Як дили садпора

Ҳастиямро боди ишқи сахт ларзонидааст,
Як дили садпора дар пои ту афшонидааст.
Маърифатро равнақи нав дод ишқи тозаат,
В -ар на ёдат, ёдҳоро бо чӣ пӯшонидааст.
Нест маълум охири ин ҷода раҳпаймоӣ ишқ,
Ин қатора он сӯи тасвирҳо ронидааст.
Орзӯи дастгоҳи вақтбаргардон намонд,
Ҷовидониҳо хаёли ёр руёнидааст.
Нест омоли муҳаббат яксара тартиби ашк,
Захмҳо дар синаи мо ишқ хандонидааст.
Ҳафт дарё гар шавад медод монад нотамом,
Маънии дарё, ки дил дар хеш ғунҷонидааст.
Фозил аз тезӣ надорад бок ҷони ошиқон,
Дар дами шамшер моро меҳр хобонидааст.