Кур ва Бино

Нобиное дар шаби торик бо фонус аз кучаи пурлой мегузашт:
Аз ру ба руи у касе омад. Вакте ки ба пахлуи нобино расид, пояш лағжида афтид, ба фонуси нобино бархурду он аз дасти нобино парида рафт ва ба девор расида шикаст, шамъаш ҳам мурд.
Нобино фарёд баровард, ки акнун ман бе фонус ба хонаи худ чӣ гуна меравам?
Каси афтида пурсид:
— Ту ки нобиноӣ, барои ту фонус чӣ лозим?
— Ман фонусро на аз барои худ, балки аз барои ту барин биноҳои кур мебардорам, то ки ба ман бархурда, ба лой нағалтонанд — ҷавоб дод нобино.