Манзури Хайём аз шароби ноб чӣ чизе буда?

Дар эҷодиёти Хайём тавсифи май мақоми хоса дорад. Ин намунаи закои инсонӣ алайҳи мутаассибони гузарое, ки баҳри ақли инсониро занҷирбанд, дилашро аз хушиҳои ҳаёт сард, дасташро дар доманаи фалак муаллақ мондану дар ҷони тираашон ғашдоруи ороминогузор рехтан мекўшиданд аз ин тимсоли аҷиб — образи май бо камоли маҳорату ҳунармандӣ истифода бурд. Пеш аз Хайём низ қаламкашон майро сутудаанд, вале Хайём ба он файзи наву хоса бахшид. Ӯ бодахўр набуд ва манзураш аз даъват бо бодапаймоӣ, шодкомӣ, бўсу канор ва ғайра бозгў ва фош кардани сирату симои хақиқии ашхосе буд, ки ба қавли Хоҷа Ҳофиз «Чун ба хилват мераванд в-он кори дигар мекунанд». Образҳои дар ин замина офаридаи ў -гил, кўза, кўзагарон, хоки падарон, май, соқӣ, чарх, адам, бода, иблис, гардун, тараб, андўҳ, шароб, хишти сар, майи муғона, гулу сабза, кўҳнаработ, базм, олам, бути ёқутлаб, чавгони қазо, дафтари умр, шабнам, мижа, тўфон, чарху афлок, об, дарё, асрори ҷаҳон, хуршед, қофилаи умр, ҷуръаи хуршеди сипеҳр, ибриқ, сабо, домани гул, пиёла, косагар, сабў, лаъли муҷоб, коргаҳи кўзагар, наварўси раз, дайру куништ ва ғайра ба рубоиёти шоир таровати вижа бахшида, чунон дилрасу дилрабоянд, ки кас аз шунидану тасаввурашон дар зеҳн ҳаргиз сер намешавад. Худи Хайём мақсади аслиашро аз корбурди ин гуна вожаву таъбирҳо хеле хуб баён карда:

Донӣ ғаразам зи майпарастӣ чӣ бувад?
То ман чу ту хештанпарастӣ накунам.

Ва бо танз мегўяд: «Илло ба қадаҳ дароздастӣ накунам» ва: «Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод». Ба андешаи уламои мутаассиби дин инсонро ҳама хушнудиву кайфиятҳои бешумор, аз қабили қасри ҳур, ҷаннат, майи ноб дар он дунё мунтазиранд. Хайём шаккокона ва бо ноз ба Худои банданавози худ мегўяд:

Гўянд: Биҳишту ҳур — ъин хоҳад буд,
Он ҷо майи нобу ангубин хоҳад буд.
Гар мо маю маъшуқапарастем, равост,
Чун оқибати кор ҳамин хоҳад буд.

Боданӯшӣ ба хотири мастиву беҳушиву зиёдаравиҳо ҳаром, вале ба қавли Абўалӣ ибни Сино, «дар андаки ў манфиати бисёр аст». Май сарчашмаи маърифат ва дар зарурат ҳамчун даво равост. Манзури Хайём аз шароби ноб хуш будан, шодмона зистан, умрро ба беҳудакорӣ нагузаронидан, озодандешӣ ва дар маҷмўъ, талқини истиқлолу озодии шахсият аст:

Мастӣ макуну фаризаҳоро бигзор
В-ин луқма, ки дорӣ, зи касон боз мадор.
Дар хуни касу моли касе қасд макун,
Дар ўҳдаи он ҷаҳон манам, бода биёр!

Хайём шоири ақидаҳои рӯҳмурдагӣ, нофаъол (скептикию пессимистӣ, агностикӣ) набуд. Ҳарчанд дар рубоиёташ ба оҳангҳои навмедию маъюсӣ дучор меоем, ин бузурмардро наметавон қаламкаши тарғибгари ақоиди оҷизӣ номид. Хайёмро шоири суфӣ наметавон пиндошт. Ў ҳамчун адиби озодандеш инсонро даъват намуда, ки бо замин, бо хушиҳои рўзгор бошад, на аз «домани абр -фазо — осмон — фалак» дорад. Дар рубоиёташ ифода ёфтани қазову қадар маънии сўфӣ будани ин устоди каломи бадеъро надорад. Каломи Хайём «саҳли мумтанеъ» аст.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки дунёро дар оинаи ҷаҳоннамои хирад медиду ҳусну қубҳи онро то ҳадди охирини фаҳму фаросат эҳсос мекард, бисёр пандомезу бо лутф мегўяд:

Ки гетӣ яке нағз бозигар аст,
Ки ҳар дам варо бозии дигар аст…
Ва ҳамин гетии бозигар (рамзи аҷоиб):
Замоне диҳад тахту ганҷу кулоҳ,
Замоне ғаму хориву банду чоҳ.

Ба назарам ҳаким Умари Хайём мояи суханони фавқро пояи устувор медиҳад:

Ин гуна, ки ман кори ҷаҳон мебинам,
Олам ҳама ройгон бар он мебинам.
Субҳоналлоҳ ба ҳар чи дарменигарам,
Нокомии хештан дар он мебинам.

Чун «бозигари нағз», ғаму хоридеҳ, агарчи навиди бекарон медиҳад, «Бад — ў дил супурдан сазовор нест», — мегўяд Фирдавсӣ.

Ҷаҳон киштзорест бо рангу бўй,
Даррав маргу умр обу мо кишти ўй.

Хайёмро ҳиссиёти ҳаётдӯстона боло мегирад. Риндона сухан гуфтан мехоҳад. Дилаш шароб, мусиқӣ, суруд, базму хурсандӣ, муғаннӣ, рақс мехоҳад. Зеро ин анъанаи гузаштагонаш буд. Агар ҳолатҳои таърихии пеш аз милодро ба ёд орем, мебинем, ки ориёиён парваришу истеҳсоли ангуру майро «дар доираҳои умумихалқӣ» (Х.Мирзозода), пеш аз яғмогариҳои аъроб, 2500 — 3000 сол пеш аз замони мо медонистанд. Аз ин ҷост, Хайём «май кашфкунандаи асрории ниҳон», як ҷуръаи он беҳтар аз ҳар ду ҷаҳон аз Замину Осмон, «қуввати ҷисму ҷон аст», — мегўяд:

Май қуввати рўҳу ҷисму ҷон аст маро,
Май кошифи асрори ниҳонаст маро.
Дигар талаби дониши уқбо накунам,
Як ҷуръа беҳ аз ҳарду ҷаҳон аст маро.

Вақте ки Хайём ба майнўшӣ даъват мекард, яқин медонист, ки ангуру ток (раз) бо вуҷуди офаридаи Худо будан, «аз ҷавҳари латифи маҳ» баҳри хурсандию шодии одамон буданд, чунки онҳоро ба қавли Рўдакӣ таому шаробу нуқлу набид (Чун навбаҳор боғ биёрост чун биҳишт…, Деҳқон зи хона бўи гулобу арақ шамид), мепиндоштанд. Пайдост, ки бо вуҷуди ҳамаи сахтиву номуродӣ, тангдастӣ, зудгузарии зиндагӣ, сангдилии хуккоми худхоҳу маишатпараст, ки дурру марвориди дасту бозуву гардани бонувонаш, шаъ-шаъи кунгураи айвонаш ашки тифлони аҳли меҳнат, лаълу ёқути афзори аспашон хуни офарандагони неъматҳои моддӣ буду дуди оҳи мазлумон ба само дакка мехўрд, Хайём ҳам баҳри худ ва ҳам баҳри дигарон хушиҳои ҳаёт, кайфиятҳои шодибахшро таманно менамуд:

Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош,
Гар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош…

Хайём яқин медонист, ки дунё бақо надорад, аз ин рў инсонҳоро даъват мекард, ки хуширо дарёбанд:

Вақти саҳар аст, хез эй мояи ноз.
Нармак-нармак бода хўру чанг навоз,
К-онҳо, ки ба ҷоянд, напоянд басе
В-онҳо, ки шуданд, пас намеоянд боз.

Мардум, ки ҳар рўз китоби зиндагӣ мехонад (касе бо чашми пўшидаву касе бо чашми боз), ба он китоб сатре насб мекунад (ё нав, ё кўҳна, ё такрор) ва мегўяд: «Аз ноумедиҳо басо умед аст…». Хайём, ки дили хуршедсон дошт, бо сухан дар дили инсонҳо нисбат ба зиндагӣ меҳру вафо, нуру зиё андохта, ба шод зистан ҳидоят кард. Хайёми навиофарину сухангустар ва ҳамешагӣ ҳамдами башар, хуш гуфт: Хуррам бизию ҷаҳон ба шодӣ гузарон…, Тадбир на бо ту кардаанд аз аввали кор… Ва низ гуфта:

То битвонӣ ғами ҷаҳон ҳеч масанҷ,
Бар дил манеҳ аз омадаву н-омада ранҷ.
Хуш мехўру мебош дар ин даври сипанҷ.
Бо худ набарӣ ҷаве, агар дорӣ ганҷ.

Хайёми маю гулу ҷононапараст, шамъу чароғи хонадони ҳамаи ҷаҳониён, пайёмовари шукуфаҳои шодӣ, гуфта:

Май деҳ, ки дили реши маро марҳам ўст,
Савдозадагони ишқро ҳамдам ўст.
Пеши дили ман хоки яке ҷуръа беҳ аст,
Аз чарх, ки косаи сари олам ўст.

Ва боз меафзояд:

Май бояд хўрду коми дил бояд ронд,
Пайдост, ки чанд дар ҷаҳон бояд монд?

Барои дар дили инсон шодӣ ва гармӣ ба зиндагӣ фузудан Хайём гуфта:

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон,
Умр аст, бад -он сон гузаронӣ, гузарад.

Ин пири хирад аз оқибатҳои бади зиёди бодагусорӣ, низ огаҳ буд. 3-ин рў гуфта:

Чун бода хўрӣ, зи ақл бегона машав!
Мадҳуш мабошу ҷаҳлро хона машав!

Хайём хеч гаҳ ва ҳеч касро ба бодагусории ифротовар, бадномкунанда, барҳаму дарҳамзананда, инсонро ба амсоли ҳайвон (хук, саг, паланг, шер) табдилдеҳ, ташвиқ накардааст.
Сахттарин лаҳзаҳои зиндагӣ, аз занҷирбанди чаҳорсўи ҳаёт раҳонида натавонистани дасту пойи худ ва дигарон, дар худ нағунҷидан, хурўши чашмасони илҳом ва боз сабабу баҳонаҳои дигару дигар, Хайёмро водор карда, ки гўяд: Ай Инсон, то зиндаӣ ком ширин бикун, ба мақсад бирас, гоҳе шароб бо андоза, кам-кам, дониста, бо гулрухе, дўсте, ҳамдаме бихўр, ки доруи фаромўшии ғам, кимиёи нишон аст ва чун дар роҳи бамақсадрасиҳо дер кардӣ, бохтӣ. Ӯ мегӯяд:

Бо моҳрухе бар лаби ҷўю мулу вард,
То ҳаст муяссарам тараб хоҳам кард.
То будаму ҳастаму хоҳам будан,
Май хўрдааму мехўраму хоҳам хвард.

Чандин ғами молу ҳасрати дунё чист,
Ҳаргиз дидӣ касе, ки ҷовид бизист?
Ин чанд нафас дар тани ту орият аст,
Бо ориятӣ, ориятӣ бояд зист.

Хайём эҳёгари тараб аст ва он қадар фалак ҳам ба тавонмандии Хайём ҳасад бурда ва ин марди накўном озарест, ки таи нўҳ садсола ба манзилҳои сард гармӣ ва ба дилҳои пажмурдаву андўҳзо нармиву нишот мебахшад. Беҳуда нагуфта:

Гардан манеҳ ар хасм бувад Рустами Зол,
Миннат макаш ар дўст бувад Ҳотами Той.

Ҳини эҷоди рубоӣ аз талъати шамси хираду хаёлаш бар сари мардум нур меборид ва мегуфт:

Бар омадаву гузашта бунёд макун,
Ҳолӣ хуш бошу умр барбод макун.

Ай Инсон! Чашм боз кун, ки умр меравад! Вақтро дарёб!

Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нўшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,
Гул хок шудасту сабза ҳам пок шудаст.