Дар базми бодагусорон

Чаро бузургтарин шуаро амсоли Хайём ва тавонотарин абармардони тавсифкардаи шуарои яздонқудрат дар лаҳзаҳои дар чорсўи зиндагӣ ҳайрону «нотавон» монданашон, дар ҳолатҳои дар ҷисми худ гунҷида натавонистан, заминро сахту осмонро баланд пиндоштан, додрасу додхоҳу додгоҳу муаммокушои роз наёфтан, бо фалаку сипеҳру «Яздон» даст ба гиребон шудану таслим нашудан, сари фарозу ғурур паст накардан, ҳеч илоҷе наёфтан, ба май рўй меоранд? Ба хаёлам ин саволест, ки то кунун ҳеч муҳаққиқи тавоно ҷавоби комил наёфта ё нагуфта. Ҷавоби моро низ нуқтаи таммат набояд шумурд. Вале кўшишест соҳилгузар. Аввал андаке месайрем дар базми бодагусорон, гўш медиҳем ба суханони онон. Мебинем, ки муслимин шароби «макрўҳ» ва «мамнўъ»- ро чаро ин қадар меписанданд, мепарастанд, аз ҷон беш дўст медоранд ва бо садҳо зеботарин калимоту иборот васфаш мекунанд. Агар касе «луғатномаи май»- ро, саҳеҳтараш «майномае», «боданомае» омода ва нашр мекард, зеботарин ҳарфҳо (суханон) дар он сабт мегаштанд. Бингаред, ки шуаро чиҳо навиштаанд ва чи муроҷиатҳо кардаанд ва ба кӣ, баҳри чӣ?

Май орад шарафи мардумӣ падид,
Озоднажод аз дирамхарид.
Май озода падид орад аз бадасл,
Фаровон ҳунар аст андар ин набид…

Рўдакӣ

 

Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёкути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ…
Агар ин май ба абр андар ба чанголи уқоб астӣ,
Аз он то нокасон ҳаргиз нахўрдандӣ, савоб астӣ.

 

Рўдакӣ

 

Ғизои рўҳ бувад бодаи раҳиқ, алҳақ,
Ки рангу бўш занад рангу бўи гулро дақ.

Ибни Сино

 

Хуш бо рафиқони якдил нишастан,
Ба ҳам нўш кардан майи арғавонӣ,

Фаррухӣ

 

Эй соқӣ, аз он бода, ки осоиши ҷон аст,
Пур кун қадаҳе зуд, ки ҷонам нигарон аст…

Асируддини Авмонӣ

Биёр соқӣ он оби софифурўғ.

Фахруддини Гургонӣ

Биёр соқӣ он оби оташхисол.

 

Сафии Сифоҳонӣ

Биёр соқӣ он оби оташмисол.

Итобӣ

Биёр соқӣ он оби оташгудоз.

Муҳаммад Сўфӣ

Биёр соқӣ он оби рўи баҳор.

Толиби Омулӣ

Биёр соқӣ он оби оташлибос.

Мулло Абдунмабии Фахруззамонии Қазвинӣ

Аҷоиб ҳамоҳангии мувофиқ ва зебое. Байтҳои пареши зер аз «Хамса»-и Ҳаким Низомӣ (муроҷиат ба соқиву май дар ёди азизони хеш) бори дигар исбот мекунанд, ки баҳрабардорӣ аз ҳамдигар дар адабиёти куҳани мо ҳукми суннати адабиро касб карда будааст.
Чунончи Низомӣ дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар боби «Ёд кардани баъзе аз гузаштагони хеш» оварда:

Соқӣ, майи лоларанг баргир,
Нисфе ба навои чанг баргир.
Он май, ки мунодии сабў ҳаст,
Ободкуни сарои рўҳ аст…
Соқӣ, ба нафас расид ҷонам,
Тар кун ба зулоли май даҳонам.
Он май, ки нахўрда ҷои ҷон аст,
Чун хўрда шавад, давои ҷон аст.

Магар ин сатрҳо насиме аз гулзори назми шоҳаншоҳи ҳамаи давру замонҳо дар эъҷози сухан Рӯдакиву Фирдавсиву Хайём нестанд?
Рўдакӣ:

… В-он-к ба шодӣ яке қадаҳ бихўрад з-ўй,
Ранҷ набинад аз фарозу на эҳсон.

Фирдавсӣ:

Чу май-т-он ба шодӣ шавад раҳнамун,
Бихусбед, то тан нагардад забун.

Хайём:

Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нўшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,
Гул хок шудасту сабза хам пок шудаст.

Садои Хайём пайравону ҳамандешони дигаре пайдо карда:

Андешаву ғамро набувад ҳастиву тоб,
Он ҷо ки шароб асту рубоб асту кабоб!
Айши абадӣ нўш кунед, эй асҳоб,
Чун сабзаву гул ниҳед лаб бар лаби об.

 

Ҷалолуддини Румӣ

Абўсаиди Абулхайр гўяд: «В-ин умри гиромӣ ба ҳасорат магузор». Бобо Афзал мефизояд: «Бо зиндадилон нишину бо хушнафасон». Баъди асрҳо Мирзо Ғолиб нидо медихад:

Ранҷураму май ба даҳр дармон бувадам,
Нерўи дилу равшании ҷон бувадам…

Ҳадиси Иқболи Лоҳурӣ бисёр гиромиву гуворост дар баҳси фавқ:

Он чи ман дар базми шавқ овардаам, донӣ ки чист?
Як чаман гул, як наистон нола, як хумхона май…

Маҳастии Хуҷандӣ дилдори худро ба базми дидор даъват карда, ки шодӣ бикун:

Бархезу биё, ки ҳуҷра пардохтаам,
Аз баҳри ту пардае хуш андохтаам.
Бо ман ба шаробеву кабобе дарсоз,
Лекин ҳарду зи дида, дил сохтаам.

Дар баҳси бода ғаюрӣ, саркашӣ, озодандешӣ, риндӣ, ҷаҳонбарҳамзанӣ, ба коми дил расидан, бо панд хулқи ҷаҳон ба даст овардану дар натиҷа хирмани гул дар оғӯш кашидан ва оқибат сари хасм ба санг кўбиданро мебинем. Ва шояд Фаррухӣ мардумро барои амалӣ гардонидани ниятҳои волояш ба мубориза даъват карда, гуфта бошад:

Ё мо сари хасмро бикўбем, ба санг,
Ё ў сари мо ба дор созад ованг.
Алқисса, дар ин замонаи пурнайранг,
Як кушта ба ном беҳ, ки сад зинда ба нанг.

Яке аз манбаъҳои шодии инсон аз қадимулайём фарорасии баҳор, муждаи маю майгусорӣ ва ба ин васила зудудани доғи сина буду ҳаст. Аз ин ҷост, ки Фирдавсӣ бо фараҳ мегўяд:

Барўманду бўи баҳоре бувад,
Майи сурх чун ғамгусоре бувад.
Ҳаво рост гардад, на гарму на сард,
Замин тозаву осмон ложвард.