Латифаборон

Деканбозӣ

Писарчаи декани як факултет ба ҷӯрааш гуфт:
Биё, деканбозӣ мекунем.
-Ман чунин бозиро намедонам, ҷавоб дод ҷӯрааш.
-Ин бозии мушкил нест. Ана ин идораи ман мешавад. Ту дар пушти дар меистӣ ва ҳар гоҳе атса занам “лаббай” гӯён дарро мекушоӣ ва ман ҳам дар ҳар даромаданат “рав, пагоҳ биё, фардо биё” гуфтан мегирам.

 

Мавзӯи хонагӣ давидан

Муаллими тарбияи ҷисмонӣ як соат дарси худро нагузашта донишҷӯёнро барвақт ҷавоб дода фармуд:
-Имрӯз бо автобус нашинеду то хона давида равед.
-Барои чӣ? пурсиданд донишҷӯён.
-Барои он ки мавзӯи имрӯзаи хонагиамон давидан аст, — гуфт муаллим.

 

Кондуктор мешавад

Гурӯҳи донишҷӯписарон дар шафати ҳавлии донишгоҳ ҷониби роҳи калон мерафтанд. Яке аз онҳо бо садои ниҳоят баланд гап мезад. Ҳамин ҳангом ду муаллима аз наздашон гузаштанд. Муаллима ба дигараш рӯ оварда гуфт:
-Муаллимаҷон, ин девона баъди хатми донишгоҳ кӣ мешуда бошад?
Дар ин вақт автобусе омада назди онҳо истоду кондуктораш арросзанон поён шуд. Муаллима бо ангушташ ба ӯ
нишон дода ҷавоб дод:
-Шояд кондуктор шавад.

 

Баҳона

         Декан муаллимашро дар роҳрав маст дида гуфт:
-Устод, чаро дар вақти кор боз нӯшидед?
-Мебахшед, устод, ман дар вақти кор не, дар танаффус нӯшида будам, ҷавоб дод муаллим.

 

Ҳаққи қалам

Донишҷӯи пулпарасте, ки дар факултети журналистика мехонд, мақола паси мақола нашр мекунонд. Як
ҳамкурсаш ин ҳолатро дида ба ӯ гуфт:
-Дар қатори мақолаҳоят ба қишлоқ — ба модарат ҳам як хат нависӣ намешавад?
-Мешаваду ҳаққи қаламашро кӣ медиҳад, — гуфт донишҷӯ.

 

Мирсаид Сатториён