«The Canberra Times» — Оинаи Австралия.

Австралия материки нимҷазираи ҷанубист, ки ҳамчун қитъаи панҷум шуҳрат дорад. Тибқи мадорики таърихиву географӣ Австралияро сайёҳи маъруфи ҳолландӣ В. Янсзон соли 1606 кашф намудааст. Баъдан бо гузашти айём ва тақозои замон дар асрҳои XVII – XVIII баҳрнавардони ҳолландию англис Абел Тасман, Ҷеймс Кук, Макрос Флинлерс ва дигарон ба тадқиқи баъзе аз паҳлӯҳои он машғул шуданд. Масоҳати Австралия 7687 ҳаз. км2 буда, аҳолиаш зиёда аз 25 млн. нафаррро ташкил медиҳад. Пойтахташ шаҳри Канберра мебошад. Забони давлатиаш англисист.

Дар таърихи якчандасраи Австралия анъаноти неке ҷорист, аммо шабеҳи англисҳо на дар Конститутсияи федеролӣ ва на дар қонунномаи музофотҳо озодии сухан ва матбуот кафолати пурра надорад. Тибқи ақоиди онҳо озодии сухан бо қонунҳои умумӣ беҳтар ҳифз карда мешавад. Дар Австралия оид ба матбуот ҳеҷ як қонуни вижае вуҷуд надорад ва фаъолияти васоити электронии ахбори умумро Қонуни федеролии Австралия “Оид ба Хадамоти пахши ахбор” ба низом медарорад. Бо вуҷуди ин ВАО — и Австралия инкишофи олиро соҳиб аст. Айни ҳол дар дохили мамлакат ҳудуди 520 газетаҳои гуногун рӯйи чоп меоянд. Теъдоди умумии чопи рӯзнома ва маҷаллаҳо зиёда аз 13 млн. нусхаро ташкил медиҳанд. Аммо тадриҷан номгӯи газетаҳои ҳаррӯза коҳиш ёфта истодаанд. Дар соли 1997 газетаҳои ҳаррӯзаи пойтахтро ҳамагӣ 3 ширкати табъу нашр дар мисоли “Ҷералд энд Уикли Таймс Лимтед” (Gerald and Uikly Times Limited), “Нюс Лимитед” (News Limited) ва “Ҷон Фейэрфак Груп ПТАЙ Лимитед” назорат мебурданд.

Бояд гуфт, ки танҳо дар соли 1996 ҳамагӣ 20 газетаи ҳаррӯза бо сабабҳои молиявӣ ва техникӣ баста шудааст. Дар айни замон ба истиснои шаҳрҳои Сидней ва Мелбурн дигар дар ҳама шаҳрҳо яктогӣ газетаҳои ҳаррӯза нашр мешаванду халос. Танҳо ин 2 шаҳр дутогӣ газетаи ҳаррӯза доранд.

Соли 2018 дар ҳудуди Австралия ҳамагӣ 2 рӯзнома чун нашрияи умумимиллӣ маҳсуб меёбанд. Дар тамоми қаламрави мамлакат ду рӯзномаи пойтахт — “Канберра таймс” ва “Уэст Остралиэн” аз назорати ширкатҳои дар боло зикрёфта пурра озоданд, чунки бо маблағгузории ҳукумат интишор меёбанд ва нозирашон низ маҳз ҳукумат маҳсуб мегардад. Қариб 70 фисади тиражи умумии рӯзномаҳои марказии Австралияро ширкати нозирии “Нюз Лимитед” назорат мекунад. Қариб 21 фисади ин рӯзномаҳоро соҳибкор Конрад Блэк (ки соҳиби саҳмияи чандин рӯзномаҳои Лондон, Байтулмуқаддас ва Канада аст) таҳти назорати худ гирифтааст. Дар нашри журналҳо бошад ширкати ”Матбуоти муттаҳидаи Австралия” нақши зиёдтар дорад.

Асоси фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи Австралияро чун дигар мамолики муттарақии ҷаҳон рекламаи тиҷоратӣ ташкил мекунад. Қариб 65 фоизи даромади рӯзномаҳо аз нашри реклама буда, 35 фоизи боқимонда аз фурӯши онҳост.

Марбут ба ёдоварист, ки матбуоти Австралия баъзе вижагиҳои худро дорад. Тибқи таомул рӯзномаҳои Австралия дорои сафҳаҳои зиёданд. Масалан,  газетаи “Сидней морнинг гералд” аз 144 саҳифа ва “Эйч” аз 130 саҳифа иборат аст. Рӯзномаи “The Canberra Times” дорои 152 саҳифа буда бо тиражи 15 000 дар қолаби А2 нашр мегардад.

Нашрияи “The Canberra Times” нашрияи марказии пойтахт — шаҳри Канберра мебошад. Он соли 1926 аз ҷониби журналисти иқтисодчӣ Артур Шекспир таъсис ёфта баъд аз “The Federal Capital Pioneer” дуюмин рӯзнома маҳсуб меёбад. Моликони асосии рӯзномаи  “The Canberra Times” Артур Шекспир ва писаронаш Христофор ва Ҷеймс буданд. Соли 1960 Артур онро ба гурӯҳи “FireFox” фурӯхт, аммо ба шарте, ки рӯзнома сирф манфиатҳои пойтахтро ҳимоя намояду вазъи дохилии онро инъикос кунад. Соли 1973 аз ин гурӯҳ рӯзномаро ширкати табъунашрии “Publishing and Breadcasting Limited” харид. Нархи он ба муассис ва соҳиби он соҳибкори маъруфи австролиёӣ Керри Стокс ба андозаи 110 миллион доллари амрикоӣ афтод. Стокс ғайр аз ширкати табъунашрӣ бояз якчанд ширкатҳои истеҳсолӣ низ дошт ва яке аз тоҷирони муваффақ ба ҳисоб мерафт. Дӯстонаш ба Стокс тавсия медиҳанд, ки маҳз ӯ рӯзномаро харидорӣ намояд ва тавассути он дигар маводҳои истеҳсолии хешро тарғиб созад, чунки рӯзнома яке аз серхонандатарин нашрияҳо миёни матбуоти на танҳо пойтахт, ҳатто берун аз он низ маҳсуб меёфт. Ин пешниҳод ба Стокс писанд меафтад ва ӯ рӯзномаро харидорӣ мекунад. Мутаассифона, он умедҳоеро, ки ҷаноби Стокс қабл аз харидани рӯзнома дошт, барабас рафтанд. Стокс тӯли роҳбарӣ натанҳо манфиат надид, ҳатто ба ширкаташ зиён низ овард, бинобар ин рӯзномаро соли 1998 ба ширкати “Rural Press Limited” ба андозаи 160 миллион доллар бо тариқи музояда ба фурӯш гузошт. Ширкати “Rural Press Limited” бо буридани тендери музояда молики нави рӯзнома эълон гардид. 8-уми майи соли 2007 ширкати “Rural Press Limited” ва гурӯҳи табъунашрии “FireFox” муттаҳид шуда, ширкати наверо бо номи “FireFox Media Limited” таъсис доданд.

     31-уми майи соли 1997 ширкати “Publishing and Breadcasting Limited” тибқи супориши Стокс барои ба оламиён муаррифӣ намудани молу колои худ нахустин акси рӯзномаро дар саҳифаи интернет нашр намуд. Сипас, рӯзнома дар шабакаи умумиҷаҳонии интернет соҳиби саҳифаи расмии худ бо номи www.canberratimes.com.au гардид, ки минбаъд ҳар як шумораи он мустақиман дар саҳифа ҷой дода мешуд.

Собиқ сардабири рӯзнома журналисти иқтисодчӣ Питер Фрей январи соли 2009 бо хоҳиши худ тарки кор намуд ва ба ҳайси ҷонишини сардабир ба рӯзномаи “The Sydney Morning Gerald” ба кор гузашт. Бояд гуфт, ки шурӯъ аз соли 1993 то соли 1995 роҳбарии онро хонум Мишел Гратан бар ӯҳда дошт. Хонум Мишел дар таърихи матбуоти ҷаҳон нахустин бонуест, ки бонуфузтарин рӯзномаи пойтахтро роҳбарӣ намудааст. Айни ҳол сармуҳаррири рӯзнома яке аз журналистони муваффақи австролиёӣ Ҷекк Уотерферд аст.

Саҳми рӯзнома дар пешниҳоди иттилоои фаврӣ ва муҳиму саривақтӣ бениҳоят калон аст. Дар саҳифаҳои он ахбори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ интишор мегарданд. Рӯзнома асосан аз 2 жанр хабар ва мусоҳиба иборат аст. Хабарҳои рӯзнома кӯтоҳ, муҳим ва фаврӣ буда инъикосгари вазъи дохилии кишвар ва ҷаҳон аст.

Бояд қайд кард, ки рӯзнома дорои сомонаи расмии худ дар шабакаи умумиҷаҳонии торнамост дар суроғаи www.canberratimes.com.au ва қариб ҳама хабарҳои дар рӯзнома чопшуда дар саҳифаи интернетӣ низ ҷой дода мешавад. Ҳамчунин, саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоии “facebook”, “Telegram” ва “Тwitter” саҳифа дорад, ки дар он пайнавишт (ссылка)-и хабарҳо гузошта мешавад. Дар хабарҳо аксҳои мувофиқ ба муҳтаво, сабти овозӣ ё худ мусоҳиба, навор, инфографика, диаграмма ва дигар нишондиҳандаҳо вобаста ба мавқеъ гузошта мешавад. Муаллифони хабарҳо аслан кормандони худи нашрия мебошанд. Инчунин, баъзан хабарҳои марбут ба мақомоту идораҳои ҳукумативу ғайриҳукуматӣ аз сомонаҳои расмии онҳо бознашр мегарданд.

Бояд гуфт, ки сомонаи рӯзнома аз якчанд бахш, чун сиёсат, иқтисод, маориф, варзиш, Канберра, Австралия, минтақа ва ҷаҳон иборат аст. Ҳар як хабари гузошташуда мувофиқ ба бахш ва самт таҳти рубрикаҳои вижа интишор мегардад. Масалан, агар хабари нашршаванда ба вазъи пойтахт нигаронида шуда бошад, он дар зери рубрикаи “Канберра” нашр мешавад, ахбори иқтисодӣ – “Иқтисод”, сиёсӣ – “Сиёсат” ва монанд ба ҳамин.  Ҳамчунин дар нашрия рубрикаҳои “Австралия” ва “Австралияи Ҷанубӣ” мавҷуд аст, ки ҳар яке аз онҳо таҷассумгари ахбори вижа мебошанд. Гӯша ё худ рубрикаи “Канберра” аз фаъолияти якрӯзаи пойтахт маълумот медиҳад. Дар дохили рубрикаи “Канберра” зеррубрикаҳо, чун “сиёсат”, “маориф”, “тандурустӣ”, “фарҳанг”, “иқтисод”, “варзиш”, равобити хориҷӣ”, “сайёҳӣ” ва ғайраҳо мавҷуд аст. Ҳар як хабаре, ки дар доираи рубрикаи “Канберра” нашр мешавад, ҳатман вобста ба моҳият ва мӯҳтавои мавзӯъ яке аз ин зеррубрикаҳоро фаро мегирад.

Мавриди зикр аст, ки рӯзномаи “The Canberra Times” дар ҳар бахш шӯъбаи мухбирони худро дорад. Ҳамчунин, таҳлилгарон ва шореҳони бахшҳои умда низ ҳастанд. Давоми фаъолияти худ рӯзнома соҳиби як қатор дастоварду ҷоизаҳо шудааст. Тибқи иттилои дар дастдошта рӯзнома соли 2016 ҷоми озмуни “Серхонандатарин рӯзномаи сол” дар Австралияро гирифт.

“The Canberra Times” аз дигар рӯзномаҳо фарқ дорад. Нахуст, ин ки тарҳи он муосир аст ва ороиши ҳам саҳифа ва ҳам сомона мувофиқ ба шароити муосир тарҳрезӣ гардидааст. Вале яке аз камбудиҳои асосии сомонаи нашрия дар он аст, ки бойгонӣ надорад ва хабарҳо дурудароз нигоҳдорӣ намешаванд. Ҳамчунин баъзе аз аксҳо ба мавзӯъ мувофиқ нестанд. Дар байни хабар рекламаҳои тамоман гуногун гузошта шудааст ва хонанада гумон мекунад, ки ҳамин ҷо поёни хабар аст, вале баъд аз 5 ё 6 сатр идомаи хабар ҷойгир шудааст. Ҳаҷми реклмаҳо ниҳоят зиёданд ва баъзан онҳоро аз хабар фарқ кардан душвор мешавад.

         Дар саҳифаҳои рӯзномаи асосан хабари васеъ ва хроника дида мешавад. Ахбори рӯзнома ба якчанд бахшҳо тақсим мешавад: сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маориф ва варзиш. Дар рафти таҳқиқ аслан ман ба хабарҳои рӯзнома бештар рӯ овардаам ва моҳиятан чанде аз онҳоро низ таҳлил карда баромадам.

         Дар хабаре, ки рӯзи 8-уми ноябри соли 2018 дар сомонаи расмии рӯзнома бо номи “Хизматрасонии ёрии таъҷилӣ минбаъд талаботи ҳадди ақали ниёзмандонро мебарорад” чоп шуд, аслан дар бобати сари вақт ба аҳолии эҳтиёҷманд нарсонидани ёрии аввали тиббӣ ва дар вақташ ҳозир нашудани нақлиётҳои он сухан мегӯяд. Хабарнигори иқтисодии рӯзнома Финбар О′ Мейлон бо нашри ин хабар аз иқтисодиёти кишвар ҳарф мезанад ва қайд мекунад: “Шумораи мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар кишвар бениҳоят бениҳоят каманд ва шумораи беморон бошад аз ҳад зиёд зиёд”[1]. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ баъзан беморон аз масофаҳои хеле дур тамос гирифта мошини ёрии таъҷилӣ даъват мекунанд, аммо бинобар сабаби дурии роҳ ва аксаран мавҷуд будани беморони наздиктар табибон сари вақт барои кӯмак ба маризони роҳи дур расида наметавонанд. Хушбахтона, ҳукумати Австралия ба ин дарди беморон даво ёфт ва дар якчанд нуқтаҳои кишвар намояндагиву филиалҳои “Беморхонаи ёрии таъҷилӣ”-ро кушод. Инчунин, барояшон якчанд адад мошинҳои наву замонавӣ низ ҳадя кард (шумораи дақиқи мошинҳо дар ягон ҷо оварда нашудааст).

Чунон ки аз моҳияти хабар бармеояд дар Австралия низ вазъи иқтисодӣ на он қадар хуб аст. Ҳамчунин, манбаъ менависад, ки шумораи бемориҳо хело зиёд асту бинобар ин теъдоди беморон рӯз то рӯз меафзояд. Ин ҳолат дар воқеъ ҳам боиси нигаронӣ буд ва инро дарк карда ҳукумати Австралия сари вақт тадбирҷӯӣ намуд. Дар робита ба вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинони пойтахт рӯзнома менависад.

  • Дар соли 2019 дар Канберра арзиши манзили зист поён меравад (25.11.2018).
  • Шурӯъ аз соли нав дар пойтахт андоз аз моликияти хусусӣ меафзояд (29.11.2018).
  • Ширкатҳои хусусии Канберра ба бозори ҷаҳонӣ мераванд (12.09.2018).

Бояд қайд кард, ки сомонаи рӯзнома ба бахшҳои алоҳида тақсим мешавад. Онҳо маҷмӯан 15 бахшанд, чун сиёсат, иқтисод, фарҳанг, маориф, Австралия, Австралияи Ҷанубӣ, варзиш, ҷаҳон ва ғайраҳо.

Варзиш яке аз серхонандатарин бахшҳои рӯзнома аст. Чунки аслан ахбори варзишии рӯзнома дар интернет ҳам хонанадаи зиёд дораду (ҳатто то 5 000) ҳам “писанд — нравится”. Шарҳҳо низ хеле зиёд дида мешаванд. Дар ахбори варзишӣ бештар ба футбол ва боскетбол таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад. Масалан, дар хабаре, ки зери рубрикаи варзиш санаи 29 – уми ноябри таҳти сарлавҳаи “Canberra Capitals guard” ғолиби WNBL — ро менависад” чоп шуд аз як ғолибияти дастаи баскетболбозони шаҳри Каберра дар озмуни умумиавстралиягии “WNBL” мужда медиҳад. Дар хабар гуфта мешавад, ки тими боскетболбозони Канберра боскетболбозони тими Маралл 1 – ро бо ҳисоби бузург 15-9 мағлуб намуда, ғолиби мусобиқа ва соҳиби шоҳҷоиза шуд. Дар такя ба сухангӯи даста Кримм Даттон муаллиф менависад, ки бо омдани Элчайзер Лоудер даста хеле пурқувват гашт ва акнун метавонад дар бозиҳои минтақавӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ ширкат намояд. Қобили қайд аст агар бигӯем, ки Элчайзери 19 — сола дар оғози мавсими тирамоҳӣ бо дастаи Канберра пайваст. Ӯ пештар дар ҳайати Луин бозӣ мекард. Ин варзишгари ҷавон дар фаъолияти 3-солаи худ дар ҳайати тими Луин 2 маротиба соҳиби унвони беҳтарин нишонзан гардид. Луин низ яке аз дастаҳои пурқуввати Австралия дар намуди волейбол аст, ки якчанд маротиба соҳиби шоҳҷоиза гаштааст. Ҳамин буд, ки ӯ таваҷҷӯҳи роҳбарияти тими Камберра Пол Горрисро ба худ ҷалб намуд ва акнун ӯ яке аз бозингарони он аст. Қарордоди онҳо барои 5 сол баста шудааст. Аммо аз маоши бозингар чизе гуфта намешавад. Ҳамчунин аз нархи харида шуданаш низ.

Хабари дигар бо сарлавҳаи “Карли Вилсон дар мавсими нав вориди дастаи футболи Канберра шуд” рӯзи 18 – уми сентябри соли 2018 дар сомона чоп шуд. Хабари мазкур асосан ба яе аз риштаҳои варзиш – футбол тааллуқ дорад. Қабл аз оне, ки моҳияти хабарро таҳлил намоем нахуст ба сарлавҳа рӯшанӣ меандозем. Карлӣ Вилсон – сарояндаи машҳури австролиёӣ ва бозии футбол. Аммо ӯро бо футбол чӣ пайвандӣ бошад? Аслан муаммо низ дар ҳамин аст. Сароянда ва футбол. Вилсон солиёни зиёд аст, ки дар дастаи футболи Камберра ҳамчун сарояндаи он фаъолият дорад ва дар васфи ин даста сурудҳои зиёде низ хондааст. Ҳатто суруди расмии даста низ моли ӯст, аммо шурӯъ аз мавсими нави соли ҷорӣ Вилсон ба майдон омад, вале на ба ҳайси сароянда. Ӯ ҳамчун футболист дар ҳайати ин тим бозӣ мекунад. Дастаи Канберра бо ширкати ӯ бозии дидориро бо тими Сидней анҷом доду мутаассифона бо ҳисоби 4:3 шикаст хӯрд.

Хабари дигар, ки бо сарлавҳаи “Скотт ба мақоми сарвазирӣ рафтанист” рӯзи 4 – уми сентябри соли 2018 таҳти рубрикаи “Австралия” интишор ёфт, бевосита ба сиёсат рабт дорад. Скотт Моррисон – роҳбари ҳизби либералии Австралия бояд соҳиби маснади сарвазирӣ шавад. Ӯ дар робита ба ин ваъда додаст, ки «ҳама чизро дар қудратам барои пешгирӣ кардани овоздиҳӣ дар парлумон ҷиҳати ҷалби кӯдакону наврасон ба меҳнат ва ҷилавгирӣ аз вуруд ва табобати тиббӣ барои гурезаҳои Исландия ва Ноуро сарф хоҳанм кард”.

Ҷаноби Моррисон қайд намуд, ки ӯ ба раванди қонунгузорие, ки барои ҳалли мушкилоти пешазинтихоботӣ монеа шуда истодааст, омодагӣ мебинад,

Моррисон дар мусоҳиба бо намояндагони ВАО қайд кард, ки «Ман ҳар кореро, ки метавонам анҷом диҳам, иҷро мекунам. Ман ҳукуматдоронро бо истифода аз ҳар гуна воситае, ки дорам дастгирӣ мекунам, то ки мо қонунҳои ҳифзи сарҳадро вайрон накунем».               Ҳукумати Австралия барои субҳи рӯзи панҷшанбе даъват ба таблиғоти фаврӣ дод, аммо Стринглинг Грифф аз идораи марказии ҳизби ҳукмрон тасдиқ кард, ки ҳизбҳои хурд мавқеи худро тағйир намедиҳанд ва барои табобати бемориҳои гузаранда ба муҳоҷирон кӯмак мерасонанд.               Моррисон ҳамчунин изҳор намуд, ки «дар якҷоягӣ бо қонунгузории зидди шаффофияти ҳукуматӣ» ҳизбҳо байни худ бозӣ карда истодаанд ва мақомоти полис аз ин истифода бурда баъзан маълумотҳои рамзии ҷинояткоронро ба онҳо додааст”.               Роҳбари Иттиҳоди мухолифини Австралия Билл Кенен дар ҳошияи ин суханони Скотт Морисон гуфт: «Ман ҳамеша дар робита бо аҳволи ҳизбҳо фикри худро баён карда будам, ки мо бояд Австралияро нигоҳ дорем вақте ки ҳамаамон дар ин ҷо ҳастем”.

Санаи 9 – уми декабри соли 2018  хабарнигор Стив Эванс хабари матнӣ ва навориеро бо номи “Калонтарин мори Брун дар наздикии Маркази савдои “Canberra” дида шуд”, зери рубрикаи “Канберра” пахш намуд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки мори Брун нимаи дуюми рӯз дар наздикии маркази савдои “Canberra” пайдо шудааст. Бино ба нақли шоҳидон роҳгузарон кӯшиш кардаанд, ки онро кушанд, вале намояндагони Боғи миллии Австралия ба ин монеа шуданд. Он ҳоло дар макони нисбатан амн дар як гӯшаи боғ нигоҳ дошта мешавад.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки ин бори нахуст аст як мори марговар дар шаҳр дида шудааст. Дидани морҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин имкон дорад на дар шаҳр. “Canberra” яке аз бузургтарин марказҳои савдои шаҳри Канберра аст, ки миёни харидорони бо арзонии нарх ва баландии сифати моли худ ниҳоят маъруф аст.               Савдогар Айкер Карлсон мегӯяд, ки мори дар ҳақиқат калон дар дар ҳолати хобида беш аз якуним метр ҷойро банд мекард.                Мор аз ҷониби фурӯшандагони мағоза дар кӯчаи Бундан берун аз Маркази савдои “Canberra” мушоҳида шудаст. Онҳо дар аввал гумон кардаанд, ки мор мурда аст ва пас аз оне, ки яке аз харидорон оромона ба наздаш омада ҷунбиданашро мушоҳида кард, ҳама ҳайрон шуданд.               Харидор, ки худашро Тайлер муаррифӣ намуд, ба хабарнигорон гуфт: «Мо қабл аз ин дар шаҳр ягон хел мор намедидем. Онҳоро метавон дар маҳаллаҳои баландкӯҳ вохӯрд. Ин маротибаи аввал аст, бинобар ин мо фавран кормандони Боғи миллиро даъват кардем то барояш макони муайяне созанду ӯро барои тамошои мардум ба он ҷо баранд,» — мегӯяд Тайлер. «Мо бояд эҳтиёт намоем, чунки морҳо аслан барои ғизо, об ва паноҳгоҳ ба ҳамворӣ меоянд,» – мегӯяд масъули Боғи миллии Австралия Рафаэл Карлсон.

Ҳаминро метавон қайд кард, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи “The Canberra Times” ва сомонаи расмии он дар Интернет ахбори зиёде мавҷуданд. Ҳар рӯз рӯзнома дар ҳаҷми то 2 000 000 калима хабари тозаро пешниҳоди хонандаи худ менамояд. Рӯзнома дар инъикоси вазъи дохилии кишвар пешқадамтарин маҳсуб ёфта, миёни дигар навъи ВАО чун як манбаи боэътимоди хабарҳои нав оид ба Австралия маъруфият дорад.