Шоири безамони

Бо ҳама ибтикори хеш латма задам низомро.
Захми кадимиям наёфт фурсати илтиёмро.
Боз зи ҳабси дурият нолакунон фирориям,
То ба замини кишвари васл кунам мақомро.
Ҳаст тулуъи ҷилваат ҳуҷатти пойдориям,
Хислати офтобият медиҳадам давомро.
Сафхаи синаам кушо вориди рамз кун бубин
Силсилаи паёмро ҷозибаи каломро
Бо ҳама ҷонфишониям қосираму гуноҳгор,
Аз ки ситонам интиқом бо ки кунам саломро.?
Холи аз ишқи он шаҳӣ? Эй дили хастаам берав
Теғ агар ба ҷой нест ман чи кунам ниёмро.
Миллати ошиқи кадом кишвари ошиқон куҷост.?
Баршиканед нангро хат бекашед номро,!!
Шеъри замонаам вале шоири бе замониям,
Ҳаст диҳам каломро маҳв кунам тамомро.
Номаи ошиқонаам фозил аз он шумурда шуд,
Бо ҳама ваҷд нашр кард табъи ман ин паёмро