Моҳҳои порсӣ

Фарвардинмоҳ — Ба забони паҳлавӣ аст, маънияш чунон бошад, ки ин он моҳ аст, ки оғози рустани набот дар вай бошад ва ин моҳ мар бурҷи Ҳамалрост, ки сар то сари вай Офтоб андар ин бурҷ бошад.
Урдибиҳиштмоҳ — Ин моҳро аз биҳишт ном карданд, яъне ин моҳ он моҳ аст, ки ҷаҳон андар вай ба биҳишт монад аз хуррамӣ ва «урд» ба забони паҳлавӣ «монанд» бувад. Ва Офтоб андар ин моҳ бар давр аст дар бурҷи Савр бошад ва миёнаи баҳор бувад.
Хурдодмоҳ — Яъне он моҳ аст, ки хўриш диҳад мардумонро аз гандум ва ҷав ва мева. Ва Офтоб дар ин моҳ дар бурҷи Ҷавзо бошад.
Т и р м о ҳ — Ин моҳро бад-он «тирамоҳ» хонанд, ки андар ў ҷав ва гандум ва дигар чизҳоро қисмат кунанд ва тири Офтоб аз ғояти баландӣ фурўд омадан гирад. Ва андар ин моҳ Офтоб дар бурҷи Саратон бошад ва аввали моҳ аз фасли тобистон бувад.
Мурдодмоҳ — Яъне хок доди хеш бидод аз барҳо ва меваҳои пухта, ки дар вай ба камол расад ва низ ҳаво дар вай монанди ғубори хок бошад. Ва ин моҳ миёнаи тобистон бувад ва қисмати ў аз Офтоб мар бурҷи Асад бошад.
Шаҳривармоҳ — Ин моҳро аз баҳри он «Шаҳривар» хонданд, ки «рев» — дахл бувад, яъне дахли подшоҳон дар ин моҳ бошад ва дар ин моҳ бузургонро додани хироҷ осонтар бошад. Ва Офтоб дар ин моҳ дар Сунбула бошад ва охири тобистон бувад.
Меҳрмоҳ — Ин моҳро аз он «Меҳрмоҳ» гўянд, ки меҳрубони бувад мардумонро бар якдигар аз ҳар чӣ расида бошад аз ғалла ва мева, насиб бошад, бидиҳанд ва бихўранд баҳам. Ва Офтоб дар ин моҳ дар Мизон бошад ва оғози хариф бувад.
Обонмоҳ — Яъне обҳо дар ин моҳ зиёдат гардад аз боронҳо, ки оғоз кунад ва мардумон об гиранд ва аз баҳри кишт. Ва Офтоб дар он моҳ бурҷи Ақраб бошад.
О з а р м о ҳ — Ба забони паҳлавӣ, «Озар» оташ бувад ва ҳаво дар ин моҳ сард гашта бошад ва ба оташ ҳоҷат бувад, яъне «моҳи оташ». Ва навбати Офтоб дар ин моҳ бурҷи Қавсро бошад.
Даймоҳ — Ба забони паҳлавӣ «дайв» бошад, бад-он сабаб ин моҳро «дай» хонанд, ки дурушт бувад ва замин аз хуррамиҳо дур монда бувад. Ва Офтоб дар Ҷадӣ бувад ба Далв, аввали зимистон бошад.
Баҳманмоҳ — Яъне ин моҳ «ба ҳамон монад» ва монанд бувад ба моҳи Дай ба сардӣ ва ба хушкӣ ва ба кунҷ андар монда. Ва тири Офтоб андар ин моҳ хонаи Зуҳал бошад, бо Ҷадӣ пайванд дорад.
Исфандормузмоҳ — Ин моҳро бад-он «Исфандормуз» хонанд, ки «асфанд» ба забони паҳлавӣ «мева» бувад, яъне андар ин моҳ меваҳо ва гиёҳҳо дамидан гирад. Ва навбати Офтоб ба охири бурҷҳо расад, ба бурҷи Ҳут.