Мероси адабии Мирзо Турсунзода

Ҳар як эҷодкор бо рўзгори хеш пайванди ногусастанӣ дорад. Вай пеш аз ҳама, фарзанди ҳамон айём буда, дар осори хеш ҳодисоту воқеоти рўзгори хешро инъикос менамояд. Чӣ хел ба қалам додану ҳал намудани ин масъала ба афкор, ҷаҳонбинӣ ва ҳунару истеъдоди фитрии ў вобастагии қавӣ дорад. Мирзо Турсунзода ҳам фарзанди замони худ буд. Ў солҳои сиюм ба майдони адабиёти тоҷик по ниҳод. Пеш аз ҳама, ҳунару истеъдоди баркамоли табиии шоирӣ дошт, вале таҷрибааш ҳанўз хеле кам буд. Аз ин хотир он чизе, ки дар он солҳо эҷод ва чоп намуд, навмашқона ва умумӣ буданд. Ў дар солҳои пасин ба асарҳои дар ин давра эҷодкардааш аз назари танқид нигоҳ карда, чунин мегўяд: «Як вақтҳо шеър навиштан барои ман осон буд, имрўз бошад, он шеърҳои кўҳнаамро иштиёқи хондан надорам. Чаро чунин ҳолат ба миён омадааст? Барои он ки бисёр шеърҳои пешинаи ман самимона навишта шуда бошанд ҳам, лекин ман дар онҳо таҷрибаи аз ҳаёт андўхтаи худро ошкор насохтаам. Ҳаёти ҳақиқиро нишон надода, танҳо тасаввуроти умумиро дар бораи он ба калам додаам».
Суханҳои Мирзо Турсунзода ба маҷмўаи нахусти ў, ки «Байроқи зафар» ном дошт ва соли 1934 ба табъ расида буд, тааллуқ доранд. Дар ин маҷмўа шеъру достон, ҳикояю очеркҳое, ки нависанда дар он солҳо эҷод карда буд, гирд оварда шуда буданд. Бо вуҷуди он ки асарҳои дар ин маҷмўа воридшуда навмашқона буданд, дар онҳо рўҳи замон, мавзўъҳои муҳими ҳаёти халқ ва кишвар, аз қабили барқароркунии хоҷагии қишлок, озо дин занон, мактабу маориф ва бахусус тасвири зебоиҳои Ватан ва амсоли инҳо инъикос ёфта буданд.
Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки ҳанўз аз ҳамон давра дар эҷодиёти шоир мавзўи Ватан ва ватандўстӣ мавқеи калон дошт. Онхо аз худшиносӣ ва ҳисси ифтихори миллии шоири ҷавон дарак медоданд. Ин мазмун дар шеъри «Чаманистон» хеле самимй, бо обуранги шоирона ба калам дода шудааст:

Қурбони ту, эй диёри ишкам,
Боғу чаману баҳори ишқам.
Фазлу хунарам Ватан, туй, ту!
Созу зафарам Ватан, туӣ, ту!
Эй хурраму сабз боғу бўстон,
Эй машъали Шарқ-Тоҷикистон!

Дар ин пора шоир Тоҷикистони хуррам ва мисли боғу бўстонашро ба машъали рахшони Шарк шабеҳ намуда, аз он ифтихор дорад. Воқеан, бояд арз кард, ки аз ин абёти рангини шоири ҷавон ояндаи умедбахши ў ба хубӣ эҳсос мешуд.
Мирзо Турсунзода дар ин айём ҳамчун рўзноманигор ба шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ, ба назди деҳқонон, сохтмончиён рафта, бо кору бори онхо аз наздик шинос мешуд ва дар баробари ин пайваста ҳунари шоирии хешро сайқал медод. Эҷодиёти адибони бузурги форсу тоҷик барои адиб мактаби омўзиш буданд. Шоир ин рўзҳоро ба ёд оварда баъдтар чунин ибрози назар кардааст: «Дар болои сухан меҳнат кардан кори хеле мураккаб аст. Дар ин маврид ба нависанда омўхтани забони зиндаи халқ ва асарҳои классикони мо кўмаки зиёд мерасонанд. Танҳо эҷодкорона омўхтан манфиатбахш аст, на нусхабардории кўркўрона. Образу фикрҳои дигаронро аз худ накарда сухандонӣ ва сухансанҷии ҳайратангез, бойгарӣ ва зебоии забон, образҳои равшану дурахшон ва талаботи эстетикиро, ки ҳама хоси классиконанд, бояд эҷодкорона омўзем».
Дар суханони устод Турсунзода илова бар он чизе, ки дар боло гуфтем, боз як масъалаи муҳими дигар зикр ёфтааст. Яъне шоир дар баробари омўхтани адабиёти классикӣ донистани забони зиндаи халқро барои эҷодкор зарур медонад. Ва худ аз пайи омўзиши он мешавад. Ҳамин тавр, омўзиши ин ду сарчашмаи муҳим барои шоир, ки сахт ниёз дошт, самар дод, қаламаш бурро ва фикраш расо гашт. Хонанда ин тағйироти куллиро дар эҷодиёти солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хубӣ эҳсос карда метавонад. Вале нишонаҳои аввалини ин дигаргунӣ ҳангоми эҷоди достонҳои нахустини шоир «Офтоби мамлакат» ва «Хазон ва Баҳор» ба чашм мерасад. Мавзўи ҳар ду асар ба масъалаҳои рўзмарра — кору зиндагӣ, талошу ҷоннисории деҳқонону пахтакорон ба хотири сохтмони ҷомеаи нав бахшида шудаанд. Достони «Хазон ва Баҳор» ба тарзи маснавӣ дар вазни достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ иншо шудааст. Санъати тазоду муқобала асоси асарро ташкил додааст. Яъне муқобилгузории ду сохт, ду замон мавзўи достон қарор ёфтааст. Шоир ҳаёти вазнини камбағалон, дар зери асорати ғуломӣ ва беҳуқуқӣ будани занонро нишон медиҳад. Дар анҷоми достон амиру саркардагони онҳо мағлуб шуда, қаҳрамони асосии достон — Саттор ғолиб мебарояд. Дар достон адиб мубориза баҳри ҳаёти фирўз ва ишқи поки ду ҷавон — Раъно ва Сатторро хеле ҷолиб инъикос намудааст.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Бисёр адибони тоҷик баҳри озодӣ ва истиқлоли кишвар ба майдони набард рафтанд ва қисмати дигари онҳо қаламро шамшер намуда, алайҳи душмани ғаддор ба по хестанд, ки Миро Турсунзода ҳам аз ҷумлаи онҳо буд. Рўзгори халқ ноором, кишвар дар хатар, оташи ҷанги хонумонсўз аланга гирифт. Мақсаду мароми ҳар як фарди ҷомеа он буд, ки ҳар чи зудтар фашизми Германияро нест карда, Ватанро аз душманон озод намояд. Ба хотири ин Мирзо Турсунзода тамоми кувваро ба ин самт равона кард. Мавзўи Ватан — Модар, ҳимояи он аз душман мавзўи асосии ашъори адиб қарор гирифт. Ҳамин тавр, замон аз ҳар адиб офаридани образ ва симоҳои барҷастаи шахсони мубориз, ватандўст ва ҷоннисору вафодорро тақозо дошт. Мирзо Турсунзода ин масъулиятро хеле хуб ҳис намуда, дар ин давра асарҳои баландғоя офарид. Асарқои «Хайр модари азиз», «Хотираи капитан», «Баҳодури тоҷик», «Ҳамшираҳо», «Фарзанди ту меояд»,«Ҳаргиз» ва достони «Писари Ватан» аз беҳтарин асарҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватании адабиёти тоҷик ба шумор мераванд. Шоир шеъри «Хайр модари азиз»-ро дар рўзҳои аввали ҷанг эҷод кардааст ва ба воситаи саволу ҷавоби модару фарзанд мақсаду мароми садҳо фарзандону модарони тоҷикро, ки писарони худро дуои нек дода, ба ҷанг мефиристоданд, нишон додааст:

Модар аз чеҳраи гулгуни писар.
Нарм бўсиду гирифташ дар бар,
Гуфт: «Рав ҷанги далерона бикун!
Ҷанг бо лашкари бегона бикун!
Бош фарзанди сазовори падар.
Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар!»

Мавзўи дигари ашъори ин давраи шоир ситоиши қаҳрамонӣ, ҷоннисорӣ ва шуҷоату далерии ҷанговарони майдони набард аст. Акнун дар ин гуна шеърҳо на симоҳои қаҳрамонони хаёлӣ, балки кору амалиёт, далерию мар-донагии фардҳои мушаххас, воқеӣ мавриди ситоиши Мирзо Турсунзода қарор ёфтаанд. Намунаи барҷастаи ин «Баҳодури тоҷик» шуда метавонад. Дар ин манзума шоир корнамоии Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ Тешабой Одиловро ба қалам додааст, ки ин фарзанди фарзонаи тоҷик барои муҳофизати шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) шуҷоату далерии бемисл нишон дод. Як пораи Ватанро аз душманон ба ивази ҷони азизаш муҳофизат намуд. Шоир бо як ҳиссиёти баланд ҷаҳони ботинӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастии ҷанговарони тоҷикро дар симои Тешабой Одилов инъикос намудааст, ки чунин асарҳо дар он рўзгор ва имрўз ҳам аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд.
Устод Мирзо Турсунзода дар шеъри «Ҳамшираҳо» корнамоии садҳо духтарону занони тоҷикро, ки дар қатори мардҳо ба фронт рафта, дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок доштанд ва қаҳрамонӣ нишон дода буданд, ба ёд оварда, ситоиш намудааст. Махсусан кору рафтори хоҳарони шафқатро, ки дар майдони набард садҳо ҷанговарони маҷрўҳро аз марг наҷот дода буданд, бо камоли маҳорат дар шеъри мазкур тасвир намудааст. Агар бо сухонони шоир гўем, ҳамшираҳои шафқат «дар таги борони тирҳо аз садои тўпи фашистони беҳаё» наҳаросида ба ҷисми ҷанговарон ҷон мебахшиданд. Барои ҳамин қаҳрамони лирикӣ аз номи ҳазорҳо-ҳазор ҷанговарони шифоёфта хоҳарони шафқатро « ҷон Шумо» мегўяд:

Бар рўи тирхўрда даме ки назар кунед,
Ҳуши зи сар паридаи ўро ба сар кунед.
Уммеди зиндагӣ ба дилаш шўълавар кунед,
Гўё ба ҷисми мурда ҳаёт аз дигар кунед.
Беҳуда нест ин ки бигўянд: «Ҷон Шумо!».

Ғазали «Ҳаргиз» эҷоди ҳамин давраи шоир буда, бисёр самими ва бо як ҳиссиёти баланд суруда шудааст. Барои шоир вожаҳои Ватан, Халқ ва Модар басо азизу мўътабаранд. Оре, касе, ки Ватанашро дўст намедорад, бегумон Модару халқашро низ дўст намедорад. Ин калимаҳо барои ҳар як фард муқаддасанд ва бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Шоир таъкид менамояд, ки барои Ватан, Халқ ва Модар агар ҷон лозим бошад, мо бояд ҳаргиз «не», нагўем. Ана ҳамин мазмун бо тавсифхои шоирона дар ғазали «Ҳаргиз» ифода ёфтааст, ки салосату балоғат ва ҷанбаҳои драматикии асарро бисёр қавӣ гардондааст:

Ту зинда бош Ватан-хонаи умеди халқ.
Ки бе ту нест дилу ҷон шодмон ҳаргиз!
Чӣ медиҳӣ ба Ватан?! Ҳар касе, ки пурсидам,
Ҷавоб дод: «Надорам дареғ ҷон ҳаргиз!»
Миёни халқу Ватан сахт аҳду паймон аст,
Набуду нест ҷудоӣ дар ин миён ҳаргиз!
Намекунем фаромўш то ҷаҳон боқист,
Тамоми ин ҳама кирдори хоинон ҳаргиз!

   Асари калонтарине, ки устод дар замони Ҷанги Бузургии Ватанӣ иншо кардааст, «Писари Ватан» мебошад. Мавзўи асосии достон талошу муборизаҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанист. Қаҳрамонони асар барои ҳаёти осоишта мубориза бурданд. Шоир дар симои нақшҳои асосии достон Қодир, Микола, Саодату Марина қаҳрамонию далерӣ ва фидокорию ҷоннисории ҷанговарони содиқи Ватанро нишон додааст. Инчунин шоир ба воситаи амалиёти Қодиру Микола таъкид менамояд, ки дўстии халқҳо муваффақият ва ғалабаи моро таъмии кард. Достон асосан асари эпикист. Майдони ҷанг, ҳарбу зарб, корнамоиҳои бемисли ҷанговарон рукни асосии достон мебошанд. Вале дар асар лаҳзахои лирикӣ кам нестанд. Адиб дар асари худ ишқу муҳаббати Қодиру Саодат ва Миколаю Маринаро низ тасвир намудааст. Аз мутолиаи достон хонанда хеле хуб эҳсос мекунад, ки адиб хеле пеш рафтааст. Ин пешравӣ ҳам дар ҳаллу фасли мавзўъхои асосӣ ва ҳам дар забону тарзи баён ба назар мерасад. Сабки нигориш ва баёни воқеот пай дар пай мушаххас буда, барои ифодаи фикр аз зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ва санъатҳои бадеӣ устокорона, мўҷазу бамаврид истифода мебарад. Шоир барои мардумро алайҳи душман ба по, ба мубориза хезондан роҳу воси-таҳои мухталиф, усулҳои гуногуни адабиро истифода бурдааст. Масалан, ба воситаи санъати саволу ҷавоб, нидои риторикона ва ташхисонидани ашёи беҷон-хок, мавҷи дарё, замину осмон ва ғайра пиру барноро ба мубориза ба муқобили фашизм даъват менамояд:

Ба одам гуфт хоки кишвари бахт,
Ки: «Гар ту дўст медорӣ маро сахт,
Агар хоҳӣ, ки бо ман зинда бошӣ,
Ҷавонбахту чу гул дар ханда бошӣ,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!
Ба одам гуфт мавҷи оби дарё,
Ки: «Эй дар меҳнатӣ аз ман ту боло,
Агар ки ту нахоҳӣ ташна монӣ,
Замин хушконию худ гушна монӣ,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!»

Такрор шудани байт фикру андешаи шоирро қувват дода, аз тарафи дигар, ташбеҳу тавсиф, истиораю маҷозҳои шоирона ҳусни асарро афзун гардондаанд, ки чунин тасвирҳо дар достон хеле зиёданд ва хонанда аз онҳо як ҷаҳон лаззат мебарад. Чунон ки дар боло ишорат рафт, шоир ҳангоми эҷоди достони хеш дар тасвири ҳолатхои рўҳӣ ва ҷаҳони ботинии қаҳрамонҳои асараш аз достонҳои Низомии Ганҷавӣ баҳра бардоштааст. Масалан, дар тавсифи Раъно чунин мегўяд:

Ду рухсораш зи лола сурхтар буд,
Лаби ёқут лабрези шакар буд.
Ду гесўяш мисоли хирмани гул,
Хабар додӣ зи рангу бўи сунбул.
Ба соли шонздаҳ синнаш расида,
Вале субҳи умедаш нодамида,
Агарчи гул барин рухсори он буд,
Вале олудаи гарди хазон буд.

Мирзо Турсунзода бидуни ин дар тўли чандин сол эҷодиёти даҳанакии халқро хамроҳи нависанда Алихуш ва шарқшиноси рус А. Н. Болдирев ҷамъ намуда, соли 1939 бо номи «Фолклори тоҷик» маҷмўаи эҷодиёти даҳанакии халқро аз чоп бароварданд. Дар он беҳтарин чакидаҳои мардумӣ-рубоию дубайтӣ, суруду тарона, бадеҳаю ғазал ва дигар асарҳои халқӣ гирд оварда шуда буданд. Омўзиш ва ҳифз намудани намунаҳои беҳтарини эҷодиёти шифоҳӣ ба шоир илҳом бахшид, гуфторашро содаю шево гардонид, ки ин тагйиротро дар асарҳои минбаъдаи Мирзо Турсунзода ба хубӣ мушоҳида карда метавонем.
Устод Мирзо Турсунзода то лаҳзаҳои охири рўзгораш қаламро ба замин нагузошт, асарҳои ҷовидона офарид. Махсусан лирикаи устод дар ҳадди салосату балоғат буда, дунёи ботинии инсонро бисёр зебою рангин, шоирона ба қалам додааст, ки дар поён дар ин мавзўъ алоҳида меистем. Аз байни асарҳои калонҳаҷми устод достони «Чароғи абадӣ» ва «Ҷони ширин»-ро метавон ёд кард. Мирзо Турсунзода баҳори соли 1957 достони «Чароғи абадӣ»-ро навишта ба охир расонд, ки он ба устод Айнӣ бахшида шудааст. Соли 1953 чашни 75-солагии устод Айнӣ баргузор гардид ва ба ин муносибат М. Турсунзода чунин гуфта буд: «Дар зиндагӣ хеле кам воқеъ мегардад, ки тарҷумаи ҳоли як одам бо тарҷумаи ҳоли халқи ў мувофиқ ояд-Ҳаёти Айнй рамзи роҳи тайкардаи халқи мо шудааст». Воқеан сухани адиб ҳақиқат аст ва рўзгори дардомезу талхи устод Айнӣ саргузашту сарнавишти таърихи халқи тоҷик низ мебошад.
С. Айнӣ дар достон на танҳо як адиби мумтоз, шахси мубориз, балки фарзанди бовафою содиқи Шарқ тасвир ёфтааст. М. Турсунзода ҳамеша, дар ҳар як ҷамъомад муқаддимаи суханашро ба устод мебахшид. Ў дар хусуси таъсири сухани устод доир ба бедории миллию сиёсии одамон, зинда гардонидани таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик, намояндагони пешқадами он, бо забони содаю оммафаҳм эҷод гардидани асарҳои адибон бо меҳру муҳаббати бепоён ҳарф мезад. Ин ақидаҳои неки шоир дар достони «Чароғи абадӣ» ба таври боварибахш ба қалам дода шудаанд.
Шоир қисми якуми достонро ба тавлиди фарзанд ва интизории худаш бахшидааст.
Ў дар мавриди интизорӣ тангдил гашта, беист қадам мезанад, мешинаду мехезад ва дар хусуси қисмати бади саргузашти Айнӣ, қисмати таърихи халқаш фикру мулоҳиза меронад.
Инак, насли нав ба дунё омад. Акнун нангу номуси халқу миллат ба зиммаи ўст. Воқеаҳо дар тўли як шабонарўз рўй дода бошанд ҳам, тафаккуру ҳиссиёти қаҳрамони лирикӣ ду давраи таърихиро бо ҳам мепайвандад. Воқеаҳо пайи ҳам мураккаб шудан мегиранд, ки мазмуни фалсафии достонро пурқувват гардонидааст.
Дар қисми аввали достон шоир тифли навзодашро интизор аст. Ў ба дунё меояд. Адиб аз ин шоду масрур аст. Зеро фарзанд давоми умр-номгузору номбардори миллат аст. Шоир умед дорад, ки рўзе мерасад, ки ин тифл бузург мешаваду мисли устод Айнӣ фарзанди азизи халқ, фарзанди Осиёи бовафо мегардад:

Садое, ки ба ҳар як тифл хос аст,
Ба модар з-аввалин соат шинос аст.
Ба модар нури чашмон аст фарзанд,
Даванда реша дар ҷон аст фарзанд.
Сано гуфтам ба занҳое, ки имрўз
Ба кори мамлакат ҳастанд дилсўз,
Ту ҳам фарзанди Шарқӣ, Осиёӣ,
Валекин Осиёи пурсафоӣ…
Мулоқоти наве бо пирамарде,
Адиби озмуда ҳар набарде.
Кўҳансоле, ки дида ду замонро,
Ғаму андўҳу шодии ҷаҳонро.
Кўҳансоле, ки донад Осиёро,
Ба гўшоянда аз ҳар дил садоро.

«Чароги абадӣ» чароғи шўълабори Айнӣ, чароғи абадияти ўст, ки ба асарҳои бузургаш дилу дидаи халқро бедор, рўҳи ўро зинда гардонидааст ва мардумро барои аз худ намудани илму дониш, ба сўи ҳақиқат, адолат, ростгўию ҷавонмардӣ ҳидоят месозад. Шоир достонро бо мисраъҳои зерин анҷом додааст:

Муяссар шуд маро дар як саҳаргоҳ,
Ки бинам рўи ду инсони дилхоҳ.
Яке фарзанди ман, навзоди ман буд,
Дигар панди ману устоди ман буд.

Дар достони «Ҷони ширин» бисёр масъалаи муҳими замон-дўстию ҳамраъйии халқҳо, сулҳу салоҳ, зан ва мақоми вай дар ҷомеа, рўзгори бофароғати халқи тоҷик, урфу одат, анъанаи миллии тоҷикон пайгирона, шоирона бо сабку услуби хос тарҳрезӣ шудаанд. Шоир бо камоли ифтихор
дар бораи Ватан сухан мегўяд. Хонандаро ба худшиносӣ ҳидоят менамояд. Қаҳрамони лирикӣ аз он шод аст, ки ними умраш дар сафар бигзашт. Ин сафарҳо ба хотири сулҳу салоҳи байни халқҳои Сайёра аст. Умраш зоеъ нагузаштааст. Ў мунодии сулҳ мебошад. Шоир аз ин ифтихор дорад ва мақсади зиндагиашро дар ҳамин медонад.