Боз меояд

Боз меояд ба ҷилва мебарад аз ман нигор
Тоқат аз ҷон, ҳуш аз сар, дил зи бар, аз дил қарор,
Баҳри озору шикасту қасди ҷонам кардааст,
Чашмсайёд, нозханҷар, ҷилвадому ғамза хор.
Ҳоли мо бе ӯ чунон будаст, монад инчунин,
Ҷон ҳаваснок, хок бар сар, қалб пурхун, дида чор.
Ончӣ аз ишқаш насибам гашт, дар ин ғамсаро,
Ғусса кулфат, сӯзу меҳнат, дарду ранҷи бе шумор.
Кош гардад як ду рӯзе зери чархи нилгун,
Фол фаррух , ёр ёвар, бахт чокар ғусса хор.
Дар камоли ҳусну ранги ҷилвааш афтодааст,
Хома бе нутқ , лаб зи гуфтан , ақл бо ҳайрат дучор.
Гуё сар то ба пояш нусхаи эъҷозҳост,
Чашм оҳу, дом гесу, мижа пайкон, рух баҳор.
Фозил, инҳо хоси хубон омад аз рӯзи азал,
Ҷабри бе ҳад, қатли ошиқ , нозу қаҳри бе шумор.