Машғулиятҳои мустақилона

Ҳангоми ба машғулиятхои мустақилонаи ҷисмонӣ шуруъ намудан вазъи саломатии худро ҳатман ба назар гиред ва дар ҳолати худро бад ҳис кардан бо духтур, омузгори тарбияи ҷисмонӣ ё мураббии худ оид ба машкҳо муроҷиат кунед. Ин хеле муҳим аст.  Ҳангоми ба машқҳои мунтазами ҷисмонӣ шуруъ намудан, аз худ кардани қоидаҳои асосии иҷроиши машқҳоро аз худ намоед. Омузиши паҳлуҳои гуногуни тайёрӣ ва ба комёбиҳои шахсиро баҳогузорӣ намудан хеле муҳим аст.

Қоидаҳои гузаронидани машғулиятҳои мустақилона

1. Ба натиҷаҳои баланд дар муддати кутоҳ ноил гардидани кушиш накунед. Саросемагӣ метавонад ба хасташавии организм оварда расонад.
2. Бениҳоят муҳим аст, ки сарбории ҷисмонӣ ба қобилияти Шумо мувофиқ бошад. аз ин ру сарборӣ ва мураккабии онро пай дар пай ва бо назорати таъсири онҳо ба организм зиёд кунед. Фаромуш насозед, ки организми шумо ҳоло организми шахси калонсол нест.
3. Ҳангоми тартиб додани нақшаи машқҳои мустақилона ба он машқҳоро барои инкишоф додани ҳама қисматхои мушакҳо илова на­моед. Ин ба ноил гардидан ба натиҷаҳои баландтар дар намуди варзиши интихобкардаатон кумак мерасонад.
4. Фаромуш насозед. ки натиҷаи машқҳои мустақилона аз мунтазамии он вобаста аст. Зеро чӣ қадаре, ки танаффус байни онхо калон бошад (3 -4 руз ва зиёда аз он), хамон кадар самаранокии машкхои қаблӣ ночиз мегардад. Аз ин рӯ ҳатто ҳангоми сарбории бениҳоят зиёд. масалан 20 хангоми тайёрӣ ба имтиҳонот ба ин кор 20-30 дақиқа ҷудо намуда, маҷмуи машқҳоро иҷро намоед.
5. Баҳри нигоҳ доштани фаъолиятнокии баланди худ ва хоҳиши машқ кардан ҷойи гузаронидани машқҳои мустақилонаатонро иваз намоед, бештар дар боду ҳавои тоза, боғу майдончаҳо машқ кунед, ба машқҳои худ ёру дустон ва аъзои оиларо ҷалб кунед. Аз болои хоҳарону бародаронатон назорат кунед !
6. Зери мусикӣ машқ кардан хеле хуб аст. Мусикӣ шавку рағбатро ба машқ зиёд карда, ба табъи болидаи шумо мусоидат мекунад.
7. Кушиш ба харҷ диҳед, ки асосҳои физиологии машқҳои мустақилона риоя карда шаванд; мураккабии машқҳо, ҳамчун сарбориро пай дар пай афзоиш диҳед; мунтазамии сарборӣ ва истироҳат байни машқҳоро бо назардошти тайёрии ҷисмонии худ дуруст амалӣ гардонед. Бештар машқҳои душвор танаффуси давомнок ва шумораи такрории камро талаб мекунанд. Вобаста ба аҳволи худ мақсади машқҳои мустақилона сербориро дар давоми як давр зиёд ё кам кунед. Кушиши зиёд кардани сарбориро накунед.
8. Агар шумо бадшавии вазъи саломатии худро ҳис кардед, ба духтур ё муаллим маслиҳат кунед. Фаромуш насозед, ки самаранокии машқҳои мустақилона замоне баландтар мегардад, ки ба маҷмуи машқҳои ҷисмонии шумо, маросимҳои обу тоб додани бадан, риояи шартҳои беҳдоштӣ, реҷаи рӯз, истеъмоли дурусти хӯрок шомил шуда бошанд. Инак, рузи шумо бояд аз машқ огоз ёбад.