аз он ҷумлаанд. Дар нақшаҳои асосӣ резисторро бо росткунҷа ишора менамоянд. Агар резистор дорои иқтидори аз 2-ватт боло бошад, он гоҳ дар нақша иқтидори резистор аз канори рости ишорат нишон дода мешавад.

 

ВОЖАНОМАИ ИСТИЛОҲОТ

  1. Нақшаи асосӣ – нақшаи принсипиалӣ, принципиальная схема
  2. Фахфур — Фарфор
  3. Иқтидори пароканиш — Мощность рассеивания