Боз ояд

Гар зи ту аз сари риққат ба ман овоз ояд,
Ҷони беруншуда аз тан ба танам боз ояд.
Риштаи айши маро ҳаҷри рухат бибридаст ,
Чи шавад ришта, ки бар ханҷару миқроз ояд.
Ду ҷаҳонро ба ҷави қадр нахоҳад кардан,
Онки бар рӯйи ту муштоқу назарбоз ояд.
Рамзи ишқ аз назари сифлагон пинҳон аст,
Он ки аз хеш равад, огаҳ аз ин роз ояд.
Нақши ҳуснат ба назар гар бикунад арзи вуҷуд,
Дида пеш аз назари тез ба парвоз ояд.
Гар ба майдони вафо ҷон ба талаб мебозам,
Мурғи ҷон сӯйи дарат шоду сарафроз ояд.
Фозил аз сабр, садаф гавҳари шоҳи ёбад,
Сабр кун бахт ба ту ҳамдаму дамсоз ояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *