Бо нигоҳи ту

Бо нигаҳи ту тавъам аст шаъшаъаи ҷавониям,
Мерави ҳазф мешавад номаи комрониям.
Огаҳи аз ниёзи ман рамзкушои рози ман,
Чун Хати субҳ ошкор пиши ту ҳар ниҳониям.
Хоки танам мабин чунин ин қафасист руҳро,
Бо ту уруҷ мекунад нимаи осмониям.
Вазъи баҳор доштам зири ҳимояи шубоб,
Эй ки насиби чашми туст. марҳалаи хазониям.
Қатъи умед кардаам аз ҳама ғайри даргаҳат,
Худ ба ҳарими худ бикаш худ ба худат расониям.
Ин ҳама гирудор чист,?бозии дилбаронаат,
То ба куҷо расониям то ба куҷо берониям.
Зурваи қадр он бувад фозил агар тавон расид,
Гу ба хушӣ бехон маро то ба тараб расониям