Доруи мушкушак

Зани Мушфикй ба шавҳар таъна зада гуфт:
— Аз ин қадар хонашинӣ чӣ мегиред? Шумо ҳам дигар шавҳар барин ягон касбу кори фоиданок дошта бошеду…
Мушфикӣ бисёр фикр карда, охир касби доруфуруширо мувофиқ ёфт. Вай як руз дар маркази бозор як халтача хокистарро монда: «Доруи мушкушак мефурушам, доруи мушкушак!» гуён фарёд задан гирифт.
Ба харидорон аз ҳамон хокистар ба коғазҳо кам-кам печонда медод. Як харидор тариқаи кор фармудани ин » дору » — ро пурсид. Мушфикӣ ҷавоб дод:
— Аввал мушро дореду аз думаш гирифта ба замин хуб занед, баъд ба ҳоли худаш монда як лаҳзае нигоҳ карда истед, дидед, ки муш хеҷ ҳаракат намекунад, баъд аз ин дору ба даҳону бинии вай камтар ҷо диҳед. Ана бо ҳамин муш ҷо ба ҷо мемурад ва шумо аз зараррасонии вай халос мешавед!
Харидор гуфт:
— Шумо одами аҷиб будед — ку! Баъд аз он ки мушро доштам, бе доруи шумо хам зада мекушам!
— Шумо аввал аз доруи ман харед, баъд мушро хоҳ аз руи гуфти ман кушеду хоҳ аз руи гуфти худатон — ихтиёр дар дасти бахтиёр!
— Ҷавоб дод Мушфиқӣ.