Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Ман аз шарқи озод»

Мазмун ва мундаричаи идеявии шеърҳои ин силсила

Устод Турсунзода солҳои тўлонй раиси Комитети Сулҳи мамлакатҳои Осиё ва Африка буд. Ва чунон ки худаш мегўяд «ними умрам дар сафар бигзашт». Барои устод одат шуда буд, ки пас аз ҳар як сафараш барои хонандагон асаре офарад. Дар онҳо ҳаёту зиндагии мардуми хориҷаро аз нигоҳи файласуфона, аз диди шоирона таҷассум менамуд. Устод дар баромад ва мақолаҳои илмии худ баъзан сабаби иншо гардидани достонҳо ё шеърҳои алоҳидаашро қайд карда гузаштааст. Масалан, дар бораи тавлид шудани шеър-хои «Қиссаи Ҳиндустон» чунин нигоштае дорад:
«Ҳиндустон чун мамлакати афсонавӣ ва дорои тамаддуни бойи инсонӣ аз айёми кўдакӣ диққати маро ба худ мекашид ва маро ба ҳаяҷон меовард. Дар бораи вай ман нақлу ривоятҳо мешунидам, китобҳо мехондам ва шеърҳои шоирони шаҳирашро аз ёд медонистам. Соли 1947 ман дар ҳайати нависандагони Шўравӣ ба Ҳиндустон сафар кардам ва ин кишварро бо чашмони худ дидам. Ман дидам, ки ин кишвари қадимӣ бо манзараҳои дилфиреб ва ёдгориҳои беамсолаш басо дилрабост, аммо халқи ҷафодида ва аз тарафи империалистон таҳқиршудае дар он зиндагӣ ба сар мебарад. Ҳиндустон бо тамоми зиддиятҳояш дар пеши чашмонам ҷилвагар шуд ва дар дилу дидаи ман ба таври абадӣ нақши худро гузошт. Ҳамин зиддиятҳои Ҳиндустонро ман барои достони худ мазмуни асосӣ интихоб намудам. Ҳаёти халқи Ҳинд ва орзую омоли вай барои озодӣ ва ҳаёти саодатмандона маро водор намуданд, ки дар бораи ин сарзамин достоне эҷод намоям».
Агар суханони устодро бо диқат мутолиа кунем, бароямон чанд масъала равшан мегардад. Нахуст сабаби навиштани шеърҳои ин силсила ва дуюм мавзўъ ва мундариҷаи идеявии ин шеърҳо аз номи худи муаллиф ёдрас шуданд, ки бароямон хеле муҳиманд.
Мирзо Турсунзода пас аз бозгашт шеърҳои ин силсиларо дар байни солҳои 1947-1949 эҷод намуд, ки аз 13 шеъри хурду калон иборат мебошанд. Шеърҳои силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» — «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рўди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара Чандрӣ», «Дар ёди кас», «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледианӣ» ва «Ду роҳ» ба шумор мераванд. Шеърҳои фавқ устухонбандии ба худ хос доранд. Дар байни онҳо ҳам аз нигоҳи мазмун ва ҳам аз нигоҳи мавзўъ пайванди ногусастанӣ ба назар мерасад. Шеъри «Бозгашт» на оғоз, балки хотимаи асар ё хулосаи шоир аст. Адиб пас аз ҳама диданҳо, шуниданҳо ва тасвири онҳо дар сарзамини Ҳиндустон ба сўи Ватан роҳ пеш мегирад, парвоз мекунад. Ў аз дидани Ватану халқи азизаш шоду масрур аст, меболад, ифтихор дорад. Ба ин восита қаҳрамони лирикӣ ҳисси ватандўстӣ ва ифтихори миллии хешро ба қалам додааст. Ин танҳо як тарафи масъала. Муҳимаш боз он аст, ки шоир ғаму дарди халқҳои Ҳиндую Урдуро мехўрад, тороҷгашта, азиятдида мардуми қашшоқро пеши назар меорад:

Шодам, аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

Аз ҳамин нигоҳ ҷанбаи гуманистии шеър волост ва шоҳбайти Саъдии Шерозй «Банӣ одам аъзои якдигаранд»-ро ба хотир меорад. Вале шоир дар анҷоми «Бозгашт» бо камоли боварӣ таъкид менамояд, ки садои ў, сурудҳои эҷодкардааш ба гўши мардуми сарсахту бадбахти кишвари Ҳинд мерасанд. Онҳоро ба мубориза барои озодӣ ба по мехезонанд. Шоир бо нидои риторикона ба сурудаш муроҷиат намуда мегўяд:

Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,
Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре.
Ман аминам, мерасад ҳар як садои мо ба ў,
Ҳар як овози пур аз меҳру вафои мо ба ў.

Воқаен, садои дили шоири мубориз — Мирзо Турсунзода ба дили мардуми ин сарзамин роҳ ёфт. Шеърҳои силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» ҳанўз дар ҳамон солҳо ба забони ҳинду, урду ва англисӣ тарҷума шуда буданд ва халқҳои ин сарзамин мутолиа намуда, аз мақсаду мароми шоир воқиф гар-диданд ва барои озодию истиқлоли хеш ба мубориза бархостанд.
Шеъри нахустини ин силсила «Қиссаи Ҳиндустон» ном дорад. Адиб дар он сарзамини Ҳиндустони афсонавиро бо тамоми шукўҳу шаҳомат, бойгарию сарват, расму оини куҳанаш ситоиш намудааст. Дар баробари ин ҳаёти пурмашаққат, бахусус рўзгори тоқатфарсои 60 миллион кастаи нафратзадагони Ҳиндустонро шоир бисёр табиӣ, воқеъбинона ва шоирона ба қалам додааст. Адиб дар анҷоми шеър бо сад дарду алам таъкид кардааст:

Бидидам дар паси кўҳи Ҳимолой,
Замини сабзу зархезе саропой.
Агарчи ганҷҳояш пурбаҳоянд,
Валекин мардумони он гадоянд.

Ба андешаи шоир яке аз сабабҳои ин бадбахтии мардуми кишвар хиёнаткорони ҳамин диёр ва рўбоҳмизоҷонанд, ки халқу кишвари хешро бо «дастгирию кўмакашон» ба вартаи ҳалокат расонданд:

Барояд бо табассум гар зи хиргоҳ.
Хиёнаткори ҷамъият чу рўбоҳ.
Бирав халқи ситамкашро хабар кун,
«Махав омад, махав омад, ҳазар кун!».

Акнун Мирзо Турсунзода дар шеъри дуюми ин силсила, ки «Меҳмони мағрибӣ» ном дорад, омадани лордҳои англис ва зулму истисмори онҳоро ба қалам додааст:

Омаду бар гардани ҳинду нишаст,
Ҳар чӣ ки мехост, гирифт ў ба даст.
Пўсти рўбоҳу палангон гирифт,
Ҳосили бечораи деҳқон гирифт
Пахтаю абрешиму гандум гирифт,
Нони даҳони ҳама мардум гирифт.
Шираи ин бойзаминро кашид,
Хуни дили халқи гадоро макид.
Ҳукми вай имрўз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм, вале бебақост!

Адиб ба мақсади муайян дар анҷоми ҳар як банди «Меҳмони мағрибӣ» байти охирро такрор кардааст, ки ин албатта, ногузирии шикасти мустамликадорони англисро нишон медиҳад. Дар анҷоми шеър бо диди файласуфона шоир боварии қатъӣ дорад, ки бегона бегона аст ва бегона мемонад. Дусад сол ҳам монанд, боз маҷбуранд, ки оқибат кишварро тарк намоянд:

Фурсат он аст, ки ин «меҳмон».
Тарк кунад кишвари Ҳиндустон!
Чунки дар ин мамлакат ин зарпараст.
Ҳеҷ ба чизи дигаре дил набасг.
Сар назад аз мағрибии бекарам.
Чизи дигар ғайри ҷафою ситам.
Гарчи дусад сол дар ин хона монд,
Боз ба ин оила бегона монд.
Ҳукми вай имрўз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост!

Вокеан, зимни ин масъала андешаи адиб пурмўҳтавою амиқтар аст, Маъно ва ҷанбаи кулл дорад. Мирзо Турсунзода танҳо ба англисҳо ишорат накардааст, балки тамоми бегонагон, аҷнабиён, мустамликадоронро дар назар дорад. Таърих гувоҳ аст, ки Искандари Мақдунӣ, арабҳои бадавӣ, муғулҳои хунхор омаданд, ғорат карданд, муддате ҳукмронӣ карданд, вале боз тарки диёр намуданд, рафтанд. Англисҳо, ки имрўз ҳукмашон раво бошад ҳам, вале пояи зулмашон оқибат надорад, бебақост. Бояд ин байтҳои шоири ватандўстро ҳамин тавр фаҳмид ва маънидод кард. Ҳамин тавр ҳам шуд. Соли 1949 Ҳиндустон соҳибихтиёр гашт, англисҳо абадан Ҳиндустонро тарк карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон хам соли 1991 истиқ-лолияти хешро ба даст овард, ки ин ягона умеду орзуи ин адиби мубориз, ватанхоху инсонпарвар буд.
Ҳамин тавр, шеърҳои дигари ин силсила ба хотири тақвияти идеяи асосӣ, ки дар боло зикр кардем, омадаанд ва хизмат кардаанд. «Рўди Ганг» ҳам яке аз шеърҳои пурмўҳтавои ин силсила аст. Мирзо Турсунзода дар шеъри «Рўди Ганг» бо камоли маҳорат, бо як ҳиссиёти волои шоирона бо истифодаи санъатҳои киноя, саволу ҷавоб, таҷоҳули ориф, ташхису тал-меҳ, тавсифу ташбеҳ мақсади хешро иброз доштааст. «Рўди Ганг» яке аз дарёҳои бузурги Ҳинд, манбаи ризқу рўзии мардуми ин кишвар аст. Дар шеър «Рўди Ганг» киноя аз халқи бузурги Ҳинд мебошад.
Ў мебинад, ки аҷнабиён болояш кўпруки оҳанин сохтаанд ва шабу рўз мошину вагонҳои пурбор, киштиҳои пур аз тангаю тилло синаи ўро шикофта ба сўи Ғарб мераванду мераванд. Аммо илоҷ надорад, ором аст. Аз ин оромӣ қаҳрамони лирикӣ розӣ нест. Ў мехоҳад Ганг ба шўру тугён ояд, ҷўш занад, ҷавонӣ кунад. Адиб ба Ганг муроҷиат намуда, илтиҷо менамояд:

Рози дилатро ниҳон макун аз ман,
Аз барои савоб, о ба сухан!
Омадам ман ба назди ту меҳмон,
Аз шукуфта диёри тоҷикон.

Ҳамин тавр, шоир бо суханбозиҳои шоирона сабабҳои орому хомўш будани Ганги бузургро ҷавоб мегўяд ва ўро ба мубориза алайҳи аҷнабиён даъват менамояд.
Истифодаи калимаю ибораҳои рамзӣ ба шоир имконият додааст, ки симои манфури англисҳову америкоиҳоро кушода диҳад, то ки максади разилонаи онҳоро халқ бо хубӣ дарк карда, ба шўру қиём ва мубориза бархезад:

Дар шаби тор оби рўди Ганг,
Буд бо акси каҳкашон ҳамранг.
Гуфтам: «Эй Ганг аз чӣ хомўшӣ?
Аз чӣ дарёсифат намеҷўшӣ?
Нафасат аз чӣ гарму ҷўшон аст?
Рег пеши дами ту бирён аст?
Ё шарикӣ ба дарди ҳамватанон?
Мехўрӣ ғам барои Ҳиндустон?
Ё магар дидаӣ, ки бемузде,
Дили ту канда мебарад дузде.
Мебарад ҳусни навбаҳоратро,
Вопасин тухми киштзоратро?
Ҳар чӣ бошад, бузург рўд астӣ.
Ҳиссаи баҳри беҳудуд астӣ.
Рўдворона зиндагонӣ кун!
Ҷўш зан,
Ҷўш зан,
Ҷавонӣ кун!

Шоир зимни ибораҳои рўди бузург, халқи Ҳиндустон, баҳри беҳудуд-халқхои дунёро ифода намуда, онҳоро ба мубориза ва ба муҳофизати Ватан даъват кардааст.
Дар шеъри «Тара Чандрӣ» адиб дар симои қаҳрамони асосӣ Тара Чандрӣ санъати баланди аҳли ҳунарро ба қалам додааст.
Тавсиф ва ташбеҳи зебои шоир имконият додааст, ки симои як духтари бадбахт, вале бо тамоми ҷузъиёташ ҳунарманд пеши назари хонанда намоён гардад.
Ба ақидаи адабиётшинос М. Шукуров: «Интихоби калимаҳо ва сохти мисраю байтҳо чунон аст, ки шеър чун мусиқӣ садо медиҳад ва оханги форами рақс аз он шунида мешавад. Овози мусиқӣ гўё ба гўши мо меояд,… моро ба олами аҷиби беҳамтое дохил менамояд ва тимсоли санъаткорро пеши чашми мо таҷассум медиҳад».
Ҳамоҳангии қофияҳо, такрори калимаю ибораҳо дар шеър хеле самимӣ садо дода, диққат ва муҳаббати шахсро ба ин санъаткори мумтоз боз ҳам зиёд мекунад. Адиб аз санъати талмеҳ, яъне ба ёд овардани қаҳрамонҳои асари Бедил ба хубӣ истифода бурда, аз ин ҳисоб шеърияти асарашро баланд бардоштааст:

Ба рақси Комде шайдо,
Ба овози Мадан мафтун,
Навишт ин номаи ушшоқ,
Шоир бо дили пурхун.
Ба мисли Комде дар ҳусну дар санъат чаҳонгирӣ,
Ту, эй раққосаи даврон,
Тара-Чандрӣ, Тара Чандрӣ.
Ба вақти рақси мавзунат,
Ба чашмони пурафсунат,
Кабўтар дар ҳаво,
Оҳу ба саҳро
Гашт маҷнунат.
Ман аз рақси ту мафтунам.
Зи ҳолат лек маҳзунам,
Тара-Чандрӣ, Тара-Чандрӣ,
Макун ин қадар афсунам!
Ба ҷунбиш мавҷи дарёӣ,
Ба лағзиш реги саҳроӣ,
Ҳунарманду ҳунарпеша
Зи сар то нохуни поӣ!
Ту эй фарзанди маҳбуби диёру кишвари бебахт,
Сияҳчашму сияҳабрў,
Сияҳмў, духтари сарсахт!

М. Турсунзода дар шеъри «Дар орзуи ошён» мардуми бехонаю ҷой ва бекаси Ҳиндустонро реалӣ тасвир намудааст. Дар ин шеър шоир бо бисёр шахсҳо ҳамсўҳбат гардидааст, ки хонаи онҳо саҳро ва хўрокашон гиёҳҳо буданд. Халқияти шеър беҳад баланд аст, ҳатто ҷумлаҳои пурра, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ бетағйирот истифода шудаанд:

Замин сахту баланд аст осмон ҳам,
Тамоми шаб ситора мешуморанд.
Ба ғайр аз хорию зорӣ кашидан,
Дигар гўё илоҷе ҳам надоранд.

Аз зарбулмасали халқии «Замин сахту осмон баланд аст» як мисраи хуби шоир: «Замин сахту баланд аст осмон» ҳам ҳосил шудааст. Шоири бузург ба ин ҳолату рўзи сиёҳ расидани халқи Ҳиндро дар шеърҳои аввали ин силсила баён намуда, акнун дар ин ҷо таъкид менамояд, ки обу хоки ин сарзамин гуноҳе надоранд; барои адолат, озодӣ ба мубориза хестан лозим:

Ба ин рўзи сиёҳи мардуми Ҳинд,
Надоранд обу хоки мо гуноҳе.
Агар хоҳӣ, ки бахти хеш ёбӣ,
Қадам неҳ бо адолатхоҳ роҳе.
Ба коми хеш кун кори ҷаҳонро,
Фазорову заминрову замонро.

Ҳамин тавр суханони шоири мубориз Мирзо Турсунзода ба гўши халқи Ҳинд расид, ба мубориза алайҳи мустамликадорон, аҷнабиёни англису амрико ба по хест ва соли 1949 соҳибистиқлол гашт. Давлатҳои мустақили Ҳин-дустону Покистон ташкил ёфтанд. Мирзо Турсунзода ҳамчун ҳомии сулҳ ва дўсти наздики халки Ҳинду Покистон шоду масрур гашт. Аз он хушнуд гардид, ки садои суруди ўро халқҳои Ҳинду Покистон шуниданд, сурудаҳои ў дар ин роҳ ба онҳо рўҳу тавон бахшиданд. Ин ҳақиқати бебаҳс аст.
Шоири мубориз ба хотири ғалабаи онҳо, ба хотири бедор шудани як қитъаи бузург- Осиё достони нави хешро иншо намуд, ки он соли 1956 ба табъ расид. Воқеан, агар ба мазмуни достон амиқтар назар кунем,«Садои Осиё» давоми мантиқии силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Ман аз Шарқи озодам» шуда метавонад. Қаҳрамони лирикӣ меболад ва сарафроз аст. Чин, Ҳиндустон, Бирма ва Индонезия аз хоби гарон хестанд, бедор шуданд ва соҳибистиқлол гаштанд:

Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,
Ростию дўстиро оқибат дарёб кард.
Меваҳо аз меваҳо гиранд пайванди наве,
Гирад аз ҳамсояҳо ҳамсоя ҳам панди наве.
Рафт давре, ки садои Чин намеомад ба гўш,

Хуни дил мехўрд Ҳиндӣ — буд Ҳиндустон хамўш. Рафт давре, ки ба гирдаш индонезӣ хўрд печ,
Дар ғами як луқма моҳӣ, дар ғами як каф биринҷ.
Пасон шоир бо ифтихор хешро суруди Осиё гуфта, рўҳи тавонои мардуми ин қитъаи огоҳдилро тавсиф менамояд ва абадӣ будани ғолибият ва озодии онҳоро таъкид менамояд:

Ман суруди Осиёям. қитъаи огоҳдил,
Қитъае, ки кард қомат рост аз болои гил!
Шарқ боғашро намояд ҳифз аз ғоратгарон,
Аз ҳуҷуми гармселу офати боди хазон.
Нест аммо қуввае, ки азмро орад завол,
Рўҳи озодипарастонро намояд паймол,
Баҳри озодӣ садои Осиё омад ба гўш.
Хуни халқи Осиё омад ба ҷўш,
Омад ба ҷўш!

М. Турсунзода тамоми умри хешро баҳри муборизаи ҳаёти нав, баҳри сулҳу салоҳи пойдор дар рўи Замин бахшидааст.
Суханони устод Мирзо Турсунзодаро агар ба худи ў нисбат диҳем, меарзад: «Агар мо дар мавзўъҳои замонавӣ асарҳои барҷаста ба вуҷуд наорем, рўҳи ҷанговаронаи адабиёти мо суст мешавад, вай дар тарбияи ғоявии меҳнаткашон дар сафи аввали мубориза истода наметавонад ва ҳол он ки ҳамеша дар сафи аввал будани вай шарти азим аст».
Ҳақиқат, ҳаёти нав адибон, аз ҷумла Турсунзодаро ба ҷустуҷўи инсони нав ва шаклу мазмуни тоза гуфтан дар ҷамъият тайёр ва вазифадор намуд.