Дар пайравӣ аз Хайём

Хайём дар «Наврўзнома»- аш нигошта, ки «таъсири калом салоҳ ва фасоди мамлакатро коре бузург аст ва худовандони қаламро, ки мўътамад бошанд, азиз бояд дошт». Ҳамзамонон ва удабои баъди Хайём сухани олии ин абармади раъйқавӣ, гавҳари фозил, тозарўю покмазҳаб, роздору покизаҷомаро, ки ба қадри сухан мерасиду суханро покгари фасодиҳои мамлакат меҳисобид, азиз медонистанд. Аз ин рўст, ки удабо бо ҳар даре вориди ҷаҳонгулистони ў гашта, чизе баҳри хеш бигрифтаанд. Хайём навишта:

Бингар, зи сабо домани гул чок шуда,
Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда.
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул,
Аз хок баромадасту дар хок шуда.

Гумони қотеъ ин аст, ки рубоии зери Камолиддини Исфаҳонӣ (қатлаш соли 635/1237) бо омезиши обу гили Хайём эҷод гашта:

Вақт аст, ки боз булбул ошўб кунад,
Фарроши чаман зи бод ҷорўб кунад,
Гул пераҳани даридаи хунолуд,
Аз дасти рухи ту бар сари чўб кунад.

Бамаврид аст, арз кунем, ки ба қавли устод С.Айнӣ «аз ин абёти Қосими Коҳии Миёнколӣ (Самарқандӣ) «бўи бодаи Хайём меояд»:

Чашме, ки мезояд аз ин хокдон,
Чашми муқимони дили хок дон!
Наргиси шаҳло набувад ҳар баҳор,
Он ки бирўяд ба лаби ҷўйбор.
Чашми бутон аст, ки гардуни дун,
Бар сари чўб оварад аз гул бурун.

Хайём фармуда, ки «Май мехўраму намекунам бадмастӣ», «Май хўр, ки замона душмани ғаддор аст», «Май нўш, ки умри ҷовидонӣ ин аст»… ва ғайра.
Адиб Сироҷуддини Мовароуннаҳрӣ мутахаллис ба Қумрӣ (вафоташ тақрибан солҳои 1235 — 1240) аз эъҷози Хайём мафтун гашта, хеле боҷуръату пурмуаммову шаккокона ва бо танз садо дод:

Ман май хўраму ҳар кӣ чу ман аҳл бувад,
Май хўрдани ман ба назди ў саҳл бувад.
Май хўрдани ман ба Ҳақ азал медонист,
Гар май нахўрам илми Худо ҷаҳл бувад.

Зиндагиро Хайём меъморсон дар қолиби шеър ҷома пўшонида.
Қофилаи умр барояш басо азиз буда. Дар як айёми ноороми мардкуш ў ба хуш гузаронидани зиндагӣ, дарёфтани дами ботараб ҳидоят мекунад ва хушдилона менигорад:

Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хўрӣ?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад!

Чун ин нидои ғайбӣ ба гўши Мавлавӣ Ҷалолуддини Румӣ (1207/08 — 1273) мерасад, дар вуҷудаш инқилоб рух медиҳад, оромаш намегузорад, ба Инсон нидо мекунад:

Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад
В- ин мояи умр ройгон мегузарад.
Дар манзили тан махусбу ғофил манишин,
К- аз манзили умр корвон мегузарад.

Оре, инсони оқил набояд дар манзили тан ғофил бихусбад. Ибораҳои меъморонаи «қофилаи умр» — и Мавлавӣ аз ҳамдил будани Мавлонои Балх ба устод Хайём раднопазир мебошад.
Хайём гуфта: «…Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда». Ва дар ҷои дигар афзуда: «Рўҳе, ки муназзаҳ аст з- олоиши хок, Меҳмони ту омадаст аз олами пок.». Сайфи Исфарангӣ дар он оҳанг нидо дода:

Он гаҳ, ки ба хок, гар танам хок шавад,
В- аз лавҳи вуҷуд ҳарфи ман пок шавад.
3-он хок агар мурғи гилин месозанд,
Аз ишқи ту булбуле тарабнок шавад.

Дар сатрҳои фавқ мо чун дар оинаи қаднамои зиндагӣ сурати гуфтаҳои Хайём «Аз хок бурун шудему дар хок шудем», илтиҷои ўро ба инсон, ки бояд ба бозии кўдаки хокбоз бо камоли қадршиносии одамӣ нигарад, мебинем.
Агар даъво кунем, ки теғ бо тезиаш, ханҷари фатҳ бо хунрезиаш дар назди қалами сеҳрофарини Хайём оҷиз буда ва дар назми ҷаҳонӣ хутбаи олисуханӣ, нотакроргўӣ ҳама ба номи ў навишта гашта, саҳв нахоҳем кард. Зеро дар назди ҳамаи ононе, ки дар сухан устоданд, ҳар сатри рубоии ў аз ҳазорҳо абёти девон бешу болост. Хайём мегўяд: «Гардан манеҳ, ар хасм бувад Рустами Зол, Миннат макаш, ар дўст бувад Ҳотами Тай», «То даст ба иттифоқ дар ҳам назанем, Пое ба нишот бар сари ғам назанем», «Имрӯз бад-он чи мерасад, хушдил бош!» Боз меафзояд: «Афсўс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд»; «Рав, бар сари афлоку ҷаҳон хок андоз, …К- аз ҷумлаи рафтагон касе н-омад боз». Хонандаи андаке аз адабиёти классикӣ ва ашъори Сайфи Исфарангӣ (1185/86 — 1267) огаҳ, пай мебарад, ки рубоиҳои зерини самимӣ ва гулистонафрўзи ў илҳом аз Хайёманд:

Дардо, ки зи умр он чӣ беҳ буд, гузашт,
Дуде, ки аз ў диле наёсуд, гузашт.
Айёми ҷавонӣ, ки баҳоре хуш буд,
Чун хандаи барқу аҳди мо зуд гузашт.

Ин хок к- аз ў фарқи сарон пургард аст,
Қасди тани нозуки нигорон кардааст.
Ҳар гуна наботе, ки намояд онро
Дар косаи сар шакарлабе парвардаст.

Ғам хўр пас аз ин, ки ғамгусорон рафтанд,
Бешӣ маталаб, ки ҳақгузорон рафтанд.
3- ин хобгаҳи ғурур чун ҳушёрон
Гар маст наӣ, хез, ки ёрон рафтанд!

Гар чашмаи ту хайма бар афлок занад,
3- ў ҳар фалаке ҷомаи худ чок занад.
Дар фасли баҳор соғари лола шавад,
Ҳар ҷуръа, ки соқии ту бар хок занад.

Он гаҳ, ки ба хок, гар танам хок шавад,
В- аз лавҳи вуҷуд ҳарфи ман пок шавад.
3- он хок агар мурғи гилин месозанд
Аз ишқи ту булбуле тарабнок шавад.

Наҷмуддини Кубро (1145 — 1221, Хоразм) беш эътиқодманди рубоиёти Хайём буда. Бе таҳлил барои даъвӣ як рубоии ўро, ки дар он рўҳи Хайём ифода ёфтааст, меорему бас:

Гар тоати худ нақш кунам бар ноне
В- он нон ниҳам пеши саге бар хоне
В -он саг соле гурусна дар зиндоне,
Аз нанг бар он нон наниҳад дандоне.

Хайём қариб 90 сол пеш аз Наҷмуддин нидо дода буд:

Гар даст диҳад зи мағзи гандум ноне,
В- аз май ду мане, зи гўсфанде роне.
Бо дилбараке нишаста бар айвоне,
Айшест, ки нест хадди ҳар султоне!

Шоир ва мутафаккири мутасаввифи тоҷик Наҷмуддини Бағдодӣ (ваф. 1215/16, Хоразм), ки бештари рубоиёташро дар оҳанги ирфонӣ эҷод кардааст, менависад:

Аз куфри сари зулфи вай имон мерехт
В- аз нўши лабаш чашмаи ҳайвон мерехт.
Чун кабки хироманда ба сад раъноӣ,
Мерафту зи хоки қадамаш ҷон мерехт.

Хайём гуфта: «Аз бодаи ноб лаъл шуд гавҳари мо»… Инсон ба ҳама сангиниҳои зиндагӣ, барору нобарорӣ, номуродӣ, ташнакомӣ хосияти ҳаётдўстӣ дошта ва фурсатакеро ҳамеша баҳри хеш муғтанам медониставу медонад, бахусус дар фасли баҳор. Бадри Чочӣ (охири а. XI11, аввали а. XIV) мегўяд:

Вақти лаби ҷўю оби дилҷў омад,
Ҳангоми шароби ноби гулбў омад.
Аз фарри баҳор шуд замин боз баҳор,
3- он хатти сиёҳи сабз бар рў омад.

Ин рубоии Бадр пурра қолиб — сириштаи насими баҳори назми Хайём аст, ки гуфта: «Фасли гулу тарфи ҷўйбору лаби кишт. Бо як ду-се аҳлу лўъбате ҳурсиришт»… андак фароғат бикун.