Дегатон дута не-мӣ?

Мулло Мушфиқиро касе ба меҳмонӣ хабар кард. Вақте ки
Мушфиқи омад, соҳибхона пурсид:
— Барои шумо палав пазам ё шурбо?
— Дегатон дута не-мӣ? — гуфт Мушфиқӣ дар ҷавоб.
Соҳибхона ночор ҳам палав ва ҳам шурбо пухта зиёфат кард.
Баъд аз палав ва шурбо соҳибхона ғайри чойи кабуд дигар чизи ташнагишикан набаровард.
Пас Мушфиқӣ тадбире фикр карда ба соҳибхона гуфт:
— Бародар, баъд аз хурдани харбуза ва тарбуз дар куҷо хоб мекунем?
Соҳибхона ночор харбузаву тарбуз ҳам овард ва тавба кард, ки баъд аз ин Мушфиқӣ ном касеро ба меҳмонӣ хабар накунад.