Ҳоҷа Ҳофиз ва хиштрез

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе мегузашт. Дар паҳлуи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро ғалат -ғалат хонда истодааст. Ҳофиз андак гуш доду баъд якбора хиштҳои рехта мондаи хиштрезро пахш карда гузаштан гирифт. Хиштрез ӯро дида тохта омаду аз гиребонаш гирифта дашном дод:
— Магар чашмат кур аст, ки роҳро монда аз болои хиштҳо меравӣ ва меҳнати маро барбод медиҳӣ?
Хофиз хам шребони уро махкам чуфт карда шрифта гуфт:
— Магар ту девонаӣ, ки шеърҳои хуни дил хурда навиштаи маро расво карда, ғадал мехонӣ?!…