Хайём ва Саъдӣ

Падари пандофарини ҷаҳониён шоир ва адиби нодирагуфтор Саъдии Шерозӣ на қаламкаше буда, ки ба ҳар кас назар биафканад, аз чакидаҳои хомааш ба завқ ояд, пайраваш гардад. Вале қотеона метавон иброз дошт, ки ў аз нашъаи рубоиёти Хайём басе баҳра бардошта. Хайёмро таровиши чеҳраи баҳору Наврўз мафтун карда. Ин марди қадршиноси зиндагӣ ба имрўз «хуш» будан ҳидоят карда: «Бар чеҳраи гул шабнами Наврўз хуш аст…, Хуш бош, зи дӣ магў, ки имрўз хуш аст». Саъдӣ баъди чандин солҳо ҳамдилиашро ба Хайём чунин нозук иброз дошта: Эй маҳбуб:

Он шаб, ки ту дар канори моӣ, рўз аст
В-он рўз, ки бо ту меравад, Наврўз аст.
Дӣ рафту ба интизори фардо манишин,
Дарёб, ки ҳосили ҳаёт имрўз аст.

Сатрҳои ҳазрати Шайхро таҳлил кардан зарурат надорад. Онҳо худ ҷавобгўйи даъвои мо мебошанд. Сатрҳои зери Шайхи бузургворро низ метавон илҳом аз Хайём номид:

Гар одамиӣ бодаи гулранг бихўр,
Бар нолаи ною нағмаи чанг бихўр.
Гар банг хўрӣ, чу санг монӣ бар ҷой,
Якбора чу банг мехўрӣ, санг бихўр.

Ва:

Мо ҳосили умре ба даме бифрўшем,
Сад хирмани шодӣ ба ғаме бифрўшем.
Дар як дам агар ҳазор ҷон даст диҳад,
Дарҳол ба хоки кддаме бифрўшем.

Саъдии санҷидагўй «дарёб даме», гуфтани Хайёми нобиғаро ба ҷон пазируфтааст.