Дар Ситоиши Хайём

Хайёмро чунин васф кардаанд: «Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ» (Низомии Арўзии Самарқандӣ), «Аз машоҳири ҳукамои ҷаҳон ва аз наводири шуарои замон» (Ризоқулихони Ҳидоят), «Ҳакими Нишобурӣ марди фавқулодда» (Ризо Файласуф), «Устод, файласуф, Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ» (Байҳақӣ), «Ватандори ду ватан» (Е. Долматовский) .
Ӯро дар тўли беш аз 900 сол бо номҳои «Ҳаким, Ҳуҷҷат-ул-Хаққ, Хоҷа, Имом, ал-Файласуф, Ҳакими ҷаҳон, Файласуфи гетӣ, Шайх-ул-имом, Аллома, Роҳбалади фузало, Султонулуламо, Маликулҳукамо, Имоми Хуросон, Нодираи фалак, Ҳакими ориф, Саромади замон, Сайид-ул-муҳаққиқин, Валиюляқин, Шоири нодирагуфтор…» ёдовар мешаванд.
Хоқонии Шервонӣ (1120 — 1198) дар як номаи кўтоҳаш ба Шервоншоҳ менависад: «Ҳазор сол осмон ва ахтарони ў бояд бигардад то аз осиёби дунё як донае дуруст ба сони Умари Хайём берун ояд.»
Адабиётшиноси нуктасанҷи тоҷик Xолиқ Мирзозода дуруст навишта, ки «Хайём ҳамчун бузургтарин шоир, файласуф дар таърихи фикрҳои фалсафӣ ва адабии форсу тоҷик мавқеи ба худ хоса дорад. Рубоиҳои ў дар тамоми давраҳои асри миёна ҳамчун байрақи озодӣ ва мубориза хизмат кардааст. Аксарияти озодфикрон дар зери таъсири ғояҳои ў тарбия ёфта, ба муқобили душманони феодалӣ ва динии худ мубориза бурдаанд».
Ягонӣ — донишманди эронӣ гуфта: Ҳар як аз осори Саъдӣ ва Ҳофиз дар ҳар кадом забонҳои милали шарқӣ чандин бор тарҷума шуда ва ҳар як аз ин тарҷумаҳо чандин маротиба, чанд ҷур ба табъ расидааст, бо вуҷуди маротиб ҳеч як аз ин суханварони номӣ дар мамолики мағрибзамин шўҳрати хориқулоддае, ки мўҷиби ҳайрат ва истеъдоди Хайём гардад, наёфтааст.»‘
Бино ба гуфтаи маъруфтарин шоири давраи малика Виктория Алфред Теннисон: «Умари Хайём шоирест муъодили хуршеде, ки худро дар фазо пуртоб кардааст. Яъне ҳамаро ва ба ҳама ҷо рўшанӣ мебахшад ва худ такягоҳе надорад«.
Расул Ҳамзатов – шоири Доғистон:

Гўӣ аз қаъри маъбаде омад,
Посухи ў ба лаҳни сеҳрангез:
Давлату ганҷи сармади Хайём,
Аз барои ҳама ҷаҳон кофист.

Мустафои Бодкўбаи Ҳаҷовоӣ, муаллифи китоби «Зиндагии Хайём» (чопхонаи Фароин, Теҳрон, чопи панҷум, 1375) мегўяд: «Яке аз пуровозатарин қуллаҳои рафеъи илм, ҳикмат, фалсафа ва риёзиёт ва адаби ноби порсӣ — Ҳаким, Имом, Ҳуҷҷат-ул-Ҳақ, Ғиёсуддин Хоҷа Абулфатҳ Умар ибни Иброҳим Хайёмӣ (Хайём) аст… Номи нобиға Ҳуҷҷат аст»
Усмон Назир – донишманди тоҷик: «Хайём тасвиргари нотакрор аст. Ӯро дар ҳикмат метавон Абўалӣ Сино, дар риёзиёт саромади фузало, дар сухангустарӣ булбули шайдо номид».
Нависадаи булғор Иордан Милев дар китоби ёддоштҳояш «Одам ва бодияҳо» менависад: «…Ҳикматгўии орифонаву шеъргўӣ, ки амри дил аст, танҳо хоси порсист, …баъзан ба мо даст медиҳад, ки ба шарофати соҳибистеъдодони алоҳида дурдонаҳои ҳақиқиро падид кунем, ки андўҳҳои рўҳу умеди он миллат буда, шаҳодати ба дарди шуаро нахўрдани хайру инъомҳои ҳокимони шўҳратталаб гарданд. Ҳамин хел истеъдоди хориқулоддаро Ҳаким Умари Хайём доро буд… Ӯ (Хайём) тамоми зиндагии хешро сарфи осори пурарзиши илмӣ карда, барои башарият бозёфтҳои тозаеро эхдо намудааст… Суханпаҳлавонон саробҳои куҳансарои ҷафокашро бо ҳазорон панҷаи хатту адаб муҳофизат мекарданд. Ў танҳо бо рубоиёташ ба маҷрои зиндагӣ равобит баста метавонисту бас.
Ў чунин меҳисобид, ки барояш чаҳор мисраъ кифоя аст он андешаҳое, ки дигар шоирон ба василаи чорсад мисраъ ифода кардаанд, дар онҳо гунҷонад. Ў ба ин чаҳор, ки пайконҳоро ба хотири кас меоранд, чангу ғубор ва торикиҳои лиқои асрҳоро шикофта метавонист. Чаҳор андеша монанди лоҷвард ўро бидуни тоҷу тахт шаҳаншоҳ кардаанд».
Муаллифи романи бисёр олиҷаноб оид ба сарнавишти Хайём Георгий Гулиа «Сказание об Омаре Хайяме» дар охирсуханаш навиштааст: «Омар Хайям — самая интересная фигура в ряду звёзд персидской литературы… Хайяма — поэта чтят в Иране, и особенно те, кто любит внсокое поэтическое мастерство и глубокую мысль…Стихи Омара Хайяма сверкают одинаково: на них не отразились морщины поэта или ударн усталого сердца.
Омар Хайям писал стихи всю жизнь. И не мог не писать. Ибо это бьшо потребностью».

Кошонаи Хайём

Зиёратгоҳи аҳли дил бувад кошонаи Хайём,
Нишобур — боғшаҳру шершаҳру хонаи Хайём.
Ҷаҳон то бошаду бошем, то май бошаду соқӣ,
Ғубори дил барорад нашъаи хумхонаи Хайём.
Хазон гардад ҳама буду набуди олами рўъё,
Бирўяд дар замини орзўҳо донаи Хайём.
Ҷаҳондорон рабуда бонувони ҳури ҷаннатро,
Набошад ҳеч зан зеботар аз ҷононаи Хайём.
Будӣ дилдодаи ҷоми лабу бўсу канори гарм,
Будӣ ҳар сатри рубоиш наврўзонаи Хайём.
Манам дар ошиқӣ шогирди навомўзи даргоҳаш,
Маро афсун намояд дам ба дам афсонаи Хайём.
Зи аршу Нўҳ Фалак болост мавқею мароми ў,
Кунад парвоз симурғи калом аз лонаи Хайём.
Кунад мастам шароби ҷонфизои шеъри волояш,
Бихонандам азизон доимо девонаи Хайём.
Ба мисли ў касе накшуда ҳаргиз рози гетиро.
Ҷаҳон з-ин рў бувад бо тардишаш парвонаи Хайём.
Ба шодию ғами дунё абад ў соқии давр аст,
Зи каф магзор ҳусни базм, ту паймонаи Хайём.
Диҳад умри бафайзу безаволу комрониҳо,
Каломи осмонию руҳи нуронии Хайём.
Бигўяндӣ азизи ҷони ҷонҳо — Ҳуҷҷатулҳақро,
Сари зулфи сухан, Оташ, кушо, бо шонаи Хайём.

Оташ (Усмон Назир)

Ҷон Роскин — мунаққиди англис: «Рубоиёти Хайём латифтарин таронаҳое ҳаст, ки монандашонро нахонда ва надидаем»