Ду сураткаш

Ду сураткаш дар устодӣ ва санъаткорӣ бо ҳ ам мудом баҳс мекарданд. Сураткаши якум сурати як cap ангурро чунок устодона кашид, ки дар дидан аз ангури ҳақиқӣ ҳеҷ фарқ намекардед. Вақте ки он суратро ба шохи дарахте овехта монд, баъзе парандаҳо ангури хақиқӣ пиндошта, омада ба вай нул мезаданд ва сураткаш ин ҳолро ба рақиби худ нишон дода, баландии санъати худро исбот кард. Сураткаши дуюм барои нишон додани санъаташ сураткаши
якумро ба хонааш бурд ва пардаеро нишон дода гуфт:
— Санъатҳои ман дар пушти ҳамин парда истодаанд назар кун, меписандӣ ё не?
Сураткаши якум даст бурда мехост пардаро бардорад, лекин дид, ки он парда набуда, сурати пардае будааст, ки дар девори хона моҳирона кашида шудааст.