Андар оини подшоҳони аҷам

Мулуки Аҷам расме доштанд дар хони некў ниҳодан ҳар чӣ тамомтар ба ҳама рўзгор. Ва чун навбат ба хулафо расид, дар маънии хон ниҳодан, на он такаллуф карданд, ки васф тавон кард, хоса хулафои Аббос аз абоҳо ва фаллаҳо ва ҳалвоҳои гуногун ва фуққоъ ҷузви инон ниҳоданд ва пеш аз ин сон набуд.  Ва он ҳама расмҳои некў эшонро аз баландҳимматӣ буд.
Ва дигар оини мулуки Аҷам андар дод додан ва иморат кардан ва дониш омўхтан ва ҳикмат варзидан ва доноёнро гиромӣ доштан ҳаме азим будааст. Ва дигар соҳибхабаронро дар мамлакат ба ҳар шаҳре ва вилояте гумошта будандӣ ё ҳар хабаре, ки миёни мардум ҳодис гаштӣ, подшоҳро хабар кардандӣ, то он подшоҳ бар мавҷиби он фармон додӣ.
Ва чун ҳол ҳамин будӣ, дастҳои татовул кўтоҳ будӣ. Ва уммол бар ҳеч кас ситам наёрастӣ кардан ва як дӣрам аз кас ба ноҳақ натавонистандӣ ситадан. Ва ғуломон берун аз қонуни қарор ва қоида ҳеч аз раоё наёрастандӣ хост. Ва хоста ва зану фарзанди мардумон дар амну ҳифз будӣ ва ҳар кас ба кору касби хеш машғул будандӣ аз бими подшоҳ.
Ва дигар нони тоза, ки чашмро арзонӣ доштандӣ аз ў боз бигирифтандӣ ва ба вақти хеш ба одоти маъҳуд солу моҳ бад-ў мерасонидандӣ. Ва агар касе даргузаштӣ ва фарзанде доштӣ, ки ҳамон кору хидмат тавонистӣ кардан, ба он назр ўро арзонӣ доштандӣ. Ва дигар бар кори иморат азим ҳарис ва роғиб будандӣ. Ва ҳар подшоҳ, ки бар тахти мамлакат нишастӣ, шабу рўз дар он андеша будӣ, ки куҷо обу ҳавои хуш аст, то он ҷо шаҳре бино кардандӣ, то зикри ў дар ободон кардани мамлакат дар ҷаҳон бимондӣ.
Ва одоти мулуки Аҷам ва Турк ва Рум, ки аз нажоди Офаредунанд, чунон будаст, ки агар подшоҳе сарои муртафеъ бино афкандӣ, ё шаҳре ё деҳе ё работе, ё қалъае бо зудӣ бирондӣ ва ин бино дар рўзгори ў тамом нашудӣ, писари ў — он кас, ки ба ҷои ў бинишастӣ бар тахти мамлакат, чун кори ҷаҳон бар вай рост гаштӣ, бар ҳеч чиз чунон ҷидд нанамудӣ, ки он бинои нимкардаи он подшоҳ тамом кардӣ. Яъне то ҷаҳониён бидонанд, ки мо низ бар ободон кардани ҷаҳон ва мамлакат ҳамчунон роғибем…
Ва агар бар дасти ў тамом нашудӣ, дигар, ки ба ҷои ў нишастӣ, тамом кардӣ ва мардумон он подшоҳро муборак ва арҷманд доштандӣ, гуфтандӣ… ин бино бар даст ў тамом гардонид.
Ва айвони Кисро ба Мадоин, ки Шопури Зуликтоф бино афканд ва аз баъди ў чанд подшоҳ иморат ҳамекарданд, то бар дасти Нўшинравони Одил тамом шуд…
Дигар одати мулуки Аҷам он будааст, ки ҳар кас пеши эшон чизе бурдӣ ё мутрибе суруде гуфтӣ ё сухане некў гуфтӣ дар маонӣ, ки эшонро хуш омадӣ, гуфтандӣ: Зеҳ, яъне аҳсант. Чунонки «зеҳ» бар забони эшон бирафтӣ аз хазина ҳазор дирам бад-он кас додандӣ ва сухани хеш бузург доштандӣ.
Ва дигар одати мулуки Аҷам чунон будӣ, ки аз сари гуноҳон даргузаштандӣ, илло аз сари гуноҳи яке он ки рози эшон ошкор кардӣ… ва дигар касе фармонро хор доштӣ. Гуфтандӣ:— Ҳар кӣ рози малик нигоҳ надорад, эътимод аз ў бархост… ва ҳар кӣ фармони подшоҳро кор набандад, бо подшоҳ баробарӣ кард ва мухолиф шуд… Чун подшоҳ чунон бошад, ки фармонаш бар кор нагиранд чӣ ў ва чӣ дигарон!
Ва дигар дар биёбонҳо ва манзилҳо работ фармудандӣ ва чоҳҳои об кандандӣ ва роҳҳо аз дуздон ва муфсидон эмин доштандӣ. Ва ҳар касеро расмӣ ва мўътабар фармудандӣ ва ҳар сол мол бад-ў расонидандӣ бе тақозо. Ва агар касе аз уммол чизе ба вилояте ё деҳе берун аз қарори қонун дарафзудӣ, он амал бад-ў надодандӣ, балки ўро молиш додандӣ…
Ва агар аз касе гуноҳе ё тақсире омадӣ ба зудӣ побаст нафармудӣ аз ҷиҳати ҳаққи хидмат, аммо ўро ба зиндон фиристодандӣ…