Фазлиддин Муҳаммадиев

Фазлиддин Муҳаммадиев

Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи муқовабанд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ходими адабии рўзномаи » Тоҷикистони сурх» буд. Соли 1951 мактаби марказии комсомоли назди Кумитаи марказии комсомолро дар шаҳри Маскав хатм намуд ва ба кори рўзноманигорӣ машғул шуд. Ҷонишини муҳаррири рўзномаи «Ҷавонони  Тоҷикистон» («Комсо-моли  Тоҷикистон «), муҳаррири «Газетаи муаллимон», мудири шўъбаи рўзномаи » Тоҷикистони Советӣ», котиби масъули маҷаллаи «Занони  Тоҷикистон «, мудири шўъбаи наср ва котиби масъули маҷаллаи «Шарқи сурх» («Садои Шарқ») буд.

Соли 1962 курсҳои олии адабиро дар назди Институти адабии ба номи М. Горкий дар шаҳри Маскав хатм намуда, дар идораи маҷаллаи «Хорпуштак», киностудияи «Тоҷикфилм» ва нашриёти «Ирфон» кор кардааст. Баъдтар вазифаҳои мудири нашрияи Сарредаксияи Энсиклопедияи Советии Тоҷик, сармуҳаррири Кумитаи давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  доир ба Кинематографияро ба ўҳда дошт.

Аз июни 1978 котиби Раёсати Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон  интихоб шуда кор кардааст. Очерку ҳикояҳои аввалини Ф. Муҳаммадиев дар нимаи дуюми солҳои 50-ум дар матбуот пайдо шуданд. Масалан: «Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956), «Фаттоҳ ва Музаффар» (1958) ва ғайраҳо.

Соли 1958 маҷмўаи очерку ҳикояҳои ў, соли 1960 повести «Таркише, ки ба вуқўъ наомад», соли 1963 «Одамони кўҳна», соли 1964 «Бибӣ — Зайнаб», соли 1969 маҷмўаи ҳикояҳо таҳти унвони «Сози мунаввар» аз чоп баромадаанд.

Соли 1974 романи «Палатаи кунҷакӣ» баромад. Қариб ҳамаи асарҳои ў ба забони русӣ тарҷума шудаанд.

Асарҳои Ф. Муҳаммадиев ба забонҳои ўзбекӣ, латишӣ, арманӣ, эстонӣ, қазоқӣ, туркманӣ, қирғизӣ, украинӣ, белорусӣ, немисӣ, полякӣ, арабӣ, венгерӣ, чехӣ ва булғорӣ низ тарҷума шудаанд.

Аз рўи сенарияҳои Ф. Муҳаммадиев кино-студияи «Тоҷикфилм» филми бадеии кўтоҳметражи «Задухўрд» (1973); филми мустанади «Субҳи кишвари ман» (1974), филми бадеии «Вохўрӣ дар дараи марг» (1980) ва ғайраро ба навор гирифт. Филми бадеии «Вохўрӣ дар дараи марг» дар кинофестивали XIII сазовори мукофот ва дар кинофестивали мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ, ки дар шаҳри Тошкент гузашт, сазовори диплом гардид.

Фазлиддин Муҳаммадиев дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ меҳнати самараноку сермаҳсул ба харҷ додааст. Тарҷумаҳои тоҷикии романҳои Андре Стил «Зарбаи аввал», М. Садовяну «Ҷазираи гулҳо», повестҳои Чингиз Айтматов «Ҷамила», «Алвидоъ, Гулсара», М. Левин «Ҳаяҷони саввум», А. Қаҳҳор «Модаркалони меҳрубони ман», «Овоз аз тобут», В. Губарев «Мўъҷизакори бузург» ва ҳикояҳои алоҳидаи Чехов, Драйзер ва нависандагони пешқадами адабиёти муосири хориҷӣ ба қалами Фазлиддин Муҳаммадиев мутааллиқанд.

Фазлиддин Муҳаммадиев бо унвони ифтихории Корманди Шоистаи маданияти  Тоҷикистон  ва Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ мушарраф гардидааст.

Ў  соли 1986 фавтидааст.