Об: Аз хусусият то захира

Об калонтарин захира дар рӯи Замин аст. Агар масоҳати тамоми кураи Замин 510 млн км2 бошад, аз он 361 млн км2 ё худ 70%-и қисми болоии заминро об дар бар мегирад. Об барои сайёраи Замин шакли такрорнашавандаро медиҳад ва бо ҳамин он аз дигар сайёраҳои системаи офтобӣ фарқ мекунад.  Пайдоиши ин муъҷизаи беҳамторо дар кураи Замин ҳар гуна тавсия мекунанд: ба ақидаи баъзе мутахассисон об дар натиҷаи таъсири нури Офтоб тавассути гузариши реаксияи химиявӣ ва ба ҳам пайвасташавии гидрогену оксиген пайдо шудааст ва ба ҳамин тарз ақидаҳо хело гуногуну диққатҷалбкунандаанд.  Ақидаи дигаре, ки аз тарафи бисёр олимони дунё дастгирӣ ёфтаасту ба мақсад наздик шуморида мешавад, пайдоиши обро аз пайдоиши худи сайёра вобастагӣ медонад. Яъне он аз қабати мантия дар зери гармии дохили Замин ҷудо шуда ба сатҳ баромадаасту аввалин уқёнусу баҳрҳоро ба вуҷуд овардааст. Пайдоиши об дар рӯйи Замин манбаи асосии пайдоиши ҳаёт маҳсуб меёбад.

Дар фалсафаи Юнони Қадим фаҳмишҳои хело амиқ доир ба об ва вобастагии он барои табиат ва ҳаёти одам вуҷуд дошт. Ҳамин хел олими бузурги Юнони Қадим, файласуф ва математик Фалес Милетский, ки дар асрҳои VI–VII пеш аз милод зиндагӣ мекард, чунин ақида дошт: “Об – ҳуқуқи асосӣ дар Замин дорад”.  Илми муосир, аз ҷумла, экология инро пурра исбот кард. Об – қисми асосии таркиби организми зинда ба шумор рафта, он дар ҳаёти организм нақши аввалиндараҷаро мебозад, аз ҷумлаи одам. Чихеле ки олимон қайд мекунанд, ҳаёт аввалин маротиба дар об пайдо шуда, баъдан ба хушкӣ паҳн шудааст ва ҳамин гуна ҳаёт бе об вуҷуд дошта наметавонад.

Об 70 дарсади баъдани одамро ташкил дода, дарбаргирандаи тамоми нӯшокӣ ва кислород, ҳифзкунандаи органҳои муҳим, нигоҳдорандаи ҳарорати бадан, ёрирасони табдилёбии ғизо ба энергияву  талаботи асосии организм ба ҳисоб рафта, тамоми чизҳои нодаркорро аз бадан берун намуда, функсияҳои муҳими  ҳаётиро дар кор мемонад. Набояд фаромӯш кард, ки об сарвати  бебаҳои ҳар як организми зинда буда, қисм – қисм ҷудо шудаасту ҳангоми пайвастшавӣ боз ба уқёнус, баҳр, дарёҳҳо ва чашмаҳо табдил меёбад. Таҳсин ба об, ки дар табиат тухм ба растанӣ, хушкӣ ба дарё, кӯл ва уқёнус, ҳаво ба хушкӣ, ғизонокии организами зинда ё умуман фаъолияти ҳаёт ба вуҷуд омадааст.

Ба дастрасӣ ва истифодаи васеъи об ҳоло ҳам олимон тадқиқоту кашфиётҳои ҷиддӣ мебаранд, вале бисёр паҳлуҳое ҳастанд, ки барои он инсоният даст наёфтааст. Ҳамин тавр қайд кардан мумкин аст, ки байни чанде аз сарватҳои нодири табиат об сарвати бебаҳотарин аст. Он дар таркиби худ сарватҳоти табиӣ ва химиявиро доро буда, бо ҳамин хусусияташ муҳофизаткунанда ва ҳаётбахш дар рӯи Замин номида мешавад. Дар муқоиса об хосиятҳои моеъи ғаркунанда дорад, вале олимон исбот карданд, об дорои сохтори мураккаб буда, молекулаҳои он хосияти ҷудонашавандагӣ доранд ва ҳамин тавр гуфтан мумкин аст, ки моеъеи об полимерист. Муносибатҳои байни молекулаҳои об бисёре аз хусусиятҳои ғайриоддии онро мефаҳмонад. Мисол: барои оби гарми ҷӯшомада зарур аст, ки энергияи бисёрро сарф намуд, то ин ки занҷирҳои полимерӣ шикаста шаванд. Дар табиат об дар ҳарорати ғайримуқаррарӣ оби ҷӯшон ва ё худ дар ҳарорати яхкунӣ қобилияти дар се ҳолати муқаррарӣ буданро дорост: моеъ, сахт ва буғ. Ба ғайр аз об дар сайёра ҷавҳаре нест, ки дар ин се ҳолати муқаррарӣ вуҷуд дошта бошад. Ин боиси он мегардад, ки об мутаносиби ниҳоии Замин ва ҳаёт дар сайёра аст, ки аз рӯи сайёра ҷудонашаванда буда, ҳамаи ҷузҳои он бо воҳиди ягона ва ба воситаи об омехта мешаванд. Лаҳзае тасаввур кунед: агар об намебуд Замин як нуқтаи ҷӯшони муқаррарӣ дошт, ки он ба 70 дараҷа мерасад ва дар ин ҳарорати баланд организми зинда қобилияти зиндагӣ қарданро намедошт.

Олимон солии 1960 дар Германия ҳангоми гузаронидани таҷрибаи лабораторӣ ба хулосае омаданд, ки дар таркиби об супермоллекулае мавҷуд аст, ки кластер ном дошта, қобилияти ба худ аз берун ҷамъ кардани иттилоотро дорад. Дар ҳамин самт дар Руссия олимони соҳаи биология Станислав Зенин, Павел Госков, Людмила Балотова ақида пешниҳод намудаанд. Олими ҷопонӣ Эмото Масаро дар зери микроскоп мушоҳида намуда, исбот намуд, ки  ин супермолекула аз табиат равшанӣ, фикрронӣ, мусиқӣ, дуо ва сухани оддиро мефаҳмад.  Яъне об дорои биокомпютер буда, барномаашро ба таври худкор (автоматӣ) ба ҳаракат медарорад.

Ба ақидаи уламои аҳли дин ва тандурустӣ об қобилияти табобаткунӣ дорад. Ин ақида дар байни мардум ҳам маъмулу машҳур аст, ки обро бо кадом мақсаде, ки истеъмол намоӣ ҳатман амалӣ мегардад.  Дар вақти истеъмоли об  доимо андешаи хуб кардан лозим аст. Ба ҳамин минвол олимон дар бораи об рӯз то рӯз чизҳои нав ба навро кашф намуда, барои мардум пешниҳод менамоянд, то мардум аз ин сарвати бебаҳои  табиат  бенасиб намонда онро ба таври бояду шояд истифода намоянд. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд: дар кадом ҳолат об метавонад аз нигоҳи мавҷуда ҳарорати Заминро нигоҳ дорад?

Барои ҳаёт дар рӯи Замин хеле муҳим аст, ки об бисёр амалҳоро иҷро намояд, аз ҷумлаи иқтидори гармии баландро ба танзим дарорад. Иқтидори гармӣ ин андозаи гарминигоҳдории об буда, ҳаҷми он 1 дараҷаро ташкил медиҳад, ки ин ҳарорати миёнаи устувор дар сайёра мебошад. Дар робита ба фаслҳои сол терминали хеле баланди уқёнусҳо тағийр ёфта, ба хушкӣ таъсири хуб мерасонад.  Мисол: дар тобистон заминро аз гармшавии бисёр эмин нигоҳ дошта, дар зимистон гармии захирашударо бозпас медиҳад.

Ҳаҷми умумии гидросфера дар  тамоми ҷаҳон 1,4 млрд. км3–ро ташкил медиҳад, ки 95% — и он ба уқёнусҳо ва 3,5% ба обҳои сатҳи хушкӣ рост меоянд. Аз ин миқдор 2.5 %-ро обҳои ширин ташкил дода, захираи умумии он 35 млн. км3 – ро дар бар мегирад. Манбаи асосии таъмини эҳтиёҷи аҳолӣ оби дарёҳҳо буда, ҳаҷми солонаи ҷоришавии онҳо ба 4700 км3 баробар аст. 47,3% дарёҳо ба Америкаи Ҷанубӣ, 26,7% ба Осиё, 12% ба Америкаи Шимолӣ, 9,2% ба Африка, 3,7% ба Аврупо ва 1,1% ба ҳиссаи Австралия рост меояд.  Дар ҷаҳон зиёда аз 4000 обанбор мавҷуд буда, ҳаҷми оби онҳо ба 6,5 ҳазор км3 баробар аст, ки майдони умумии онҳо 400 000 км3 мебошад.

Инсоният қисми асосии обро барои кишоварзӣ ва саноату хоҷагии коммуналӣ истифода мебарад.  Ҳоло ҳар шаҳрванди мамлакатҳои мутараққӣ ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 300 то 400 литр об сарф мекунад, ки дар баъзе давлатҳо ин нишондиҳанда то 1045 литр мерасад.  Тибқи ақидаи олимон барои тандурустии инсон дар як шабонарӯз 2 литр об кифоя мебошад. Ғайр аз миқдор, сифати об низ набояд аз нуқтаи назар дур бимонад, чунки аз 3/4 ҳиссаи бемориҳои гуногун ва 1/3 ҳиссаи ҳодисаҳои фавт вобаста ба манбаи оби ифлос аст. Ҳар сол зиёда аз 5 миллион нафар бо сабаби истеъмоли оби ифлос ба касалиҳои гуногун дучор шуда аз дунё мегузаранд.

Имрӯз норасоии оби тоза ҷомеъаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст ва ин яке аз мушкилиҳои асосии инсоният ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар қитаъаҳои Осиё зиёда аз 1млрд., Африқо 350 млн. ва Амрикои Лотинӣ зиёда аз 100 млн. нафар аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Аз рӯи ҳисобот дар ҷаҳони муосир зиёда аз 1,5 миллиард нафар аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

Дар замони муосир об ҳамчун маҳсулоти содиротӣ ва воридотӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, Нидерландия аз Норвегия, Сингапур аз Малайзия обро харидорӣ мекунанд. Инчунин, аз Антарктида ба Африка, аз Гренландия ба Африқо айсбергҳо оварда мешаванд.  Ғайр аз ин дар давлатҳои халиҷи Форс, соҳили баҳри Кариб, қисми ҷанубии ИМА, Ҷопон, Туркманистон ва ғайра оби баҳру уқёнусҳоро аз нав коркард намуда, истеъмол мекунанд. Дар ҷаҳон аз ҷиҳати коркарди оби баҳру уқёнусҳо Кувайт пешсаф аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи калони обӣ дошта, дар ҳудуди он 947 дарёе, ки аз 10 км дарозии зиёд доранд, 1300 кӯл ва 9139 пирях ба ҳисоб гирифта шудааст.  Захираи оби Тоҷикистон ба 98,6 км3 баробар буда, аз ҷиҳати захираи об дар миқёси ИДМ ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Дар кишвари мо асосан оби барфу пиряхӣ бештар ба назар мерасад, ки аз ҷиҳати биологӣ ин намуди об фаъол буда, растаниҳои бо ин об обёришаванда тезтар сабзида, чӯҷаҳое, ки бо ин об парвариш мешаванд, зудтар ба воя мерасанд. Манбаи асосии обҳои Тоҷикистон ин пиряхҳои баландқӯҳии он мебошанд, ки масоҳати 8476,2км2 ё 6%-и тамоми қаламрави мамлакатро ташкил менамояд. Оби нӯшокӣ дар асри ҷадид ба мушкилоти умумиҷаҳонии инсоният табдил ёфтааст, ки яке аз сабабҳои асосии он рушди босуръати технологияи муосир  ва истифодаи нооқилонаи он аз тарафи фард мебошад.  Дар асри ХХ ҳаҷми партовҳои гази карбон (СО2) ба атмосфера 6 млрд. тоннаро ташкил менамуд, ҳоло бошад он ба 27 млрд. тонна расидааст. Зиёдшавии гази карбон боиси ҳодисаи «эффекти парникӣ» ва тағийрёбии иқлиму якбора баланд рафтани ҳарорати ҳаво дар сайёра гардид. Дар вақти баланд шудани ҳарорати сайёра пиряхҳои чандинасраи арктикаю антарктида ва системаи баландакӯҳҳои материкӣ ба суръати баланд об шуда мераванд; дарёҳо то резишгоҳ нарасида бухор мешаванд; сатҳи оби баҳрҳо паст шуда, соҳили намакҳои такшиншудаи зери баҳр намудор мешавад; дар вақти ҳараткати ҳаво намак бо сиклонҳо якҷоя шуда, ба болои пиряхо мешинад, ки боиси ба суръати тез обшавии он мегардад.

Мантиқан хело дуруст аст, ки роҳбарони кишварҳои ҷаҳон  ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мавзӯи об таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Зеро масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, тавонист аввалин маротиба дар масъалаи оби ошомиданӣ ба аҳолии сайёри Замин хабар диҳад.  Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи Генералии СММ соли 2003 –юмро «Соли байналмиллалии оби тоза» эълон намуда, моҳи сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми байналмилалии оби тоза баргузор гардид, ки дар он ходимони давлатӣ, олимон ва дигар намояндагону ташкилотҳои гуногун аз 54 мамлакати муштаракулманофеъ иштирок намуданд.  Кишвари мо, ҳарчанд ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор доштаву соҳиби беш аз 60 фоизи захираи обҳои Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаҳои ҷаҳонии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад. Зеро бо вуҷуди доштани сарчашамаҳои бузурги оби тоза, бо ин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастем. Тайи солҳои охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи муҳимми захираҳои оби минтақа мебошанд, аз андозаи сеяк  кам шудааст ва аз 13 ҳазор пирях қариб  як ҳазораш тамоман завол ёфтааст. Офатҳои табиии марбут ба об афзоиш ёфта истодаанд, ки тайи 5–6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст. Бо пешниҳоди башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли соҳистиқлолии кишвар, ки диққати ҷомеъаи ҷаҳониро бори дигар ба масоили об равона намуд, ду даҳсола 2005 – 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва 2018 – 2028 таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, ҷонибдорӣ пайдо намуд, ки ин мақому манзалати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар бардошт.

Рӯзи 28 – уми ноябри соли 2016 дар пойтахти Маҷористон шаҳри Бундупешт Саммити об ба кори худ шурӯъ кард, ки дар ин чорабинӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Санаи 23 декабри соли 2016 дар Ассамблеяи Генералии СММ ҷаласаи 71- ум баргузор гардид, ки дар он Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018–2028 қабул гардид. 19 сентябри соли 2017 ҳангоми суханронӣ дар чорабинии баланд зери унвони «Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд:  «Ба назари мо, ҳамкории самараноки фаромарзӣ метавонад ба мудирият ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об мусоидат намуда, боиси коҳиши хатари хароҷоти беасос ва таъмини тавозун байни шаклу навъҳои гуногуни истифодаи захираҳои об шавад». Ҳангоми сафар ба Тоҷикистон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз кӯли Сарез дидан намуда, обҳои Тоҷикистонро неъмати бебаҳои Худованд хонд: «Зимни сафарҳои худ ман қиёс меорам. Масалан, зодгоҳи ман Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағҳои ҳангуфт, миллионҳо мабалғ сарф намуд, аммо Худованд ба кишвари дилписанди Шумо сарбандҳои табиӣ ато кардааст, ин шаҳодати ҳикматест, ки Шумо мардуми назаркарда мебошем». Инчунин Антонио Гутерриш дар бораи нақши Пешвои миллат дар масъалаи об чунин иброз намуд: «Худ далели он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» — ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хоса зоҳир менамояд».

Моро мебояд дар хотир дошта бошем, ки муносибати оқилона бо об барои рушду нумуъ ва ободии Тоҷикистони азизамон ва инчунин дастрасии пурраи кишварҳои ҳамсоя ба оби тоза онро сарфа намоем. Баҳрии ободӣ ва шукуфоии ватанамон, баҳри дастгирии ҷомеаи ниёзманди ҷаҳонӣ аз пешниҳоди Пешвои миллати худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа бояд пуштибонӣ намоем. Оқилона истифода бурдани захираҳои оби ошомиданӣ ин ояндаи дурахшони насли инсон аст.