Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Диёри арҷманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод, Саодати ту, давлати ту бегазанд бод, Зи дурии замонаҳо расидаем, Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем, Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Барои нангу номи мо, Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ, Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ Хазон намерасад ба навбаҳори ту … Читать далееСуруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шириншоҳ Шоҳтемур

Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди деҳқон аз деҳаи Поршиневи волости Шуғнони Помири ғарбӣ ҳаст. Соли 1899 дар деҳаи номбурда таваллуд ёфт. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида зиндагии хеле қашшоққона доштанд. Дар ҳоли ҳозир дар қайди ҳаёт нестанд. Тахминан соли 1908 ё соли 1909, вақте ки 8-9 сола буд, онҳо аз олам гузаштанд. Аслу насаби падараш аҳли рӯҳонист, … Читать далееШириншоҳ Шоҳтемур

Марди ҳамеша хурсанд

Буд, набуд, як подшоҳу як вазир буд. Як рӯз подшоҳ ба вазир гуфт: — Хеле вақт аст, ки аз дарбор берун нашудаем, биё, сайри саҳро кунему ғубор аз диламон барорем. Вазир гуфт: — Гапи маъқул мегӯед, подшоҳам, сайру гашт кунему бинем, ки дар мамлакат чӣ гапҳо ҳаст, кӣ чӣ хел зиндагӣ мекунад. Подшоҳу вазир ба … Читать далееМарди ҳамеша хурсанд

Духтари зирак ва марди танбал

Як подшоҳе буд. Ду вазир дошт ӯ. Яке вазири дасти рост буд ва дигаре вазири дасти чап. Боре подшоҳ ҳамроҳи вазири дасти рости худ ба шикор рафт. Ҳамин, ки онҳо машғули шикор шуданд, дар болои сарашон зоғе пайдо шуду қар-қар кард. — Зоғ чӣ гуфт? — пурсид подшоҳ, аз вазир. — Намедонам, — ҷавоб дод … Читать далееДухтари зирак ва марди танбал

Навозандагони ҷангал

Шахсе хар дошт. Вай солҳои зиёд ба соҳибаш хизмат карда буд. Вай хеле сабру таҳаммул карда аз ҷангал барои гармидиҳӣ ҳезум ва аз осёб орд меовард. Аммо вай акнун пир шуд ва қувваҳои баданаш ӯро тарк карда буданд ва барои хизмат кардан бекора гардид. Баъдан соҳибаш хост аз ӯ дур шавад. Хар инро фаҳмид, ки … Читать далееНавозандагони ҷангал

Саги чашмгурусна

Саге дар пеши дӯкони қассоб устухоне ёфту, саросема ба даҳонаш гирифта гурехта рафт. Якчанд саги дигар дида, аз пасаш давиданд. Саг бо тамоми қувваташ тохта, худро ба тарафи дарё заду аз кӯпрук гузашта истода, назараш ба об афтода монд. Дид, ки як саги дигар устухони калонро ба даҳан гирифта, баробари ӯ медавид. Ин акси худи … Читать далееСаги чашмгурусна

Сенарияи «Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихор»

Сенарияи гузаронидани конференсияи илмӣ-бадеӣ дар гимназияи ба номи Низомии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихор» бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷойи гузаронидан: Гимназияи ба номи Азимӣ Вақти гузаронидан: аз соати 10-00 то 11-30 Санаи гузаронидан: 28 октябри cоли 2010 Барандаи 1: Тоҷикистони азизам, парчамат поянда бод, Мавҷзан дар … Читать далееСенарияи «Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихор»

Шеърҳо оиди ҷашни Сада

Яке ҷашн кард шабу бода х(в)ард, Сада номи он ҷашни фархунда кард. Абурайҳони Берунӣ Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад, Ин оини Каюмарсу Исфандиёр бошад. Манучеҳрии Домғонӣ Сада ҷашни мулуки номдор аст, Зи Афридуну аз Ҷом ёдгор аст. Унсури Балхӣ Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор, Паси ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр. Фирдавсӣ …К-ӯро фурӯғе … Читать далееШеърҳо оиди ҷашни Сада

Ҳасанак

Дар олам Ҳасанак ном ҷавоне буд. Шаҳр ба шаҳр мегашту деҳ ба деҳ. Рӯзе Ҳасанак ба шаҳре омад. Дар он ҷо мардум камбағалона зиндагонӣ мекарданд. Бисёриҳо аз гуруснагӣ мемурданд. Бисёре аз хонаҳо холӣ буд. Ҳасанак ба кӯҳ рафта, ҳезум ҷамъ кард. Баъд ба шаҳр оварду фурӯхт. Боз ба кӯҳ рафту ҳезум ҷамъ карду оварда фурӯхт. … Читать далееҲасанак

«The Canberra Times» — Оинаи Австралия.

Австралия материки нимҷазираи ҷанубист, ки ҳамчун қитъаи панҷум шуҳрат дорад. Тибқи мадорики таърихиву географӣ Австралияро сайёҳи маъруфи ҳолландӣ В. Янсзон соли 1606 кашф намудааст. Баъдан бо гузашти айём ва тақозои замон дар асрҳои XVII – XVIII баҳрнавардони ҳолландию англис Абел Тасман, Ҷеймс Кук, Макрос Флинлерс ва дигарон ба тадқиқи баъзе аз паҳлӯҳои он машғул шуданд. … Читать далее«The Canberra Times» — Оинаи Австралия.

Об: Аз хусусият то захира

Об калонтарин захира дар рӯи Замин аст. Агар масоҳати тамоми кураи Замин 510 млн км2 бошад, аз он 361 млн км2 ё худ 70%-и қисми болоии заминро об дар бар мегирад. Об барои сайёраи Замин шакли такрорнашавандаро медиҳад ва бо ҳамин он аз дигар сайёраҳои системаи офтобӣ фарқ мекунад.  Пайдоиши ин муъҷизаи беҳамторо дар кураи … Читать далееОб: Аз хусусият то захира

Сенарияи гузаронидани ҷашни «Рӯзи артиши миллӣ»

Барандаи 1. Салом аз ҷониби мо ҷумла ёронро салом Ҳар кӣ моро дӯст дорад дӯстдоронро салом Ҳар кадоме пеш гӯяд, эй сарбозон зинда бош, Бар калонон бандаему ҷумла ёронро салом Салому дуруди моро бипазиред, омӯзгорон ва ҳозирини гиромӣ. Ҷамъ омадани яко яки мову шумо дар саҳна бе сабаб нест. Мо имрӯз ҷамъ омадем, то рӯи … Читать далееСенарияи гузаронидани ҷашни «Рӯзи артиши миллӣ»

Ном ва номгузорӣ

Маълум аст, ки тамоми махлуқоти олам, ашёи ҳастӣ номи худро дорад, ки инро гузаштагони донишмандони мо ба иҷро расонидаанд. Аксари номҳои мондашуда мувофиқи хислату хусусият, атвору хулқу одати волидон ва ё сурату шаклу шамоили зодашудагон гузошта мешаванд. Ба муҳити ҷуғрофӣ, олами набототу ҳайвонот низ ба ҳамин васила ном гузоштаанд. Мо дар ҳаёти худ бо номҳои … Читать далееНом ва номгузорӣ

Ду бузича

Буд набуд, ду бузича буд, яке сиёҳу дигаре сафед. Бузичаҳо дар ду канори ҷӯй мечариданд… Эй ҷӯра, ба ин тараф гузар якҷоя бозӣ мекунем! -гуфт рӯзе бузичаи сиёҳ ба сафед. Не,ту худат ба ин тараф биё! -гуфт бузичаи сафед. Хуб, ман ба назди ту мегузарам, гуфт бузичаи сиёҳ. Не ман назди ту меравам! -гуфт бузичаи … Читать далееДу бузича

Ҷавонон пайрави Пешвои миллат

Тоҷикистони софу беғубор. Дар зери осмони он фазои оромӣ, сулҳу амонӣ, ободии диёр, роҳҳои ҳамвору зебо, барафрозии корхонаву нерӯгоҳҳо ба назар мерасад, ки ҳамаи ин шарофати Истиқлолият ва Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо ҷавонон, бояд фахр кунем, ки зодаи ин сарзаминем ва насли миллати дорои фарҳангу … Читать далееҶавонон пайрави Пешвои миллат

Рӯбоҳ ва паланг

Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш гирифт. Гурехта рафта истода буд, ки ҷарии чукуре баромад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданашро надониста, ба болои як санги калон … Читать далееРӯбоҳ ва паланг

Мавзўъ ва мундариҷаи идеявии лирикаи Мирзо Турсунзода

Устод Турсунзода нахустин чакидаҳои табъашро дар жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, рубоӣ, мураббаъ, мусамман, мусаддас, қитъа ва ғайра иншо намуда буд ва ин амали хешро то поёни рўзгораш идома дод. Мавзўи асарҳои лирикии шоир гуногун буда, паҳлуҳои мухталифи ҳаётан муҳими одамони ҷомеаро дар бар мегиранд. Дар ашъори адиб тамоми намудҳои лирика ба назар мерасанд, вале лирикаи … Читать далееМавзўъ ва мундариҷаи идеявии лирикаи Мирзо Турсунзода

Машғулиятҳои мустақилона

Ҳангоми ба машғулиятхои мустақилонаи ҷисмонӣ шуруъ намудан вазъи саломатии худро ҳатман ба назар гиред ва дар ҳолати худро бад ҳис кардан бо духтур, омузгори тарбияи ҷисмонӣ ё мураббии худ оид ба машкҳо муроҷиат кунед. Ин хеле муҳим аст.  Ҳангоми ба машқҳои мунтазами ҷисмонӣ шуруъ намудан, аз худ кардани қоидаҳои асосии иҷроиши машқҳоро аз худ намоед. … Читать далееМашғулиятҳои мустақилона

Мирзо Турсунзода

Ба хотири шоири бузург, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷози сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд меорам. Ч. Айтматов. Тарҷумаи ҳол Моҳи октябри соли 1975 вақти хазонрез буду ҳаво сард. Мо чаҳор нафар толибилм аз Душанбе озими Маскав шудем. Чун ба манзил расидем, аллакай шаб доман паҳн карда буд. Мо хостем … Читать далееМирзо Турсунзода

Мероси адабии Мирзо Турсунзода

Ҳар як эҷодкор бо рўзгори хеш пайванди ногусастанӣ дорад. Вай пеш аз ҳама, фарзанди ҳамон айём буда, дар осори хеш ҳодисоту воқеоти рўзгори хешро инъикос менамояд. Чӣ хел ба қалам додану ҳал намудани ин масъала ба афкор, ҷаҳонбинӣ ва ҳунару истеъдоди фитрии ў вобастагии қавӣ дорад. Мирзо Турсунзода ҳам фарзанди замони худ буд. Ў солҳои … Читать далееМероси адабии Мирзо Турсунзода