«Ҷоми Хайём» (рубоиёт)

Хайём, дилат аз дили мо огаҳ аст,
Ҳар як суханат суруди дарду оҳ аст,
Байти ту дарест боз бар каъбаи дил,
Шеъри ту чу умри одамӣ кӯтоҳ аст.

Хайём, суханҳои ту нотакрор аст,
Ҷоми хиради ту ҷовидон саршор аст.
Ҳар кас, ки нахӯрд ҷоми ту, мастӣ кард,
Ҳар кас, ки бихӯрд, оқилу ҳушёр аст.

Ҷомеву бутеву ошиқӣ — хуш ҳолест,
Соле, ки гузашт бо хушӣ, хуш солест.
Хайём, ба ҳар замона дар базми хирад
Ҷоми ту пур аст, лек ҷоят холист.

Ин субҳ давоми шоми чун зиндон аст,
Ин ханда нишони дидаи гирён аст.
Ҳар чизи наве, ки ҳозирон ёфтаем,
Гумкардаи рафтагони пурармон аст.

Ҳайф аст агар умр шикоре бошад,
Озод зи дарду доғу оре бошад.
Дар пайраҳаи ҳаёт по мондани мо
Айб аст агар қадамшуморӣ бошад.

Ӯ кист ҷавон асту ҷавонӣ накунад?
Бо ҳусни ҷавонӣ дилситонӣ накунад?
Ҳар кӣ зи хушиҳои ҷавонӣ дур аст,
Беҳтар бувадо, ки зиндагонӣ накунад.