Хайём ва Ибни Ямин

Таъсири Хайёмро ба эҷодиёти Ибни Ямини Фарюмадӣ (1286 — 1368) дар сатрҳои зер аён мебинем. Хайём гуфта:

Дар фасли баҳор агар буте ҳурсиришт,
Як соғари май диҳад маро бар лаби кишт…

Ваё:
Ҷомеву бутеву барбате бар лаби кишт…
Ибни Ямин аз Хайём мазмунан (нусхабардорӣ) карда:
Бо мутрибу май ҳурсириште гар ҳаст,
Бо оби равон канори киште гар ҳаст,
Беҳ з -ин маталаб, дўзахи беҳуда макоб,
К-он нест, ҷуз ин нест биҳиште гар ҳаст.
Калимаву ибороти Ибни Ямин «мутрибу май», «ҳурсиришт», «канори кишт» ва ғайра ҳама хайёмианд — васлгари адабианд.
Рубоиёти зерини Ибни Яминро низ метавон баҳрабарӣ аз сарчашмаи илҳом — Хайём ҳисобид:

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шомонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр аст: бад — он сон гузаронӣ гузарад.

Ва:
Хуррам бизию ҷаҳон ба шодӣ гузарон…
Ва:
Хуш бош дар ин даме ки ҳастӣ боре.
Ибни Ямин навишта:

Аз умр туро умеди бархурдорӣ,
Гар ҳаст, ғами факр ба дил дар н-орӣ,
Рўзе, ки диҳад даст ба шодӣ гузарон,
Шояд, ки ҳама умр чунон бигзорӣ.

Рўзе ки бувад сиҳату асбоби маош,
Зинҳор ғанимат шумуру хуш мебош.
Зеро ки чу вақти фурсат аз даст равад,
3-он пас накунад суд туро гуфтан: «кош!».

Ибни Ямин, ки шоири тавоно буд, ба Хайём хеле эътиқод дошта, бар он ақида аст, ки «бе ранҷ ёфтани коме нест» ва пасон ақидаи риндонаи ўро дар масъалаи он ки «Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре, В -аҳволи мусофирон бигўяд, чун шуд», ҷонибдорӣ кардааст.
Ибни Ямин дар хусуси «хуш мехўру мебош» қатъӣ ҷонибдору пайрави Хайём аст. Дар ин роҳ дудилагӣ намекунад, намекалавад ва дар ақида устувор аст. Эътиқодманд ва пайрави Хайём будани Ибни Яминро ин рубоии зер ба хубӣ тасдиқ мекунад:

Хуш бош, ки ҷуз ту дигаре нест падид,
В- аз охират, илло хабаре нест падид.
Имрўз таматтўе зи дунё бардор,
К- аз ҳолати фардо асаре нест падид.