«Ашк»-и модар

Хуррамзамин. Деҳаи мазкур дар баландие миёни кӯҳҳои осмонбӯс ҷойгир аст. Чӣ табиати зебову афсункоре дорад. Ёдгории “Табақи сангин”, чашмаи “Фотима ва Зуҳро”, дарахти “Арӯсу домод”, харсанги “Сафарпаҳлавон” ва монанди инҳо мавзеъҳои зиёде мавҷуданд, ки кас аз тамошояшон ҳаргиз сер намешавад. Оҳ, чӣ қадар деҳаи зебост ин деҳа. Атрофи номаш қиссаҳои зиёде мавҷуданд, ки гӯё солҳои қаблӣ дар ҷойи ҳозираи ин деҳа ҷангали бузурге будааст тимсоли ҷангалзорони Африқо. Деҳа на он қадар хурд буда, атрофашро кӯҳҳои бузург иҳота намудаанд. Дар фасли баҳор мисоли арӯсони нав аз таги чодир баромада бениҳоят зебову мунаққаш мешавад. Мардуми деҳа ҳамагӣ хурсандона меҳнат намуда рӯзӣ меёбанд, аммо дар шоҳкитоби сарнавишти сокинони ин деҳа таззодҳои зиёде мавҷуданд, ҳатто саҳифаҳои сиёҳ низ, ки айни ҳол яке аз онҳоро варақ мезанем.

Баҳор. Майи соли 2015. Вақти пешин. Дар берун боди фораме мевазад. Далер бо чеҳраи кушодаву лабони моил ба табассум аз кор баромада ҷониби хона шитобон аст. Чун имрӯз рӯзи шанбе буд, ӯ аз кор барвақт баромад ва хост хӯроки пешинро якҷо бо аҳли хонаводааш хӯрад. Ба ҳамсараш занг зада манту супориш дод. То омода шудани хӯрок хост бозор рафта ягон ширинии лазизе харад, аммо пулаш кофӣ набуд. Бинобар ин рост роҳи хонаро пеш гирифт. Ҳангоми аз назди тарабхонаи марказӣ гузаштан чашмаш ба Фарҳоди ҳамсояаш афтод, ки ниммасту нимҳушёр дар назди тиреза мехобид. Ба ҳоли ӯ раҳмаш омад. Ҳамин ҳангом ҳаёти 10 сол қабл доштаи худаш пеши назараш омаданд. Як вақтҳо худи ӯ низ зиёд менӯшид. Хушбахтона, ғолиб шуд, ки тарки майпарастӣ намояд.

Вақте Далер ба хона ворид шуд, ҳамагӣ хӯрокро кашида, мунтазири ӯ менишастанд. Ба аҳли хонавода салом доду рост ба дастшӯӣ рафт. Сипас, омада ба сари дастархон нишаст. Ҳама машғули мантухӯрӣ шуданд. Ғизо бисёр бомазза шуда буд. Далер ифтихор мекард, ки ҳамсараш пазандаи моҳире аст. Баъди хӯрдани хӯрок хост каме истироҳат намояд, бинобар ин вориди ҳуҷраи хоб шуд. Ҳамин ки ба болин сар ниҳод, доду фарёди кампири ҳамсоя ба гӯшаш расид. Гумон кард, ки Фарҳод боз маст омадаасту ҳамсару модарашро латукӯб дорад, аммо … Аз ҷойгаҳ хесту назди тиреза рафт. Тиреза рӯ ба рӯйи хонаи Фарҳодино ҷойгир буд. Вақте як табақи онро кушод нолаи ҷонгудози модари Фарҳод ба гӯшаш расид, ки “сад дареғи писари бетақдирам” мегуфт. Далер ба чизе сарфаҳм нарафт. Хост, ки дубора рафта хоб кунад, аммо ба нолаи зани ҳамсоя овозҳои дигар пайваст шуда, якмаром фиғон доштанд. Барои фаҳмидани асли воқеа ӯ ба берун баромад. Занаш дастархонро ғундошта озими хонаи ҳамсоя буд. Далер ба ӯ рӯ оварда гуфт:

— Дар берун чӣ гап бошад? Ҳамсояҳо ин қадар доду фарёд доранд. Намегузоранд, ки як дами беғам дошта бошем.

Мадина ба шавҳараш синчакорона нигариста гуфт:

— Фарҳоди ҷӯраатон аз нӯшидани зиёд мурдааст. Ҷасадашро аз тарабхонаи маркази ноҳия ёфтанд. Кӣ медонад, ки кай мурда бошад!?

Далер ба хотир овард, ки расо 2 соат пеш ӯро дохили тарабхона дида буд. Тозон либосашро пӯшиду ҷониби хонаи ҳамсоя тохт. Одамони зиёде аз гирду атроф ҷамъ омада буданд. Занҳои дар рӯйи сӯфа нишаста доду вой  доштанд. Мардон бошанд дар тараддуди маросими ҷаноза буданд. Ҳамиин ҳангом ҷасади Фарҳодро ба хонааш оварданд. Модараш аз рӯйи сӯфа ҷаста фаромаду пойи луч ҷониби ҷисми беҷони писараш давид. Ҳар замон ӯро ба оғӯш мегирифту аз рухсораҳояш мебӯсид. Кӯдаконаш Шаҳлову Наҷиб ҳам гирёну нолон назди падарашон омаданд. Шаҳлояки шашсола оби чашмаконашро поккунон “Дада, дадаҷон. Хезед! Хезед!” — гӯён ба рӯйи падараш нигоҳ мекард. Наҷиб, ки нав чордаҳро пур карда буд, бо чашмони ашколуд ба симои ӯ менигаристу хомӯш буд. Ҳамсараш Насиба ҳам расида омаду бо чашмони пур аз ашк фиғон аз ҷигар баровард. Ҳамаи хешу табори марҳум низ омаданд. Модари зораш холаи Мавлонбӣ рӯканону мӯканон ба шайтони лаъин нафрин мехонд, ки писарашро ба роҳи хато бурду оқибат қурбони ин заҳри қотил намуд. Аҳли ин хонадон ҳам шод буданду ҳам маҳзун: шод аз он ки минбаъд аз лату кӯби Фарҳод халос шуданд, зеро ҳар дафъаи майнӯшӣ омада зану фарзандон ва модари нимҷонашро бераҳмона мезад, кампир ҳатто дуо мекард, ки Худованд яккаписараш Фарҳодро зудтар гираду ҷони модар ва зану бачаҳояшро аз азоб халос кунад ва маҳзун аз он боис, ки акнун ин хонадон бе мардина монд, агар Наҷибро ба инобат нагирем, зеро ӯ нав чордаҳсола аст.

Мӯсафедони деҳа низ расида омаданд. Бо маслиҳати Эшони Саидумар Шарифро ба назди имомхатиби масҷиди маҳаллаи боло домулло Қамариддин фиристоданд, то ки омада намози ҷанозаи марҳумро хонад, зеро домуллои масҷиди худашон бемор буд. Майитро барои шуста кафан кардан ба хонаи дарун оварданд. Баъди анҷоми кор ҷисми беҷони Фарҳодро, ки бо матои сафед пӯшонида буданд, бароварда дохили тобут гузоштанд. Аз имомхатиб дараке набуд. Хешовандон бо Фарҳод видоъ мекарданд, хусусан, модараш зиёд абгор шуда буд. Хост бори охир симои писари ягонаашро бубинад, аммо ҷуръат накарду аз ҳуш рафт. Занҳо момаи Мавлонбиро бо як азоб ба ҳуш оварданд. Ӯ боз аз ҳуш рафт, зеро дигар мадораш намонда буд.

Домулло Қамариддин низ омаду ба соҳибони майит изҳори ҳамдардӣ намуд. Сипас, онҳоро каме насиҳат кард, ки мо аз они Худоем ва бозгаштамон ҷониби Ӯст. Кай омадану кай рафтанамон маълум нест. Бинобар ин бисёр гиря накунед, ки руҳи марҳумро ношод месозед. Баъдан тобутро бардоштанд. Вақте ба масҷид расиданд, домулло сабаби марги Фарҳодро пурсид ва Шариф ҷавоб дод, ки аз нӯшидани зиёд қалбаш аз таппидан бозмондааст. Домулло хондани намози ҷанозаро қабул накард ва гуфт, ки барояш ҷаноза кардан дуруст нест. Ҳарчанд амаку тағоиҳои Фарҳод зорӣ намуданд ҳам, намози ҷанозааш хонда нашуд. Мурдаро бе ҷаноза бурда гӯру чӯб намуданд. Тибқи таомул баъди гузоштани 7 қадам аз назди қабр бобои Камол ба ҳозирин рӯ оварда гуфт:

— Азизонам, биёед сифати Фарҳодҷонро мекунем, ки ӯ чӣ гуна шахс буд. Ман ӯро марди оқиле мешуморам. Илоҳо, маконаш гулзори Ҷаннат шавад!

Ин ҳангом аз миёни ҳозирин касе ба мӯйсафед муроҷиат карда гуфт:

— Бобо, ақлатонро хӯрдаед, магар!? Чӣ гуна марди оқил буд, ки аз ин дунё бе ҷаноза рафт? Дар ҳаёташ ҳаргиз намоз нахондаву рӯза нагирифта буд. Зану фарзандон ва модари муштипараш аз дасти ӯ рӯзи хуше надоштанд. Пайваста менӯшиду омада онҳоро лағадкӯб мекард. Ҳатто, бе имон сафар кард.

Камолбобо ба он ҷавон, ки Фариддун ном дошта дар ҳамсоягии Фарҳодино мезист, нигариста гуфт:

— Писарам, ин хел нагӯю дар ҳаққаш дуои нек кун! Худованд бахшанда ва меҳрубон аст.

Баъди дафни Фарҳод Далер ба хона омад. Аллакай намози шом фаро расида буд. Ҳамсараш хӯрок овард, аммо дилаш чизе намекашид. Симои Фарҳоди ноком ҳамеша пеши назараш буд.

Далер хурсанд буду меболид, ки хушбахтона бо ҳидоятҳои ҳамсараш аз майпарастӣ халос шуду соҳиби кор ва оилаи тифоқ аст. Ӯ  дар бахши ҷавонони ноҳия муҳосиб шуда кор мекунаду маоши хубе мегирад. Ҳар гоҳ ки арақнӯшии нафареро бинад, нолаҳои зори модари Фарҳоди ғуррамарг ба хотираш меоянд ва мепиндорад, ки дар дохили ҷом арақ нею ашки чашмони ҳазорон модари зор ҷамъ шудаанд. Оре, марги Фарҳод оинаи зиндае буд дар ҳаёти Далер, ки ӯ аз ин сабақи хубе гирифту минбаъд ҳаргиз ҷоми май бар лаб намебарад ва то хуни баданаш дар гардиш аст, мекӯшад то фарзандони накӯе тарбият созад, ки оянда дастгиру ғамхораш шаванд…

                                                                                                                                                          Мирсаид Сатториён

Мирсаид Сатториён

Мирсаид Сатториён донишҷӯи соли дуюми ихтисоси журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикситон аст. Ӯ зодаи ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод буда, 26 - уми январи соли 2000 дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2017 баъди хатми МТМУ 8 -и зодгоҳаш тариқи Марази миллии тестӣ ба ДМТ (рӯзона, буҷҷавӣ, тоҷикӣ) дохил шудааст. Ӯ давоми таҳсил дар мактаб ва донишгоҳ матолиби зиёде дар матбуоти даврии кишвар нашр кардааст. ҲҲамзамон, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.