Мухаммаси Фозил бар ғазали Ҳофиз

Шаби муштоқи рӯят чун саҳар бод.
Вафоят дар дили мо мустақар бод.
Ҳасуд аз нури ҳуснат бе басар бод.
“Ҷамолат офтоби ҳар назар бод,
Зи хуби руи хубат хубтар бод»

Зиреҳ аз меҳр бодо пайкаратро,
Вуҷуди нозуки меҳрофаратро.
Хати сероби гулбарги таратро,
“Ҳумои зулфи шоҳинпарваратро,
Ҳама шоҳони олам зири пар бод»

Сазои мақдами улфат набошад,
Даре ку андар ӯ қуфлат набошад.
Ба ғайр аз ҳамдами кулфат набошад.
“Касе к-ӯ бастаи зулфат набошад.
Чу зулфат дар хаму зиру забар бод»

Ба ҷуз шавқи висолат дил надонад.
Танам ҷуз ту касеро ҷон нахонад.
Бурун аз саҳнаи майдон намонад.
“Буто чун ғамзаат новак фишонад,
Дили маҷруҳи ман пешаш сипар бод»

Диламро ёфт бе дарвоза ишқе,
Асираш кард бе андоза ишқе.
Китобашро шуда шероза ишқе,
“Маро аз туст ҳар дам тоза ишқе,
Туро ҳар соъате ҳусни дигар бод»

Вуҷуд аз занги ғайрат шуст Ҳофиз,
Шабу рӯзон висолат ҷуст Ҳофиз.
Чу Фозил маҳви он дилҷуст Ҳофиз,
“Ба ҷон муштоқи рӯи туст Ҳофиз
Туро аз ҳоли муштоқон хабар бод»