Мерасад ҷон

Мерасад ҷон ба лаб аз бекасию танҳойи,
Мезани бар дили ман ханҷари бе парвойи.
Ба камолоти ҷамолат қасам, эй моҳи мунир,
Ки ба ҳусни ту баробар нашавад симойи.
Воъизо панд мадеҳ қисматам аз рузи азал,
Будааст ошиқию шефтагию шайдойи.
Сари худ хоки дарат мекунам аз руйи вафо,
Ба умеде, ки ба рӯям дари худ бикшойи.
Нимаҷоне, ки ба худ доштам аз ҳаҷри рухат,
Тарсам он ҳам равад ондам ки ту рух бинмойи.
Ин чи қаддаст руху чилваю рухсор, эй гул,
Ман зи худ меравам он дам, ки ба рафтор ойи.
Фозили зор нишаста сари роҳат ба умед,
Кай куни ҷониби ин ғамзада раҳпаймойи.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *