Наврўзнома

«Наврўзнома» яке аз асарҳои илмӣ-таърихии Умари Хайём буда, тахминан дар соли 471 ҳ./1079 м. ба риштаи таҳрир кашида шудааст. Асари мазкур доир ба урфу одат ва расму ойинҳои давраи Пешдодиён (Сосониҳо), аз қабили таьрихи маросими идҳо ва тарзи гузаронидани онҳо, тартиби тақвими фаслҳои сол ва таърихи номгузории моҳҳои қадимии мардумони эронинажод ва ғайраҳо маълумотҳои зиёд дода, доир ба масоили зикршуда ҳикояҳои дилангезе меорад.
Ба ғайр аз ин, Хайём дар ин асараш дар бораи маъданҳо, рустаниҳо, паррандаҳо, баъзе ҳайвонҳои хонагӣ ва хусусияту манфиати ҳар кадоми онҳо як қатор маълумотҳои муҳим дарҷ намудааст. Бобҳои охири китоб ба тасвири маънавиёт ва завқи инсон, шаклу сирати вай, тавсифи асбобҳои ҷангию таърифи қалам ва тарзи тайёр кардани шаробу вақти истеъмоли он бахшида шудаанд. Дар дохили ин бобҳо барои тасдиқи фикрҳо ва хулосаҳои баёнкардашуда дар мавқеъҳои мувофиқ як силсила ҳикоятҳои тамсилӣ оварда мешаванд.