Шеър он аст

Шеър он аст, ки аз дил гиреҳе боз кунад,
Маъне он аст, ки бар фикр каме ноз кунад.

Шоҳбайт он чи, ки аз ғояти мавзуниҳо,
Ба лаби ҳар, ки расад хат шуда парвоз кунад.

Шоир он аст, ки огаҳ шавад аз шодиву ғам,
Хандаро хандаву ғамро чу ғам иброз кунад.

Чист навгонии мо тарзи тамошои дигар,
Масали бе масали ёбаду оғоз кунад.

Қофия абруи пайвастаи матлуби ғазал,
Гар як абру набувад, ёр чӣ эъҷоз кунад.

Фозил аз шир сафед аст, чӣ завқ ояд пеш,
Маъне он аст, ки бар фикр каме ноз кунад.