Мақоми Инсон

Хайём худ тимсоли ҷовидона, мураккаб, зебо ва дилпазири рубоиҳои худ буда, дар сатрҳои кўтоҳ — кохҳои забарҷадии мунаққашу оддиэҷоду олимазмун аввал Инсонро бо муҳаббати бузург ситоиш намуда, онро бо худаш шиносонида:

Мақсуд зи кулли офариниш моем,
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштариест,
Беҳ ҳеч шак(к)е, нақши нигинаш моем.

Чун инсон дар доираи офариниш чунин мақоми баланд дорад, Хайём ӯро ба худшиносӣ, азиз донистани ҳар лаҳзаи умр даъват кардаву гуфта: «Бирбой насиби хеш, к-ат бирбоянд»; «Ғам хўрдани беҳуда куҷо дорад суд»; «Хуш бошу ғами ҷаҳони нобуда махўр», «Дар олами ҷон баҳуш мебояд буд», «Магрой бад-ин, ки оқилон нагроянд»; «Ҳуш дор, ки рўзгор шўрангез аст». Ва хулоса мекунад: дар доираи ҷаҳони гирдгардони чу ангуштарӣ чашми хирад — «гавҳари биниш, бе ҳеч шак(к) — е нақши нигинаш» моем. Чунин дурри олии маъниро фақат Хайём, ки мағзаш олӣ буд, гуфта тавонист. Зеро ў ҷонашро бо донишу ҳикмат биорост, танро ба кору кўшиш водор кард ва дигаронро ба он ҳидоят намуд, маънии ҳақиқии ҳаёт ва рўҳи бедору дили зиндаашро бо офаридани каломи покаш ба хидмати хосу ом сафарбар намуда гуфт:
Эй Инсон:

Аз гардиши рўзгор баҳре баргир,
Бар тахти тараб нишин ба каф соғар гир.
Аз тоату маъсият Худо мустағнист,
Боре ту муроди худ зи олам баргир.

Хайём ҳаёт, ҳастӣ, инсон, ин фалакро бо гулистонҳои пурситорааш, ин оламро бо буду набудаш, шўру шараш, табиатро бо манзараҳои ҳайратгузор, хуршеди камандафкан, сабои чокгари домани нозуки гулҳо, абри сиришкрез ва гардрабо аз рухи гулзор, тарфи чаманро бо ёру ҳамдил, лаби киштро бо косаи оби хунук, гўшаи танҳоиро бо ҳамнафас бо ҷому бода, нолаи чанг, тири нигоҳи ғаммоз, ку-куи фохтаҳоро бар сари девори қасрҳо, ситонидани бўсаи ташнагар аз лаби кўзаву лаби ёр, комёб шудан аз ҳар нафасро дўст медошт. Ин аст, ки садо дармедиҳад:

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон,
Умр аст: бад — он сон гузаронӣ, гузарад.
Дар фасли баҳор агар буте ҳурсиришт,
Як соғари май диҳад маро бар лаби кишт.
Ҳар чанд ба назди омма ин бошад зишт.
Саг беҳ зи ман аст, агар кунам ёди биҳишт.

Хайём ҳамчун шоири баландпоя ва олипиндори мақоми инсон
талқин менамояд, ки нашояд ба касе ҳоким буду ба касе мутеъ:

Дар даҳр ҳар он ки ним ноне дорад,
Ё дархури хеш ошёне дорад,
Не ходими кас бувад, на махдуми касе,
Гў: Шод бизӣ, ки хуш ҷаҳоне дорад.

Дар ин рубоӣ фикри озодихоҳии ин бузугмард ҳувайдост. Ба гуфтаи худаш ақлаш ҳамеша дар таҳайюр будааст. На ҳамеша метавониста, ки фикрашро озодона бигўяд:

Асрори ҷаҳон чунон ки дар дафтари мост,
Гуфтан натавон, ки он вуболи сари мост.