Эй даҳр…

Умари Хайём маҳсули афкори иҷтимоӣ ва фалсафии асри XI ва XII мебошад. Аз ин ҷост, ки дар оинаи ақли хеш замони хешро аксандозӣ мекунад. Азбаски дар он замон на ҳар гуна суханро метавонист ошкоро бигўяд, бо сохтани ибораҳои халосгар «эй даҳр», «эй чарх», «фалак», «давр», «лайлу наҳор», «қавм», «доранда» ва ғайра ақидаҳои пешқадам ва фошгари худро ба силки назм мекашад:

Эй даҳр, ба зулмҳои худ мўътарифӣ,
Дар хонақаҳи ҷабру ситам мўътакифӣ.
Неъмат ба хасон диҳиву нақмат ба касон,
3- ин ҳар ду бурун нест, харӣ ё ҳарифӣ?!!

Ва:

Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям,
Озод кунам, ки лоиқи банд наям…

Хайём бар он ақида аст, ки майли замонааш «бо бехираду ноаҳл аст». Ў ҳамчун ринди ҳаётдўст, ҳамнафаси хосу ом, ғамхору ғамзудои аҳли меҳнату ҳунар алайҳи беадолатиҳо кўшида, илоҷи рафъ, несту нобуд кардани нокомиҳо, зулму асорат, макру фиреб, ғорату хунрезӣ, ҷангу ҷидолро наёфта, бар зидди «фалак» исён эълон мекунад, бар зидди фалаки ҳазор бор бечоратар аз инсон (Ҳамаи гуноҳҳо дар замин сар мезананду ба осмон ҳавола мекунем. Аҷиб «кашфиёте»):

Гар бар фалакам даст даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В- аз нав фалаки дигар чунон сохтаме,
К- озода ба коми дил расидӣ осон!

Хайём дар як рубоиаш чунин ақидаеро пеш овардааст: инсон бояд дар ҷаҳони ҳастӣ «насиби хеш бирбояд», вагарна насиби ў бирбоянд дигарон, амсоли оне, ки «тоҷирони» навбаромади аз паскўчаҳои тиҷорат нагузаштаи аҳди мо (бахусус Тоҷикистон) ҳаққи қариб ҳамаи аҳли меҳнат, беваву бечора мерабоянд. Хайём ақидаҳои фавқашро густариш дода, савол медиҳад, ки чаро ин чархи кўри нилӣ боре ба муроди мо намегардад:

Чун чарх ба коми як хирадманд нагашт,
Ту хоҳ фалак ҳафт шумар, хоҳӣ ҳашт.
Чун бояд мурду орзўҳо ҳама ҳишт,
Чи мўр хўрад ба гўр, чи гург ба дашт.

Чунин андеша, яъне ба коми инсон ва ҳатто «як хирадманд нагаштани» фалакро дар дигар рубоиҳои Хайём низ метавон пайдо кард:

Чун кор на бар муроди мо хоҳад буд,
Андешаву ҷаҳли мо куҷо хоҳад буд?

Ба назарам рўҳи бешикасти ў, ки фармуда: Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям, Озодам кун, ки лоиқи банд наям.
Ба ақидаи мо ибораи «лоиқи банд наям», танзест алайҳи «чарх» ва пешсаф ва пешдаст будани Хайём дар аҳди хеш
Агар гўем: рўзе, ки ду чашми Хайём аз баҳри рафъи ғами халоиқ гиря намекард, дар шаҳр ягон осиё намегашт, агар он андаке бошад ҳам бо рубоиёташ ба муроди мардум намерасид, гардун ба муроди инсонҳо намерасид, саҳв нест.
Аҷиб сарнавиште доштааст Хайём. Хубӣ кардаву аз нотавонбинон бадӣ медида. Борҳо бар зидди ин ҷаҳонбини ҳақ маъракаҳои зиддихайёмӣ ташкил шуда. Соли 1095 ҷаҳолатпарастони мутаассиб — рўҳониёни ислом бо баҳонаи «мубориза бар зидди шаккокони дину Яздон» дар Нишобур қатли ом ташкил мекунанд. Хайём бо мақсади аз балои қатл наҷот ёфтан ва ҳимояи худ ба зиёрати Макка рафт ва баъди баргаштан ба хулосае омада, ки: «Бутхонаву Каъба хонаи бандагӣ аст».
Хайём ҷоми бодаи ғам нўшида мегўяд:

Афлок, ки ҷуз гам нафизоянд дигар,
Бинҳанд яке, то бирабоянд дигар.
Ноомадагон агар бидонанд, ки мо
Аз даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.

Хайём розкушои даҳр, «парчами озофикрӣ дар тамоми таърихи асрҳои миёна» (Холиқ Мирзозода), ифодагари шодкомиҳои заминӣ, ашъораш «филизи асили ҷарангосӣ» (Фитсҷералд), сарнавиштсарой, чакидаҳои хомааш ченаки ақлу тамиз, садои абадият буда сармояҷўёни ҳаромхораи хуни мардумошомро сахт маҳкум карда, ки орзуи ширини ҷамеи инсонҳои поксириштро пеш меорад:

Гар даст ба лавҳаи қазо доштаме,
Бар майлу муроди хеш бингоштаме.
Ғамро зи ҷаҳон яксара бардоштаме
В- аз шодӣ сар ба чарх афроштаме.