Мулло Маҳмуд

Мулло Маҳмуд фарзанди Мулло Абдумуқим дар деҳаи кӯчаки ба ном Панӣ ба дунё омадааст. Мулло Маҳмуд соли 1913 чашм ба олам кушода дар соли 1976 дунёи зиндагонро видоъ кардааст. Мулло Маҳмуд инсони чеҳракушод чорпаҳлу ва тануманди буданд. Ва суҳбату каломи ширини доштанд. Ҳар нафаре, ки як бор дар маҳфили он кас ҳузур медошт орзуи бори дигар нишастан дар дилаш эҳё мешуд. Аксари суханони Мулло Маҳмуд аз ҳикмату панд масъалаҳои ахлоқи муҳаббат ба дину имон ғамхории ятимону ғарибон ва мавзуъҳои муҳими зиндагӣ иборат буд. Ӯро мардуми диёр зану мард хурду калон ҳурмату эҳтиром мекарданд, чунки дар ҳақиқат лоиқи эътимоду эҳтиром буд. Ӯ гоҳ бо суханҳои шаккаринаш шодиҳои рафтаро ба дилҳо сало медод. Гоҳ бо гиряҳои ҳузномезаш қалбҳои сахту сангиро нарму мум мекард. Ин яке аз нишонаҳои латифтабиати нуктадонӣ ва бузургии ӯ буд. Чунонки Мавлои Ҷомӣ мегуянд:

Бурун созам зи дил рози ниҳонро,
Бигирёнам бихандонам ҷаҳонро.

Он гиря ва ханда дар маҳфили Мулло Маҳмуд мавҷуд буд. Дар ҳозирҷавобӣ, нуктадонӣ, мавқеъшиносӣ ва ҷо ба ҷо гузории калом назир надошт. Дарку фаҳми фавқулодаи баланди Мулло Маҳмуд дар маънифаҳми таҳлили шеър ҳалли масъала атрофиёнро дар ҳайрат мегузошт ва обруяшро рӯз аз рӯз дар диёр боло мебурд. Ҳатто ривоят ҳаст, ки устодашон вақти ба Мулло Маҳмуд аз куллиёти Ҳофиз сабақ медод. Мулло Маҳмуд сабақро чунон мукаммал ҷузъ ҷузъ шарҳ доданд, ки аз чашмони устод ашк ҷорӣ шуд, Ин ашк чандин сабаб бештар дошта бошад, ҳам сабабҳои асосияш ифтихору шодмонию сарбаланди аз доштани чунин шогирди бо истеъдод, буд. Баъди ин моҷаро устод ба Мулло Маҳмуд руй оварда гуфтанд: Акнун ту аз омузондану фаҳмондану шарҳи ман бе ниёз ҳасти ва ман дар муқобили илму дарки ту таслим ҳастам бо ин тарз аз устод сабқат карда бошанд ҳам Мулло маҳмуд хоксори мекарданд, ва устоди худро чунон ки мибоист эҳтиром мекарданд. Инҷо воқиаи шабиҳи қонуни ҷозибаи ишқ шакл пазируфт. Мисраъ:
Ишқи шурангез шухи карду шуд шогирди ақл,
Турфа шогирди, ки дар ҳайрат кунад, устодро…
Ишқ ҳосили хабир будан аз ҷамол аст.
Ва ташхисоту муоинаи камолу ҷалолу ҷамол марбут ба ақл аст.
Дар аввал ниҳоли муҳаббат тавони решадавониро аз идрок дарёфт мекунад.
Дар охир ақл як қатраи гумшуда дар баҳри ишқ мегардад.
Басо ақли зӯровари чирадаст,
Ки савдои ишқаш кунад зирдаст.

Саъди Шерозӣ.

Инчунин орифони, ки файзи азал ба онҳо расидааст дар зоҳир суратанд вале дар ботин баҳрҳои маърифати сифоти зот. Мулло Маҳмуд низ олими орифи буд, ки дар дилҳои дустону пайвандону бастагону бегонагон манзилу ҷойгоҳи хоси барои худ касб намудааст. ҲЕҶ ЧАШМАЕ, КИ ТАРАШШӮҲАШ АЗ АЗАЛ НАСИБ ГАШТААСТ, БЕ ҚАТРА НАМЕМОНАД. Аввалин шеърҳои Мулло Маҳмуд дар чандсолаги ба варақ нақш гардидааст, маълум нест. Вале тибқи ривоёти куҳансолон нахустин бор дар 25 солагӣ ӯ баъзе аз ашъори пурмуҳтавояшро дар ихтиёри пайвандон гузоштааст. Маънии баланду ҷаззобияти калом равони дилпазирӣ ва зарофатгӯйиҳо гувоҳи он ҳастанд, ки ин шоири бузург яке аз мардони мебошад, ки ХУДОВАНД ба ӯ истеъдоди нодир дили бузургу виҷдони солим ақли баркамолу зеҳнӣ тез хаёли дурпарвозу дарки борикбину фаҳми дақиқ арзони доштааст. То ҳол аз бузургсолони деҳа ҳикоятҳо дар бораи илҳоми ҳамешагии ин марди номдор вирди забонҳост. Ин шоири борикандеш аз касоне набуд, ки барои эҷоди шеър фурсат интизор шавад. Балки шеърро чун нафаре, ки пештар аз ёд кардааст, эҷод мекард. ҲАР БУЗУРГИРО, КИ РАҲ ПАЙМУД РАФТ ХОРИ БА ПО Мулло Маҳмуд чун дигар бузургон аз имтиҳони тақдир канор набуд. Ӯ хело хурд аз падар ятим мемонад. Мулло Абдумуқим падари меҳрубони шоирро босмачиён бо фитнаангезию иғво ва туҳмати баъзи пастфитратон бераҳмона ва ноҷавонмардона аз пушт бо силоҳи оташфишон тир кушода ба қатл мерасонданд. Айшу фараҳу шодӣ аз он замон хонадони шоирро падруд гуфт ва аёми сахтиҳо фаро расед. Дар он замон Мулло маҳмуд, ки фарзандӣ нахустини падар буданд, 11 сол доштанд. Ва бо ду хоҳару як бародари худ аз дасти навозиши падар маҳрум монданд. Чи қадар мушкил аст, дар як замони ҷангу ҷуш аз даст додани шоҳсутуни хона падари бузургвор хоса дар он замони кудаке, ки ҳар фарзанд ба тарбияту саробонии падар муҳтоҷ аст.

Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам, ки сар дар канори падар доштам.
Агар бар вуҷудам нишасти магас, Парешон шуди хотири чанд кас.

Саъди Шерозӣ.

Оре дигар он тоҷи салтанат аз сари шоир ва бародару хоҳаронаш бардошта шуд. Дигар ҳатто бо озор додани онҳо ҳам хотири каси парешон намешуд. Бо ҳамин мусибатҳои шоир ба поён нарасид. Бо мурури замон Мулло Маҳмуд оила барпо намуданд. Вале хушбахти ва оромиши шоир ба дарозо накашид, чун ҳодисоти қабл боз ғамҳои пай дар пай гиребонгири ӯ гардид, ин навбат Мулло Маҳмуд бо амри тақдир чанде аз ҷигаргушагони худро ба олами фано гуселонданд ки осори ин аламҳо мутлақан дар ашъорашон ошкор аст. Ва ин мисраъҳои оташин баёнгари он доғҳои ҷигари кабобу ҳоли хароб аст: Сад ҳазорон доду фарёде, ки аз дасти аҷал, Ин ҷигарбанди маро фармуд марги бе маҳал. Шуд насиби қисматаш ғамбода аз рузи азал, Беризои ҲАҚ набошад тори муеро халал. Гуё тире ба ман баҳри зиён андохтӣ… Аз хати тақдир роҳи гурез нест, чӣ сарватманду оқилу ҷоҳилу олиму омӣ, ки набошад, ин равиши чархи каҷрафтор аст. Бо аҳли вафо вафо накардан ошиқонро аз маъшуқон дур андохтан падарро аз писар бародарро аз хоҳар дилбаронро аз дилдодагон гирифтан. Мулло Маҳмуд ба чунин мазмун дар байти чунин хулоса мекунад:

Дар ҷаҳони бевафо ҳаргиз намонад кас баъид,
Дод аз дасти аҷал зулми ба ҷон андохтӣ.

МАРДОНИ НАКУ АЗ ДИДА БА ДИЛ САФАР МЕКУНАНД. Агарчи имрӯз офтоби ҳаёти Мулло Маҳмуд ғуруб карда бошад, ҳам дар дилҳо партави андешаҳояш мақому манзалаташ маскун аст. ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ёди он фарзона дар дили соҳибдилон ҳаргиз нахоҳад рафт… Мазори ӯ дар хоку мақомаш дар дилҳои пок бо назму маънавиёти бе назираш уро зинда нигоҳ медоранд. Аз Мулло Маҳмуд ду духтар ва як писар дар қайди ҳаёт ҳастанд. Чунонки Шайх Саъдии Шерозӣ мефармоянд:

Саъдиё, марди накуном намерад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накуи набаранд.

Муаллиф Фозили Ҳафткули.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *