Дӯстат медорам

Ошкору ниҳон дӯстат медорам,
Бе ҳарфу баён дӯстат медорам.
Эй шамъи сафо, эй моҳи мунир,
Бе шакку гумон дӯстат медорам.
Эй рашки парӣ бо лафзи дарӣ,
Гӯям ба забон дӯстат медорам.
Қурбони туянд бисёру вале,
Беш аз ҳамагон дӯстат медорам.
Бемори туям дар бистари гам,
Эй ҷони ҷаҳон, дӯстат медорам.
Магзору марав, бархезу биё,
Наздик зи ҷон дӯстат медорам.
Мепурси зи ман, меҳрат чи қадар?
Бе ҳадду карон дӯстат медорам!
Дар чашми касон ҷон ҳаст азиз,
Бисёр аз он дӯстат медорам.
Бо ҳарфу сухан бо ҷону ба тан,
Ин нома бихон дӯстат медорам.
Дил дод ба ту ин фозили зор,
То ҳаст тапон дӯстат медорам.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *