Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода

Ба хотири шоири бузург, ки роҳи моро
дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷози сухан
мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд меорам.
Ч. Айтматов.

Тарҷумаи ҳол

Моҳи октябри соли 1975 вақти хазонрез буду ҳаво сард. Мо чаҳор нафар толибилм аз Душанбе озими Маскав шудем. Чун ба манзил расидем, аллакай шаб доман паҳн карда буд. Мо хостем дар яке аз меҳмонхонаҳои наздик шабро рўз кунем. Меҳмонхонаи Маскав аз ҳама наздиктар буд, рафтем. Ба мо мутасаддиён арз карданд: «Меҳмон бисёр, ҷой нест!». Мо ба тақдирамон тан дода, болои курсиҳо ҷой гирифтем. Андак вақт гузашт. Меҳмонон даробаро мекарданд. Баъзеҳо ҷой мегирифтанд. Мо медидему илоҷи сухан гуфтан надоштем. Дар ҳамин вақт бо чанд нафар устод Турсунзода бо чеҳраи хандону шукуфон вориди меҳмонхона гардиданд. Мо ба ҳурмати устод аз ҷой хестем. Он кас аз мо хеле дур буданд. Чун моро диданд, аз шарикон ҷудо шуда, наздамон омаданд:
— Ҳа, шербачаҳо, мондаҳои сафар! Ин қадар бедимоғ нишастаед, ё ҷой нарасид? Хайр, ҳозир.
Мо дар ҷавоб ташаккур гуфтем, ба хидматӣ омадану ҷой наёфтанамонро изҳор намудем.
— Ҳеҷ гап не, дар роҳи илм риёзат бояд кашид. Ҳозир ташкил мекунем,- гуфта ба назди роҳбарияти меҳмонхона роҳ гирифтанд. Пас аз лаҳзае ҳуҷҷатҳоямонро гирифта ҷой доданд. Устод бо директори меҳмонхона назди мо омаданд ва даҳони пур аз ханда бо забони русӣ изҳор карданд:
— Ин кас Димитрий Василевич, директори меҳмонхона, дўсти наздики ман. Ба Димитрий Василевич изҳори сипос кунед, марди бузурганд.
Мо бо камоли эҳтиром ба Димитрий Василевич изҳори миннатдорӣ намудем. Устод боз суханашро давом дод:
— Димитрий Василевич! Медонам, ки Шумо маро ҳурмату эҳтиром мекунед, мо дӯстони наздикем. Аз ин хотир аз Шумо як хоҳишу илтимоси бародарона дорам. Ҳар вақте ки ба меҳмонхонаи Шумо ягон тоҷик омаду аз Тоҷикистонам гуфт, он касро беҷой нагузоред, манзил диҳед. Ман то зиндаам дар хизмати Шумо. Агар мурдам, рўҳам аз Шумо шод мегардад.
— Гапи Шуморо ҳаргиз дар замин намемонам Мирзо Турсунович! Ба хизматчиёнам амр медиҳам ва то дар ҳамин ҷо ҳастам, ба хотири Шумо тоҷиконатро болои даст мебардорам.
Аз ин гуфтори директори меҳмонхона устод ва ҳамаи мо хандон шудем ва боз ба эшон садоқату меҳрубонии хешро иброз намудем.
— Димитрий Василевич! Шумо одати мо — тоҷиконро хуб медонед. Мо меҳмонро аз ҷонамон азизтар медонем. Ман дар Маскав қариб таҳҷоӣ шудам. Инҳо меҳмонони мананд. Бояд ин расми хуби тоҷиконро гум накунам, онҳоро бояд бо як пиёла чой бошад ҳам, меҳмондорӣ намоям. Охир онҳо аз роҳи дур омадаанд. Лекин шарташ ҳамин Шумо ҳам ҳамроҳи мо мешавед, як пиёла чойи тоҷикиро бо ҳам мебинем, менўшем.
Устод дар ҳамон нимишабӣ барои мо чой доду зиёфати шоҳона. Сари моро аз фарш ба арш расонид. Аз он рўзгор солҳои зиёд сипарӣ шуданд, вале ҳаргиз сӯҳбати оншаба бо Мирзои Бузург, Мирзои Оламгир аз ёдамон нарафтааст ва нахоҳад рафт.
Мирзо Турсунзода ифтихори миллати мост, ки ин маъниро академик Муҳаммад Осимӣ бисёр ҷолиб ва ба мавқеъ гуфтаанд:
«Боре аз Деҳлӣ ба Катманду парвоз мекардам. Дар паҳлуям як марди ҳинду нишаста буд. Ў аз ман савол қард, ки аз куҷоям? Ҷавобаш додам, ки аз Тоҷикистон. Бо тааҷҷуб кифт дар ҳам кашид ва гуфт, ки ин номро нашунидааст. Хостам Душанберо ном барам, вале боз ба худ андешидам «модоме, ки Тоҷикистонро намедонад, Душанберо аз куҷо донад». Баъд аз муддате саволашро давом дода пурсид: «аз кадом миллат ҳастам?». Гуфтам, ки тоҷикам. Боз кифт дар ҳам кашид. Надонистам, ки чӣ тавр аз куҷо ва аз кадом миллат будани худро фаҳмонам. Пурсидам, ки оё номи Турсунзодаро шунидааст? Дар қиёфаи ў якбора ҳаяҷону шодӣ барқ зад ва гуфт:
— О! Турсунзода, Душанбе, Сулҳ!
Ин калимаҳоро паси ҳам бо як оҳанги махсус талаффуз карда, аз ҷояш хест ва дастамро бародарона сахт фишурд ва изҳори ташаккур кард ва гуфт:
— Сано ба он миллате, ки чунин фарзандро тавлид намуд ва Мирзо Турсунзода дорад!».
Чунин лаҳзаҳою чунин гуфторҳои ҷолибу рангин зиёданд. Вале аз хотири он ки сухан дароз нашавад, лаҳзаҳои болоро муште аз хирвор гуфта, нукта мегузорем ва барои Шумо, шогирдони азиз, аз рўзгори рангини ин абармарди илму фарҳанг ва адиби шаҳири тоҷик ва асри XX ҳикояти хешро давом медиҳем.
Водии Ҳисор, ки дар гузашта бо номи Ҳисори Шодмон машҳур буд, бо обҳои зулол, кўҳҳои осмонбўс ва боғу роғи сабзу хуррамаш дили ҳар як бинандаро ба худ мекашид. Дар ду канори рўди зебои Қаратоғ (ба тоҷикӣ«Сиёҳкӯҳ») бо ҳамин ном деҳае воқеъ аст, ки он ҷо шоир — Мирзо ба дунё омад.
Мирзо Турсунзода соли 1911 дар оилаи устои сангтарош, чармгару чармдўз -Турсун таваллуд ёфтааст. Таваллуди Мирзо барои усто Турсун беҳад хурсандӣ овард. Ў писари ягонаи падар буд.
Маҳаллаи онҳо Чармгарон ном дошт ва хонаи усто Турсун дар ҳамин мавзеъ, дар лаби рўд ҷой гирифта буд. Мирзо солҳои кўдакиашро ёд карда мегўяд: «Падарам бисёр мехост, ки ман босавод шавам». Аз ин хотир Мирзо аз 6 – солагиаш ба мактаби кўҳна меравад ва диққати ўро аз хурдӣ зебоии манзараҳои гирду атрофи кўҳсорон, бозиҳои ҳархелаи бачагони деҳ ба худ ҷалб мекард. Аз он ки Мирзо писари ягонаи падар буд, усто Турсун ўро баъди дарс ҳар ҷое, ки мерафт, ҳамроҳ мебурд.
Ў бачаи зираку хушзеҳн буда, чизи шунидаашро дар хотираш нигоҳ медошт.
Соли 1920 ба сари Мирзои хурдсол мусибати вазнине омад. Модараш аз касалии вабо вафот намуд: «Ин рўзи ғамангез, — мегўяд шоир, — як умр дар лавҳаи хотирам нақш баст». Усто Турсун бошад, хонаашро «бехосият» гуфта, соли 1921 ба гузари Шўробдара кўчид. Бинобар ин то соли 1925 таҳсили минбаъдаи шоир дар масҷиди Ҳоҷӣ Юсуф, ки дар ҳамон гузар воқеъ буд, давом мекунад.
Мирзо, ки аз мактаби кўҳна саводи хуб гирифта буд, пас аз барқарор шудани Ҳукумати Шўравӣ ба мактаби нав дохил шуд ва бомуваффақият таҳсилашро давом дод. «Таҳсили ман дар мактаби нав дер давом накард, -мегўяд ў. — Ман ва ду рафиқи шарикдарсам хондан, навиштан ва ҳисоб карданро зуд азхуд намудем. Бинобар ин дигар нишастан ҳамроҳи онҳое, ки нав ба хондани алифбо шурўъ карда буданд, бароямон дилгиркунанда намуд. Ва мо қарор додем, ки ба Душанбе равем».
Солҳои 1926-1927 таҳсили Мирзо дар интернат ва техникуми педагогии шаҳри Душанбе давом мекунад. Дар ин давра ҷаҳонбинии фикрию сиёсиаш баланд гардида, бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба Дорулмуаллимини (Институти муаллимтайёркунӣ) шаҳри Тошканд фиристода мешавад.
Мирзо Турсунзода солҳои 1927-1930 дар институт таҳсили илм намуда, соҳиби дониши пурраи омўзгорӣ мегардад.
Соли 1930 Институти муаллимтайёркунии шаҳри Тошкандро хатм намуда, ба Душанбе меояд ва дар рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба вазифаи мудири шўъбаи оммавӣ ва баъдтар котиби масъул кор мекунад. Рўзнома дар мукаммалшавии дониши адиби ҷавон кўмаки калон мерасонад.
Аз соли 1935 дар вазифаҳои сардори мудирияти корҳои санъати Тоҷикистон ва аз соли 1946 то охири умраш вазифаи раиси правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро адо кардааст. Ў дар бадали сию як соли фаъолияти кориаш чун арбоби барҷастаи давлатию ҷамъитӣ ба бисёр мамлакатҳо сафар намуда, доир ба дўстию рафоқат, муҳофизати сулҳ саъю кўшиши зиёде кардааст.
Мирзо Турсунзода моҳи сентябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Дар маросими дафни ин марди бузург дўстон, ҳамкасбон аз ҳар гўшаю канори дунё иштирок карданд, ашки ҳасрат рехтанд. Адибони тоҷик ва дигар кишварҳои дунё дар вафоти устод Мирзо Турсунзода марсияҳои ҷигарсўзе эҷод кардаанд, ки дар зер намунаи эҷоди як зани сайёра-шоираи Украин Светлана Йовенкоро бо номи «Ёди шоир» чун муште аз хирвар меорем:

Ҳамин шаб дар замини ту, ки васфаш кардай зебо,
Нагашта пайкарат сарду нагашта ғарқи ашк асло-
Калону хурд мегирянду мегирянд шоирҳо.
Шавам то зўру даркорӣ, мадагорам шав, эй Мирзо!
Ҳамин шаб дар заминат-кишвари ақлу хирадмандон,
Бигиряд дар замин булбул, бигиряд моҳ дар Кайҳон.
Чӣ сон аз дард имшабро расонам то саҳар осон.
Шавам то ман хирадманде, мададгорам шав, эй Мирзо!
Ба пешат омадам шодон, ки бошам шод бо халқат.
Вале ҳайҳот бо андўҳ кашам фарёд бо халқат.
Шитобон омадам пешат, ки табрикат кунам аз сар,
Валекин менависам «Ширии сум»1 рўи гулчанбар.

Имрўз марқади Мирзо Турсунзодаро дар Лучоби хушманзар хурду калон ва меҳмонони зиёд зиёрат мекунанд.
Мирзо Турсунзода чун шоир, мутафаккир, фарзанди бовафои халқу миллат тамоми ҳастияшро барои баланд бардоштани маданияту адабиёти тоҷик бахшидааст.
Устод Мирзо Турсунзода академики Академияи фанҳои Ҷумхурии Тоҷикистон (аз соли 1951), Раиси комитети якдилии халқҳои Осиё ва Африка, узви комитетҳои Умумиҷаҳонии сулҳ, узви Комитети Умумииттифоқии мукофотҳои Ленинӣ, раиси Комитети мукофоти республикавии ба номи Рўдакӣ ва ғайраҳо буд. Ба М. Турсунзода унвони Лауреати Мукофоти Давлатии СССР, Лауреати Мукофоти Ленинӣ ва Лауреати Мукофоти респуб-ликавии ба номи Рўдакӣ дода шудааст.
Соли 1961 аввалин унвони фахрии Шоири Халқии Тоҷикистонро соҳиб гардид. Соли 1967 Мирзо Турсунзода ба гирифтани Лауреати Мукофоти байналхалқии ба номи Неҳрў сарфароз мегардад.
Бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967) ва боз бисёр ҷоизаю орденҳои Шўравӣ мушарраф гардонида шудааст. Билохира Мирзо Турсунзода Қаҳрамони Тоҷикистон аст.
Ҳиссаи М. Турсунзода чун муборизи матин дар роҳи муҳофизати сулҳу амнияти халқҳои ҷаҳон калон аст. Ў дар чандин конгрессу симпозиумҳои байналхалқӣ ширкат варзида, аз номи халқи тоҷик суханронӣ намудааст. Мавқеи ҷамъиятии ў чун паҳнкунандаи идеяҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон машҳур аст.

Ширии сум — аз сидқи дил ҳамдардӣ баён мекунам (лафзи украинӣ).

Шеърҳои вай мисли рўдҳои кўҳистон ба ҳам омада, ба дарёи бузурге табдил ёфтаанд, ки ба мардуми шеърхону суханфаҳми тоҷик ва халқҳои Сайёра назокати ҳақиқӣ, шодмонӣ ва одамият мебахшанд.