Маргу зист

Ибрози назар оид ба масъалаи маргу зист мураккабу нозук аст. Дарк мекунем, ки Инсон бузургтарин офаридаи табиат мебошад. Замин гаҳвораи аҷзу ниёз, гиру дор, такопў, ҳарбу зарб, набардгоҳи шоҳу гадо, кору пайкори неку бад, маргу зист, шодиву ғам, хунистони гўёи безабон, биҳишту дўзахи оламиён аст, онест, ки ҳамаро ба оғўши худ ҷой медиҳад: баду хуб, разилу пок, одамкушу офарандаро… Агар синаи Замин бишкофем, дил ба фиғон меояд, дуди оҳамон ба фалак мепечаду шўъла меафрўзад, абри тира чашмони ҳамабини Худои банданавозро хира мегардонад, ҷилои ахтарони осмон — посбонони мурдагону зиндагон, нури хуршедро пардаи сиёҳ мепўшонад. Агар дили заминро бишкофем, аз қаъри он, аз ҳар канори он садои инсонҳои ба мурод нарасида, нидои ошиқони ҷоми ишрат начашида, фиғони дилдодагони ба коми дил мушарраф нагашта, нолаи орзупарварони ғўрамарг, мардони донову лолаузорони хазонтабассум, оҳи дилбарони дастонашон ба гардани ёр ҳалқа нагашта, оҳи пурсўзи баъзе тоҷдорони хайрхоҳи нийятҳояшонро амалӣ нагардонида, бўи ғамомези дуди оҳи сарони бадкину дунёхоҳон, ташнагони молу зару хун, гурусначашмони ақрабкеш ва аз батни шайтони лаъин зоидашуда, боз ҳазорҳо овозҳои мағрубу мағшуш ба гўш мерасад.
Ҳамин аст, ки фалсафаи маргу зист садҳо даҳоёни сухан, аз ҷумла Хайёмро ба шарҳу баён, тасвири он муаммоҳо водор сохта.

Гарчанд ки рӯю мӯи зебост маро,
Чун лола руху чу савр болост маро,
Маълум нашуд, ки андар ин гулшани даҳр,
Наққоши азал баҳри чӣ орост маро?!

3-овардани ман набуд гардунро суд,
В-аз бурдани ман ба иззу ҷоҳаш нафузуд.
В-аз ҳеч касе низ ду гўшам нашунуд,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣ буд?

Дигар илоҷе надошт, ҳар шаб аз осмони ғамзада ситорае ба замин меафтид, вале он ҳама шабҳо ғарқи ситораҳо, дафтари даҳр, дафтари умри ҳамагон буд ва «Одамият, рафъи фалак, даъвӣ аз он сўи фалак мекард» (Низомии Ганҷавӣ).Хайём бахусус аз шикастани сару дастони симин, пойҳои дилрабои нозанинон басо малул буд.

Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,
Сад бўса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш.
В-ин кўзагари даҳр чунин ҷоми латиф,
Месозаду боз боз бар замин мезанадаш.

Ҳар сабза, ки бар канори ҷӯе будаст,
Гўӣ, ки хати фариштахўе будаст.
То бар сари сабза по ба хорӣ наниҳӣ,
К-он сабза зи хоки лоларўе будаст.

Садҳо бор баҳри зудудани ғамҳо рў ба тавсифи иғроқомези маю соқӣ овардани шоири соҳир аз ҳамин ҷост. Варна аз куҷо Хайём «бода ба ҷоми якманӣ мекард…».Хайём маргу зистро бо махсусияти ҳайратовар, бо мўшикофии ҳакимона, гоҳе бо малеҳияти тому гаҳе бо тундии душманкуш ифода мекунад:

Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест,
Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву Ҷамест.
Аҳволи ҷаҳону балки гетӣ яксар,
Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.

Маргу нопойдории ҷаҳонро ҳар лаҳза ба хотири Инсон расонидани Хайём маънии онро дорад, ки ба қавли ҳазрати Зардушт «Ҳар кас бояд амалан ба ободӣ бикўшад ва худ поягузори саодати худ бошад», «хуш бошаду умр барбод мадиҳад» (Хайём). Бозиҳои тақдир, ҳайратзадагӣ аз кори ҷаҳонро Хайём ба мавзўи маргу зист пайваста, чӣ будани мафҳуми ҷаҳонро амиқу равшан менигорад:

Нақшест, ки бар вуҷуди мо рехтаӣ,
Сад булаҷабӣ зи мо барангехтаӣ.
Ман з- он беҳ аз ин наметавонам будан,
К-аз бута маро бад-он сифат рехтаӣ.

Хайём баъди марг ҷуз дили хок манзилгаҳ набуданро хуб дарк намуда, хулосаи бебаҳсе бароварда, ки чу марг даррасад — «Ҷуз дар дили хоки тира манзилгаҳ нест!» Оре, ҳамин тавр аст. Вале Хайём некбинона мефармояд, чун дармегузарӣ (чун оқибати кор ҳамин хоҳад буд), пас:

Хуррам бизию ҷаҳон ба шодӣ гузарон,
Тадбир на бо ту кардаанд дар аввали кор!