Ғам расид

Ғам расид лабҳоям мегурезад аз ханда,
Гирдбоди гам карда ҳастиям пароканда.
Аз таҷалли ҳуснат шаш ҷиҳат гулистон буд,
Рафтию намеояд чун, ту дигар оянда.
Ганҷи меҳр дар сина парваридан осон нест,
Нақди ҷон ба ин гавҳар ҳеҷ нест арзанда.
Баҳри дӯст агар инҷо мекуни фидо ҷонро,
Толеъест фархунда давлатист поянда.
Иззу ҷоҳи ин олам он кадар намеарзад,
Баҳри паст маъюси бар баланд нозанда.
Олами харидорат ҳасту нест ҳамтоят,
Мисли моҳ зебойи ҳамчу меҳр тобанда.
Ин ҷаҳонба ин маъни пойдору бе кор аст,
Лутфу раҳм аз холиқ , нуқсу саҳв аз банда.
Шабнами саҳар будам офтоби ишқ омад,
Нест об бо оташ ҳам нишину созанда
Фозил аз таманноят сӯхт инчунин мегуфт:
Ғам расид, лабҳоям мегурезад аз ханда.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *