Тоҷикистон — Ватани азизи ман

Силсилакӯҳҳои баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои Осиёи Марказианд, дараҳои зебоманзар, водиҳои дорои вазъи иқлимии мӯътадил, ки дар онҳо киштҳои пахта, ангурзорҳо, боғҳои меваҳои шаҳдбор доман паҳн кардаанд, биёбонҳое, ки дар сардиву сармо камтар аз фасли зимистони Сибир нестанд, ҳамагӣ дар ҳудуди Чумҳурии Точикистон воқеъ гардидаанд. Табиати афсункораш ҳар як бинандаро волаву шайдои хеш месозад. Сабк … Читать далееТоҷикистон — Ватани азизи ман

Конденсаторҳо. Қисми 2

Тағйир додани ғунҷоиши худ ҳангоми давр занонидани дастаки конденсатор, ки ба берун кашида шудааст,  ба хусусиятҳои хоси конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯршаванда дохил мешавад. Аввалҳо ин гуна конденсаторҳо дар радиоприёмникҳо васеъ истифода мешуданд.Намунаи конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯршаванда дар расми 3 оварда шудааст. Расми 3. Намунаи конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯршаванда Барои конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯркунанда дар нақшаҳои … Читать далееКонденсаторҳо. Қисми 2

Конденсаторҳо. Қисми 1

Бояд қайд намуд, ки конденсаторҳоро низ ба монанди резисторҳо дар бисёре аз нақшаҳои электрикӣ вохӯрдан мумкин аст. Чун қоида, ду лавҳаи металлӣ, ки дар байни онҳо диэлектрик ҷойгир аст, конденсатор номида мешавад. Ҳаво, фахфур, абрак[18] ва ҳар гуна маводе, ки ҷараёни электрикиро намегузаронад,  метавонад ҳамчун диэлектрик хизмат намояд.Агар резистор ҷараёни электрикии доимиро мегузаронида бошад, пас … Читать далееКонденсаторҳо. Қисми 1

Резисторҳо. Қисми 3

Ба ғайр аз резисторҳои муқаррарии дар боло овардашуда, инчунин резисторҳои ғайрихаттии нимноқилӣ истеҳсол карда мешаванд, ки маҳсули тараққиёти техникаи электронӣ мебошанд.  Хусусиятҳои асоии ин гуна резисторҳо дар доштани қобилияти тағйир додани муқовимати электрикии худ таҳти таъсири омилҳои идоракунанда ба монанди ҳарорат, шиддат, майдони магнитӣ ва ғ. дарҷмегарданд. Вобаста ба омилҳои таъсиркунанда ин резисторҳо мувофиқан терморезистор, … Читать далееРезисторҳо. Қисми 3

Резисторҳо. Қисми 2

Дар муқоиса бо резисторҳои доимӣ, ки дорои ду бандак мебошанд, резисторҳои тағйирёбанда аз се бандак иборатанд. Дар нақшаҳои электрикӣ муқовимати байни бандакҳои канории резистори тағйирёбандаро нишон медиҳанд. Муқовимати байни бандакҳои канорӣ ва бандаки марказии резистор бо давр занонидани меҳвар (дастаки) – и резистор, ки ба берун кашида шудааст тағйир меёбад. Илова бар ин, агар дастаки … Читать далееРезисторҳо. Қисми 2

Навбаҳор

Табиат аз нафаси навбаҳор зинда шавад, Чу доғҳои дилам лолазор зинда шавад. Баҳор барфи саморо ба хок дафн кунад, Ки рудҳои сари кӯҳсор зинда шавад. Хуш аст омаданат, эй баҳори роҳатрез, Ба мақдами ту ҳазор обшор зинда шавад. Биё — биё ба заминҳои хушк, ишқмисол, Тапишхурад чу дилу сабзазор зинда шавад. Ҳузури ту кунад эҳёи … Читать далееНавбаҳор

Аз омаданат

Чун баҳори туву эҳё шавам аз омаданат, Теппаи хокаму зебо шавам аз омаданат. Рафтаи бе ҳаракат, лой шудам чун мурдоб. Ту қадам зан, ки мусаффо шавам аз омаданат. Сахттар аз саратон дарди ҷудоӣ будаст, Зуд о, то, ки мудово шавам аз омаданат. Пош хурдаст хаёлу дилу ақлам ҳар сӯ, Ҷамъ чун об ба якҷо шавам … Читать далееАз омаданат

Ёдам мекунӣ?

Гар шавам аз интизорат хок , ёдам мекунӣ? Гар бимирам бо дили садчок , ёдам мекунӣ? Ёд кун вақти ғуруб аз субҳи ишқоғози ман, Ёри ман он лаҳзаи ғамнок , ёдам мекунӣ. Гар равам аз пеши ту оинасон покам макун, Эй ба покӣ з-оина ҳам пок , ёдам мекунӣ? Зиндагӣ заҳрист қотил бе ту бовар … Читать далееЁдам мекунӣ?

Мундариҷан ғоявии достони «Сурўши Сталинград»

«Сурӯши Сталинград» Мӯъмин Қаноат маҳз бо ҳамин достонаш дар адабиёти ҷаҳонӣ маъруфу машҳур гашт. Дар бораи муҳо- рибаи Сталинград то Мўъмин асарҳои зиёди назмию насрӣ иншо шуда буданд. Аммо достони шоир бозёфти нав аст. Рўҳ, бузургии инсони некўсиришт асоси маънавӣ ва ғоявии асарро ташкил медиҳад. Бесабаб нест, ки худи шоир дар ин бора чунин мегўяд: … Читать далееМундариҷан ғоявии достони «Сурўши Сталинград»

Маълумоти умумӣ дар бора и эҷодиёти шоир

Мўъмин Қаноат шоири сермаҳсул аст. Ҳанўз маҷмўаи аввалини ў соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расида буд. Имрўз бошад, зиёда аз 12 маҷмўаи ашъори Мўъмин нашр шудаанд. Дар байни солҳои 1980-1982 осори мунтахаби ў дар ду ҷилд ба хонандагон дастрас шуд. Дар ҷилди аввал ашъори лирикии адиб ва дар ҷилди дуюм достонҳои шоир гирд … Читать далееМаълумоти умумӣ дар бора и эҷодиёти шоир

Мӯъмин Қаноат — шарҳи ҳоли адиб.

Роcташро бигӯям, дар рӯзгори шоириям ду бор шунаво ва ошкоро гиристам. Яке гоҳи иншои порчаи «Мавҷҳои бародарӣ» бахшида ба бародари азизам Абдулло ва дигар соли 1968 дар Сталинград, вақте ки мисраъҳои зеринро менавиштам: Вале Матвей зери лаб фурў мебурд шеванро, Фурў мебурд оҳанро, Ки аз оҳаш Нагардад ногаҳон пайвандҳо канда, Нагардад аз лаби ояндаҳо лабхандҳо … Читать далееМӯъмин Қаноат — шарҳи ҳоли адиб.

Резисторҳо. Қисми 1

Резистор дар амалия дар ҳар як конструксия вомехӯрад. Вай аз худ найчаи хурди фахфурӣ (ё ин ки меҳваре) – ро ифода менамояд, ки дар гирдогирди он аз берун пардаи тунуки металлӣ бехта шудааст. Резистор дорои муқовимат мебошад ва бо мақсади танзим намудани миқдори муайяни ҷараёни электрикӣ дар занҷири электрикӣ истифода бурда мешавад. Резисторҳо ба намудҳои зерин … Читать далееРезисторҳо. Қисми 1