Оғози асари Наврўзнома

Дар ин китоб, ки баён карда омад, дар кашфи ҳақиқати «Наврўз», ки ба наздики мулуки Аҷам кадом рўз будааст ва кадом подшоҳ ниҳодааст ва чаро бузург доштаанд онро ва дигар оини подшоҳон ва сирати эшон дар ҳар коре мухтасар карда ояд…
Аммо сабаби ниҳодани «Наврўз» он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад.. — Яке он ки ҳар се саду шасту панҷ рўз рубъе аз шабонарўз ба аввали дақиқаи Ҳамал бозояд ба ҳамон вақт ва рўз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан: —Чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рўзро дарёфт, «Наврўз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ў иқтидоъ карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ бинишаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рўз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омада, мўбадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мўбадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мўбадони Аҷам, ки доноёни он рўзгор будаанд…
Офтоб аз сари Ҳамал бирафт ва осмон ўро бигардонид ва торикӣ аз рўшноӣ ҷудо гашт ва шабу рўз падидор шуд ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро ва пас аз он ба ҳазору чаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон дақиқа ва ҳамон рўз бозрасид ва он муддат ҳафтоду се бор қирони Кайвон ва Аурамазд бошад, ки онро қирони асғар хонанд ва ин қирон ҳар бист сол бошад. Ва ҳаргоҳ, ки Офтоб даври хештан сипарӣ кунад ва бад-ин ҷой бирасад ва Зуҳал ва Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути Зуҳал андар ўст, қирон бувад, бо муқобилаи ин бурҷи Мизон, ки Зуҳал ва Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути Зуҳал андар ўст, як давр ин ҷо ва як давр он ҷо барин тартиб, ки ёд карда омад. Ва ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд, чунонки Офтоб аз сари Ҳамал равон шуд ва Зуҳал ва Муштарӣ бо дигар кавокиб он ҷо буданд, ҳолҳои олам дигаргун гашт, чизҳои нав падид омад, монанди он ки дархурди олам ва гардиш бувад. Чун он вақтро дарёфтанд мулукони Аҷам аз баҳри бузургдошт Офтобро ва аз баҳри он ки ҳар кас ин рўзро дарнатавонистандӣ ёфт, нишон карданд ва ин рўзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамгинон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд. Ва чунин гўянд, ки Каюмарс ин рўзро оғози таърих кард, ҳар сол Офтобро (ва чун як давр Офтоб бигашт дар муддати се саду шасту панҷ рўз) ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахше сӣ рўз; ва ҳар якеро аз он номе ниҳод… Пас онгоҳ даври бузургро, ки сесаду шасту панҷ рўз ва рубъе аз шабонарўзӣ аст, «Соли бузург» ном кард ва ба чаҳор қисм кард.
Чун чаҳор қисм аз ин «Соли бузург» баргузарад, «Наврўзи бузург» ва нав гаштани аҳволи олам бошад…
Ҳар кӣ рўзи «Наврўз» ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврўзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад ва ин таҷрибат ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд…
Пас Каюмарс ин муддатро бад-ин гуна ба дувоздаҳ бахш кард ва ибтидои таърих пайдо кард ва пас аз он чиҳил сол бизист. Чун аз дунё бирафт, Ҳушанг ба ҷои ў нишаст ва нўҳсаду ҳафтод сол подшоҳӣ ронд ва девонро қаҳр кард ва оҳангарӣ ва дуредгарӣ ва бофандагӣ пеша овард ва ангабин аз занбўр ва абрешим аз пилла берун овард ва ҷаҳон ба хуррамӣ бигузошт ва ба номи нек аз ҷаҳон берун шуд. Ва аз паси ў Таҳмурас бинишаст ва сӣ сол подшоҳӣ кард ва девонро дар тоат овард ва бозорҳо ва кўчаҳо биниҳод ва абрешим ва пашм бибофт ва рўҳбон Бузасп дар айёми ў берун омад ва дини собиён овард ва ў дин бипазируфт ва зуннор барбаст ва Офтобро парастид ва мардумонро дабирӣ омўхт ва ўро Таҳмураси Девбанд хондандӣ. Ва аз паси ў подшоҳӣ ба бародараш, Ҷамшед расид. Ва аз ин таърих ҳазору чиҳил сол гузашта буд ва Офтоб аввали рўз ба Фарвардин таҳвил кард ва ба бурҷи нўҳум омад. Чун аз малик Ҷамшед чаҳор саду бисту як сол бигузашт, ин давр тамом шуда буд ва Офтоб ба Фарвардини хеш ба аввали Ҳамал бозомад. Ва ҷаҳон бар вай рост гашт, девонро мутеи хеш гардонид ва бифармуд то гармоба сохтанд ва деборо бибофтанд. Ва деборо пеш аз мо «девбофт» хондандӣ, аммо одамин ба ақлу таҷриба ва рўзгор бад-ин ҷо расонидаанд, ки мебинӣ. Ва дигар харро бар асп афканд то астар падид омад ва ҷавоҳир аз маодан берун овард; ва силоҳҳо ва пирояҳо ҳама ў сохт ва зарру нуқра ва мис ва арзизу сурб аз конҳо берун овард ва тахту тоҷ ва ёра ва тавқ ва ангуштарӣ ў кард ва мушку анбар ва кофур ва заъфарон ва уд ва дигар тибҳо ў ба даст овард. Пас дар ин рўзе, ки ёд кардем, ҷашн сохт ва «Наврўз»-аш ном ниҳод ва мардумонро фармуд, ки ҳар сол чун Фарвардини нав шавад, он рўз ҷашн кунанд ва он рўз нав донанд, то онгоҳ ки «Даври бузург» бошад, ки Наврўзи ҳақиқат бувад. Ва Ҷамшед дар аввали подшоҳӣ сахт одил ва худойтарс буда ва ҷаҳониён ўро дўстдор буданд…, ки чандин чизҳо биниҳод ва ҷаҳониёнро ба зарру гуҳар ва дебо ва атрҳо ва чаҳорпоён биёрост.
Чун аз маликии ў чаҳорсаду анд сол бигузашт, дев бад-ў роҳ ёфт ва дунё дар дили ў ширин гардонид ва дунё дар дили касе ширин мабод, манӣ дар хештан овард, бузургманишӣ ва бедодгарӣ пеша кард ва аз хостаи мардумон ганҷ ниҳодан гирифт. Ҷаҳониён аз ў ба ранҷ афтоданд ва шабу рўз заволи мулки ўро мехостанд…
Беварасп, ки ўро Заҳҳок хонданд, аз гўшае даромад ва ўро битохт ва мардумон ўро ёрӣ надоданд, аз он ки аз ў ранҷида буданд. Ба замини Ҳиндустон гурехт.
Беварасп ба подшоҳӣ бинишаст ва оқибат ўро ба даст овард; пора ба дуним кард. Ва Беварасп ҳазор сол подшоҳӣ кард.
Ба аввал додгар буд ва ба охир бедод гашт ва ҳам ба гуфтор ва ба кирдор. Дев аз роҳ бияфтод ва мардумонро ранҷ менамуд, то Офаредун аз Ҳиндустон биёмад ва ўро бикушт ва ба подшоҳӣ бинишаст. Ва Офаредун аз тухми Ҷамшед буд, понсад сол подшоҳӣ кард.
Чун саду шасту чаҳор сол аз маликии Офаредун бигузашт, даври дуввум аз таърихи Каюмарс тамом шуд; ва ў… пилу шеру юзро мутеъ гардонид ва хаймаву айвон ў сохт ва тухм ва дарахтони мевадор ва ниҳол ва обҳои равон дар иморат ва боғҳо ў овард, чун турунҷ ва норанҷ ва бодиранг ва лиму ва гул ва бунафша ва наргис ва нилуфар ва монанди ин дар бўстон овард. Ва «Меҳргон» ҳам ў ниҳод ва ҳамон рўз, ки Заҳҳокро бигирифта ва мулк бар вай рост гашт, ҷашни «Сада» биниҳод ва мардумон, ки аз ҷабру ситами Заҳҳок бираста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек, он рўзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то имрўз оини он подшоҳони некаҳд дар Эрон ва Тўрон ба ҷо меоранд. Чун ба Фарвардини хеш расид, он рўз Офаредун ба нав ҷашн кард ва аз ҳамаи ҷаҳон мардум гирд овард ва аҳднома набишт ва гумоштагонро дод фармуд ва мулк бар писарон қисмат кард: Туркистон аз оби Ҷайҳун то Чин ва Мочин Турро дод ва замини Рум мар Салмро ва замини Эрон ва тахти хешро ба Эраҷ дод. Ва маликони Рум ва Аҷам ҳама аз як гавҳаранд ва хешони якдигаранд ва ҳама фарзандони Офаредунанд… Ва чун рўзгори ў бигузашт ва он дигар подшоҳон, ки баъд аз ў буданд, то ба рўзгори Гуштосп.
Чун аз подшоҳии Гушосп сӣ сол бигузашт, Зардушт берун омад ва дини габрӣ овард ва Гуштосп дини ў бипазируфт; ва бар он мерафт ва аз гоҳи ҷашни Офаредун то ин вақт нўҳсаду чиҳил сол гузашта буд. Ва Офтоб навбати хеш ба Ақраб овард.
Гуштосп бифармуд то «кабиса» карданд ва Фарвардини он рўз Офтоб ба аввали Саратон гирифт ва ҷашн кард ва гуфт ин рўзро нигоҳ доред ва «Наврўз» кунед, ки Саратон толеи амал аст ва мар деҳқононро ва кишоварзонро бад-ин вақт ҳаққи байтулмол додан осон бувад ва бифармуд, ки ҳар саду бист сол «кабиса» кунанд, то солҳо бар ҷои хеш бимонад ва мардумон авқоти хешро ба сармо ва гармо бидонанд.
Пас он оин то ба рўзгори Искандари Румӣ, ки ўро «Зулқарнайн» хонданд, бимонод ва то он муддат «кабиса» накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд, то ба рўзгори Ардашери Попакон, ки ў «кабиса» кард ва ҷашни бузург дошт ва аҳднома бинавишт ва он рўзро «Наврўз» бихонд ва ҳам бар он оин мерафтанд то ба рўзгори Нўшинравони одил чун айвони Мадоин тамом гашт, «Наврўз» кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунон ки оини эшон буд, аммо «кабиса» накард ва гуфт:— Ин оин ба ҷо монанд то ба сари давр, ки Офтоб ба аввали Саратон ояд, то он ишорат, ки Каюмарс ва Ҷамшед карданд, аз миён бархезад. Ин бигуфт ва дигар «кабиса» то ба рўзгори Маъмуни халифа.
Ў бифармуд, то расад бикарданд ва ҳар соле, ки Офтоб ба Ҳамал омад, «Наврўз» фармуд кардан ва «Зичи Маъмунӣ» бархост ва ҳанўз аз он зич, тақвим мекунанд то ба рўзгори ал-Мутаваккил…
Мутаваккил вазире дошт, номи ў Муҳаммад бинни Абдулмалик. Ўро гуфт:— Ифтитоҳи хироҷ дар вақте мебошад, ки мол дар он вақт аз ғалла дур бошад ва мардумонро ранҷ мерасад ва оини мулуки Аҷам чунон будааст, ки «кабиса» карданд, то сол ба ҷои хеш бояд ояд ва мардумонро ба мол гузоридан ранҷи камтар расад, чун дасташон ба иртифоъ расад.
Мутаваккил иҷобат кард ва «кабиса» фармуд ва Офтобро аз Саратон ба Фарвардин бозоварданд ва мардумон дар роҳат афтоданд ва он оин бимонд. Ва пас аз он Халаф бинни Аҳмад — амири Систон «кабисаи дигар» бикард, ки акнун шонздаҳ рўз тафовут аз он ҷо кардааст. Ва султон Саид Муиддин Маликшоҳро… аз ин ҳол маълум карданд, бифармуд, то «кабиса» кунанд ва солро ба ҷойгоҳи хеш бозоранд. Ҳукамои аср аз Хуросон биёварданд ва ҳар олате, ки расадро ба кор ояд, сохтанд аз девор ва зот-ул-ҳалақ ва монанди ин ва Наврўзро ба Фарвардин бурданд, валекин подшоҳро замона, замон надод ва «кабиса» тамом нокарда бимонд. Ин аст ҳақиқати «Наврўз» ва он чи аз китобҳои мутақаддимон ёфтем, аз гуфтори доноён шунидаем.