Иттилооти графикӣ (Информатика)

Иттилооти графикӣ — маълумотест, ки дар шакли нақша, ангора, тасвир, график, диаграмма, аломат пешниҳод шудааст. Фарқи асосии иттилооти графикӣ аз иттилооти матнӣ дар он аст, ки барои иттилооти графикӣ сохтани алифбои графикӣ ғайриимкон аст. Маҳз ҳамин фарқият боиси тафриқаи байни матни хаттии стандартӣ ва фаъолияти мусавварасозии муосир гаштааст.
Гарчанде ин ду навъи иттилоот ва соҳаҳои мувофиқи онҳо моҳиятан ба ҳам наздик бошанд ҳам, вале алифбои матнӣ, ҳамчун воситаи универсалии матнсозӣ, бо миқдори махдуди аломатҳои худ имконият фароҳам овардааст, ки ба воситаи он миқдори номахдуди матнҳои гуногун ташаккул дода шаванд. Дар соҳаи фаъолияти мусавварасозӣ бошад, ҳамин гуна номгӯи қатъии ҷузъҳо (аломатҳои алифбо) умуман вучуд дошта наметавонад. Воқеан, иттилооти графикӣ нисбат ба иттилооти матнӣ табиатан мафҳуми мураккаб мебошад.
Иттилооти графикӣ яке аз намудҳои иттилооти дидорӣ (визуалӣ) ба ҳисоб меравад. Ба иттилооти графикӣ — расмҳо, мусаввараҳо, осорҳо, лавҳаҳои тарғиботӣ, нақшаҳо, графикҳо, диаграммаҳо, харитаҳои географӣ, ангораҳо ва ғайра дохил мешаванд, ки онҳоро объектҳои графикӣ низ мегӯянд. Объектҳои графикӣ аз нуқтаҳо, хати рост, хати каҷ ва хати бурида (пунктир) иборат мебошанд. Онҳоро бо ёрии қалам, мӯкалам, бӯр, фломастер, ранг ва дигар воситаҳои расмкашӣ дар болои коғаз, картон, тахтаи синфӣ, матоъ, санг, чӯб ва ғайра тасвир намудан имконпазир мебошад.
Иттилооти графикӣ инсони- ятро аз замонҳои қадимтарин то даврони муосир пайваста думболагир намуда, якҷоя бо он рушд ёфтааст. Осорҳои аввалини иттилооти графикиро, ки бо ёрии сангҳои нӯгтез, ангиштсанг ва дигар афзорҳо иҷро гардидаанд, дар деворҳои ғорҳо, тахтасангҳо, боло ва танаи кундаҳо ва дигар барандагони иттилоот дарёфтан мумкин аст. Дар даврони мо бошад, барои офаридани иттилооти графикӣ одамон аз техникаи рақамӣ истифода мебаранд.
Дар экрани монитори компютер ончунон расмҳо, нақшаҳо ва мусаввараҳоро ҳосил намудан мумкин аст, ки онҳо аз гунаҳои коғазини бо ёрии қалам, ранг ва афзорҳои нақшакашӣ офаридаашон ягон зарра фарқе надоранд. Ин навъи иттилооти графикиро графикаи (графиксозии) рацамӣ ё компютерӣ мегӯянд.
Объектҳои тавассути графикаи рақамӣ (компютерӣ) офаридашударо натанҳо дар экрани компютер, балки дар когаз низ чоп кардан мумкин аст. Ҳоло сифати расмҳои бо ёрии чопгарони ранга чопшавандаро ба сатҳи аксҳои бо ёрии дастгоҳҳои аккосӣ иҷрошуда боло бурдан имконпазир гаштааст.
Графикаи компютерии муосирро ба таври зайл табақабандӣ мекунанд:
— Графикаи илмӣ- соҳаи графикаи компютерӣ, ки барои сохтани мусаввараҳои аз нуқтаи назари илмӣ тафсиршаванда пешбинӣ шудааст. — Графикаи конструкторӣ (таҳияшаванда) -соҳаи графикаи компютерӣ, ки барои омодасозии нақшаҳои техникии дастгоҳҳои таҳияшаванда пешбинӣ шудааст. Ин навъи графика — афзори кории муҳандис-конструкторҳо, кормандони системаҳои худкори лоиҳакашӣ ва навоварони соҳаи техника мебошад. — Графикаи тавзеҳӣ- соҳаи графикаи компютерӣ, ки барои расмкашии озод (ихтиёрй) пешбинӣ шудааст. — Графикаи бадеӣ ва тарғибӣ -соҳаи нави графикаи компютерӣ, ки барои офаридани қитъаҳои (роликҳои) рекламавии телевизионӣ, филмҳои мултипликатсионӣ, бозиҳои компютерӣ, дарсҳо ва рӯнамоҳои видеоӣ пешбинӣ шудааст.

— Атшатсияи компютерӣ- соҳаи графикамкомпютерӣ, ки барои офаридани тасвирҳои ҳаракаткунанда пешбинӣ шудааст.
— Графикаи фракталӣ — соҳаи зудрушдёбанда ва ояндадори графикам компютерӣ, ки дар заминаӣ геометриям фракталӣ (шаклҳои якхелаи геометрӣ) тасвирҳои сатҳи олӣ ҳосил карда мешаванд.
Замимаҳои графикаи компютерӣ низ ба мисли соҳаҳои татбиқи онҳо гуногунанд. Барои ҳар як соҳаи графикаи компютерӣ таъминоти барномавии махсус таҳия гардидааст, ки онҳоро бастаҳои барномаҳои графикӣ меноманд. Вобаста ба тарзи ташаккулёбии тасвирҳо графикаи компютериро ба графикаҳои растрӣ, векторӣ ва сеченака тақсим менамоянд.

— Графикаи растрӣ — барои коркарди нашрияҳои электронӣ (чандрасонай) ва полиграфӣ пешбинӣ шудааст (Paint, MicrosoftPhotoEditor, AdobePhotoShop, FractalDesignPainter, MicrografxPicturePublisher). Рамзсозии тасвир дар графикаи растрӣ бо усули ба нуқтаҳои хурд (пикселҳо) тақсим намудани тасвир амалӣ гардонида шуда, ба ҳар як пиксел рамзи ранги он бахшида мешавад.  Графикаи векторӣ — барои сохтани тасвирҳои тарғиботӣ, ороишӣ (дизайнерӣ) ва нашриявӣ пешбинӣ шудааст (Corel Draw, Adobe Illustrator, Fractal Design Expression, Macromedia Freehand, AutoCAD). Дар графикаи векторӣ барои сохтани тасвир аз объектҳои примитивӣ (сода) — хати рост, хати каҷ, нуқта, росткунҷа, секунда, давра истифода гардида, андозаҳои онҳо бо ёрии формулаҳои математикӣ ҳисоб карда мешаванд.