Мавзўъ ва мундариҷаи идеявии лирикаи Мирзо Турсунзода

Устод Турсунзода нахустин чакидаҳои табъашро дар жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, рубоӣ, мураббаъ, мусамман, мусаддас, қитъа ва ғайра иншо намуда буд ва ин амали хешро то поёни рўзгораш идома дод. Мавзўи асарҳои лирикии шоир гуногун буда, паҳлуҳои мухталифи ҳаётан муҳими одамони ҷомеаро дар бар мегиранд. Дар ашъори адиб тамоми намудҳои лирика ба назар мерасанд, вале лирикаи гражданӣ, ишқӣ, пейзажӣ бештар мавқеъ доранд.
Устод Турсунзода дар шеъри «Шоиро» вазифа ва масъулияти адибонро дар ҷомеа равшан сохта, таъкид менамояд, ки пешаи шоирӣ кори саҳлу осон нест. Ба хотири офаридани сухан ранҷу азоб бояд кашид, аз оташи сўзон набояд ҳазар кард ва ҳаросид, зеро сухан ҳам мисли оташ сўзон аст. Ҳамин тавр, дар натиҷаи сўхтан-заҳмат кашидан асари бузург ба вуҷуд меояд, дар натиҷаи сўхтан пўлоду оҳан тавлид ёфта, аз гармии Офгоб зиндагии инсон нумўъ дораду баҷост:

Шоиро, аз сўхтан дорӣ хабар?
Пас, макун аз оташи сўзон ҳазар!
Сўхтан пўлоду оҳан офарад,
Аз шароре тоза гулхан офарад.
Пурҳарорат гар намешуд Офтоб,
Зиндагӣ мегашт аз сармо хароб.
Шеър ҳам бояд занад фавворае,
Аз танўри дил чу оташпорае.
Шоиро, аз сўхтан дорӣ хабар?
Пас, макун аз оташи сўзон ҳазар!

Чунон ки дидед, такрори байт дар матлаю мақтаи шеър сухани адибро нишонрас гардонида, мавқеи қаҳрамони лирикӣ, мақсаду маром ва садоқату меҳри ўро ба ин пеша басо рангину шоирона ба қалам додааст.
Устод Турсунзода дар шеъри «Ватан» бо қалби пуршўр, бо ифтихору сарбаландӣ диёри ҳамешабаҳори нозанинаш — Тоҷикистонро ситоиш менамояд. Шоир таъкид мекунад, ки зиндагиаш ройгон нагузаштааст. Ба хотири сулҳу салоҳ, ба хотири дўстию бародарӣ борҳо ба хориҷи кишвар сафар кард, аз ёру диёр дур рафт, вале ҳамеша бо ёди Ватан шабро рўз мекард. шоду масрур буд:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт.
Тамони зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дўстон машҳур.
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Ҳамин тавр, шеърҳои ватандўстона дар эҷодиёти шоир хеле зиёданд. ки онҳоро адиб бисёр самимӣ ва бо камоли ифтихор сурудааст.
Барои шоири бузург на танҳо Ватан, ёру диёр ва халқи бузургвораш азизанд, балки барои шоири воломақом замин, сайёраи мо аз ин ҳам қимату арзиши бештар дорад, зеро дар Замин ба дунё омада, камол ёфтааст, дар Замин шўҳратёр гардида, миллату халқ ва кишвараш болои ҳамин Замин аст. Ў аз он шод асту меболад, ки фарзандони Замин ба дигар сайёраҳо роҳ гирифтанд, вале боз бар Замин бармегарданд. Аз ин ҷо ҷону дили қаҳрамони лирикӣ бо Замин пайванд мебошад. Он шўълае, ки дар Замин дар дили ў фурўзон гашт, шоир умед дорад, ки то абад фурўзон мемонад. Ҳисси ифтихори ў аз доираи миллату Ватан берун рафта, мақоми умумибашарӣ пайдо мекунад:

Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рўи Замин,
Чашмро аммо намекандам ман аз сўи Замин.
Бо ситора ҳамнишин бо Моҳ гаштам ҳамнафас,
Лек будам сархушу сармаст аз бўи Замин.
Бори аввал дар Замин сар шуд тапиданҳои дил,
Бо умеди зиндагӣ заҳматкашиданҳои дил.
Тўшаи роҳро ба дўши хештан бардошта,
Сабру тоқатро надониста давиданҳои дил.
Бо Замин бигзор то пайванд бошад пои ман,
Дар Замин, бигзор, ки бошад муқаррар ҷои ман.
То абад, бигзор, бошад шўълаафкан шўълабор,
Он чароғе. ки фурўзон гашт дар маъвои ман!

Оре, дар лирикаи устод Турсунзода ишқи Замин, модар, ёру диёр, маҳбуба бо ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, якдигарро пурра ва такмил медиҳанд. Шоир дар солҳои охир як силсила шеърҳоро бо номи «Модарнома» ба табъ расонид, ки дар онҳо шоир меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёни хешро нисбати модар иброз медорад. Нақши модар дар ашъори устод Турсунзода типӣ буда, ба ин восита бузургӣ, меҳру вафодории модар ба фарзанд ва дар баробари ин қадрдонӣ, самимияту сарфарозии фарзандон нисбати модари мушфиқу меҳрубон мушаххасан бо обуранги шоирона ба қалам дода шудааст. Дар шеъри «Модарам» қаҳрамони лирикӣ таъкид менамояд, ки ҳанўз аз тифлӣ аз модар ятим мондааст. Аз ин рў, симои модар дар ёдаш нест. Бинобар ин қаҳрамони лирикӣ ба воситаи санъати ташхис ва саволу ҷавоб аз рўди деҳ, аз кўҳу санг, аз занони солхўрда ва амсоли инҳо пурсон мешавад. Онон дар бораи модари шоир ба суолҳои ў ҷавоб мегардонанд:

Тифл мондам аз ту модар, рўи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрўи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кўю дар,
Чунки то имрўз, модар, кўйи ту дар ёд нест.
Рўд мегуфтам. ки: «Ў оби маро нўшида буд».
Кўҳ мегуфтам, ки: «Дар оғўши ман кўшида буд».
Ғўза мегуфтам, ки «Карбоси маро пўшида буд».
Доя мегуфтам, ки: «Бо ман шири гав дўшида буд».

Дар ин шеър устод Турсунзода бо як эҳтирому сипосгузорӣ, бо камоли мамнуният «ҳар як зани солхўрдаи деҳро барои худ модар ҳисоб мекунад», аз ҳар як шеъраш садои модарашро мешунавад:

Шеър гўям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гўям бар сарам ояд ҳавои модарам.
Солхўрда гар зане рўзе дучор ояд ба ман,
Гўямаш, ки: «Бош. то ҳастам ба ҷои модарам!»

Мавзўи модар дар шеърҳои «Дасти модар», «Дили модар», «Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо» идома ёфта, бо тарзу усули хос ва бо камоли маҳорат бузургии модар ситоиш ёфтааст. Қахрамони лирикӣ ба хотири рўҳи поки модар дили бузургашро қадамгоҳи модарони сайёра менамояд. Ў саъю кўшиш дорад, ки ба хотири модарон, ёру диёр ҳар коре, ки аз дасташ ояд, сомон хоҳад дод, қарзи фарзандиро иҷро хоҳад кард:

Модарам, дар ёди ту гашту гузоре мекунам,
Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам.
Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.

Шоистаи гуфтан аст, ки шеърҳои ин силсила барои ҳар як хонанда, барои ҳар як фарзанди солеҳ, баору номус панди судманданд. Устод Турсунзода ба ин восита таъкид менамояд, ки ҳар як ҷавон ва ҳар як фарди ҷомеа ҳурмату эҳтироми модарро бояд ба ҷо орад, қадрдонӣ намояд.
Мирзо Турсунзода дар бисёр шеърҳои лирикиаш ишқи поки инсониро сурудааст. Зеро агар бо суханони худи шоир гўем:

Шоири беишқ мурғи бепар аст,
Беҳарорат моҳу беҷон пайкар аст.
Шоиронро ишқ Ҳотам мекунад,
Сарбаланди ҷумла олам мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки лирикаи ишқии адиб бо забони сода, бо фасоҳату балоғати шоирона эҷод шуда, дар онҳо зебоии табии ёр, ҳусну ҷамоли ў пеши назар ҷилва менамояд. Баъдан онҳо оҳанги хуш ва ҷозиберо доро мебошанд. Аз ин хотир бештари онҳо ҳамчун суруд дар байни мардум машҳуранд. Мисоли барҷастаи ин «Нишона дорад», «Ҳамсоя бошам», «Ҳусн», «Бо духтаре вохўрдам» шуда метавонанд. Имрўз хам сурудҳои дилкаш ва рўҳпарвари устодро ҳофизони номии чумҳурй месароянд. Аз охангу савти дилкаш ва маънию мазмунҳои олии сурудаҳои устод Турсунзода мардуми шоирдўсту шеърпарвари точик як чаҳон ҳаловат мебаранд.
Устод Турсунзода табиати зебои Точикистони азизашро дўст медошт ва ҳамеша ҳусну таровати нотакрори онро васф менамуд. Тараннуми зебоиҳои диёрро чи дар достонҳои хурду бузурги устод ва чи дар лирикаи пейзажии устод ба хубӣ дида метавонем. Бахусус, оғози достони «Чароғи абадӣ»-и ў, ки як шаби баҳорро тараннум намудааст, бисёр табий ва хушобуранг баромадааст.
Устод ба Душанбею рўди Душанбе сахт дилбастагӣ дошт. Аз ин рў, Дар бисёр шеърҳояш бо як ҳиссиёти баланд пойтахти кишвар ва рўди пуртуғёни онро васфу ситоиш намудааст. Дар ин бора худи устод Турсунзода гуфтание дорад, ки ёд кардани он бамаврид аст: «Аммо, медонед, баъзан худам ҳайрон мешавам, ки чаро ҳар як силсиларо аз рўди Душанбе сар мекарда бошам? Тоҷикистон дарёҳои бисёре дорад, вале ҳеҷ яки онҳоро мисли рўди Душанбе дўст намедорам, ки сабаб чӣ бошад? Шояд сабаб ҳамин бошад, ки вай баъзан аввалин шуда шеъри навамро мешунавад. Шояд барои ҳамин дўст дорам, ки вай рўди пойтахти ман аст. Ба ҳар ҳол оби Душанбе ба фикрам хеле хос аст. Вале ин шеър пейзаж не, муроҷиат ба дарё, ба фикри ман, ин воситаест, ки шоир муносибати худро ба олам, ба ҳаёт, ба адабиёт зоҳир менамояд».
Воқеан, сухани адиб дуруст аст. Сухани шоир маънои амиқу васеъ дорад. Ҳамвора бо сад ишваю ноз аз санг болои санг парида, аз тангноҳои пурпечутоб дарёи Варзоб ба пойтахти тоҷикон, ба Душанбеи нозанин рў меорад. Қаҳрамони лирикӣ аз оби Душанбе нўши ҷон карда шоду масрур аст:

Аз кўҳи баланд аст равон оби Душанбе.
Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе.
Ҳарчанд, ки ҷорист ба сад асру замонҳо,
Бо ёди Ватан монда ҷавон оби Душанбе.
То дашти калон сар сари санг аст равона,
Аз мағзи дара «маҳмили» танг аст равона.
Ҳар қатраи худ то ба ҳама халқ расонад,
Бо монеаҳо толиби ҷанг аст, равона.

Пас шоир бо камоли ифтихор изҳор менамояд, ки дар соҳили он манзил ва боғи пуршукўҳе бунёд кардааст ва аз оби Душанбе мардуми пойтахташ нўши ҷон мекунанд ва як ҷаҳон ҳузуру ҳаловат мебаранд:

Дар соҳили он манзили ман ҷой гирифтаст,
Як боғу чаманзор саропой гирифтаст.
Бо оби Душанбе шуда ҳамсояи наздик,
Ҷой аз ҷигари мамлакати бой гирифтаст.

Ин мавзўъ дар шеърҳои «Рўди ман», «Рўди кўҳӣ» боз бо рангу таровати тоза ва хеле ҷолиб ба қалам дода шудааст. Адиб ба воситаи саволҳои риторикона инкишофу пешрафти пойтахт, ободию тағйиротҳои куллии кишварро ёдрас шуда, пасон таъкид менамояд, ки аммо ту тағйир наёфтӣ, ҳамон зайл шўху мастона, мисли шутури маст ҷавлон мезанӣ. Аз он хушам, ки дар канорат бо нигоре нишаста аз кору бори зиндагӣ андак фориғ бошам, даме аз насими рўҳбахшат нафаси осуда гирам:

Рўди ман. олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон!
Сарзаминат пурсамар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон!
Даври ман даври ҳунар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон!
Дидаю дил пуршарар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон!
Медавӣ дар кўҳсору сар ба сангон мезанӣ,
Уштури мастӣ магар ҳар сўй ҷавлон мезанӣ?
Даст бар сар, мўхарошон, рўхарошон мезанӣ?
Қатраҳои сардро бар кўҳсорон мезанӣ.
Дар канорат то саҳаргоҳ ҷой кас гирад, хуш аст,
Бо нигоре домани ишқу ҳавас гирад, хуш аст.
Ҷои сабза давра дар болои хас гирад, хуш аст,
Фориғ аз кори ҷаҳон як дам нафас гирад. хуш аст.

Устод Турсунзода бештари ашъори дилангез ва асарҳои ҷовидонаашро дар фасли баҳор эҷод кардааст. Дар ин амал ҷои баҳс ҳам нест, зеро зебоӣ. шукўҳу шаҳомати табиат дар фасли баҳор назаррас гашта, ҳама чизро аз хоб бедор мекунад. Инсонро ҳам. Бешубҳа, баҳор ба шоир илҳоми тоза ва шавқи беандоза мебахшад:

Дирўз баъди борон тирукамон баромад,
Байроқи навбаҳорон партавфишон баромад.
Аз қатраҳои борон дар Офтоби тобон,
Рухсора тар намуда, абрўкамон баромад.
Бо рангҳои дилкаш, бо чеҳраи мунаққаш,
Ҳусни Замин дамида. фавворасон баромад.
Аз кўҳ то ба кўҳе, аз дашт то ба даште,
Товуси хушхироми Ҳиндустон баромад.
Мурғи қафасшикаста, аз банди зулм раста,
Чун рамзи дўстии халқи ҷаҳон баромад.
Кардам гумон, ки аз дил савти ҳазор манзил.
Чун мавҷҳои соҳил дар як замон баромад.

Шеъри боло дар шакли анъанавии ғазал суруда шуда аз шаш байт иборат аст. Матлаъ ва мақтаъ дорад. Мувофиқи анъана дар мактаъ мебоист номи адиб зикр мешуд, вале устод аз он сарфи назар кардааст. Дар асрҳои пешин ҳам бисёр ғазалҳо бе ёд шудани тахаллус офарида шудаанд. Дигар ғазали мазкур тавсифӣ буда, танҳо як лаҳзаи нотакрори табиат пас аз боридани борон пайдо шудани Камони Рустам бисёр ҷолиб тавсиф ёфтааст. Шоир Тирукамонро ба байроқи навбаҳорон, ба ёри абрўкамон, товуси Ҳиндустон шабеҳ намудааст, ки ин ташбеҳот басо ҷолиб ва табиӣ баромадаанд. Воқеан, болу пари товус ҳам рангоранг буда, бисёр зебою мунаққаш аст. Аз ин ҷо Камони Рустам ҳам ҳамин хел пурҷило ва рангорангу мунаққаш мебошад.
Маҳорати шоир дар ин ғазал боз дар он аст, ки баромади Тирукамонро ҳамчун рамзи дўстии халқҳои ҷаҳон ба қалам додааст. Гўё Тирукамон аз зулми золимон (зимистон) раста, қафаси тангро шикаста, ҳамчун нишони навбаҳорон-рамзи дўстии халқҳои ҷаҳон баромад. Оре, дўстии қавмҳо, халқҳо, миллатҳо, ирқу нажодхо аз ҳама чиз волотар буда, сабаби пешрафти ҷомеаи инсонӣ, пойдории сулҳу салоҳ, хушбахтию саодатмандии мардуми сайёра аст. Ба ин маъно Камони Рустам ҳам муждаест аз дўстӣ, рафоқат ва тинҷию амонӣ.