Ба тоҷи шоҳи

(Тоҳо) ба тоҷи шоҳи, «Ё син» қадри пушок,
» Вал — лайл » ро ба зулфат гуфтаст Холиқи пок.
Дар аҳди лоларуён якто шукуфта шамъе,
Меъроҷ рафтӣ эй шаҳ болотарини афлок.
«Андар мақоми қурбат «қавсайну қоб омад,
Хонанд ошиқонат бо дидаҳои намнок.
Аз ҳурмати ту Раҳмон дода хабар ба қуръон,
В -аз рую мӯю чашмон эй гавҳари шарафнок.
Васфат бувад ба таврот инҷил гашта исбот,
Донам яқин азизи сарви равони чолок.
Бо ишваи ду чашмат «Мо зоғ» месароянд,
Ҳам ҳофизони қуръон ҳам булбулони бебок.
Бар сидқи синаи ту «Нашраҳ»  ъалам фарозад,
Иқраъ қабули илмат эй шоҳи равзаи пок.
Дорам умеди беҳад, эй шофиъи гуноҳон,
Раҳми намо ба уммат дар рӯзи шӯру ғамнок.
Бар файзи номи Раҳмон маҳмуд кунад таваккул,
Бахшоишу карам кун қудратнамои афлок.