Мавзўи шарқи хориҷӣ

Мирзо Турсунзода аслан пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун шоир, ҳамчун сиёсатмадор рушду камол ёфта, дар арсаи байналхалқӣ шўҳратёр гардид. Каломи сеҳрофаринаш чун уқобони кўҳӣ дар ақсои олам, ба ду қитъаи азияткашида, ранҷу озордида Осиё ва Африка баланд парвоз кард. Мардуми ин ду қитъаи бузург дар зери шиканҷа, дар ниҳояти хорию зорӣ, дар зери зулми истисморгарони англису америкоӣ ва дигар давлатҳои тавонои Европа рўзгори талху сангин доштанд. Ҳамаи ин даҳшату ваҳшонияти мардуми оддиро шоири мубориз бо чашми худ дид ва бо қалби пуршўраш эҳсос намуд ва садояшро баланд намуд.
Барои эҳё шудани чунин шоҳасарҳо: силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Ман аз Шарқи Озод» (1950), «Садои Осиё» (1955), «Хоҳари мушфиқ Африқо», «Ҷони ширин» (1959) ва ғайра нахуст истеъдоди табиӣ, дуюм омўзиши амиқи адабиёти шифоҳӣ ва классикӣ, сеюм сафарҳои мунтазами Мирзо Турсунзода ба кишварҳои Осиёю Африка ва Европа ва омўзиши ҳаёти халқи мазлуми ин кишварҳо мусоидат кард. Рукни асосӣ ё мавзўи асосии ин асарҳо инъикоси ҳаёти мардуми хориҷа аст. Аммо дар ҳар як достонаш шоир аз рўзгори гуворою бахти баланди халқи кишвараш ёд мекунад ва дар муқоиса зиндагӣ ва шукўҳу шаҳомат ва саодатмандии халқу диёри азизашро шоирона, реалистона ба қалам додаст.
Ҳамин тавр, мавзўи Шарқи хориҷӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мақоми босазо дорад. Мувофиқи соли эҷодашон дар поён баъзеи онҳоро таҳлил карда мебароем.