Шарори ҳодисаҳо

Шарори ҳодисаҳо сухт хирмани моро.
Ғубори ғусса гирифтаст домани моро.
Чу ранг маҳмили мо бе садо сафар дорад,
Бубин асоси ба ғафлат нишастани моро.
Ки ибрат аз асари рафтагон ҳамегирад,?
Кушояд ӯ гириҳи дил бубастани моро.
Маоли мо ба ҷуз аз ҳарзакории набувад,
Агар шикаст шикастаст гардани моро.
Иноншикастанафас боб мекунад мафтуҳ,
Замон Бурун кунад аз хона тавсани моро.
Буруни маҷлисӣ омам ки дар тариқати халқ,
Надида кас Гами олам кашидани моро.
Нуму накард ба ҷуз доғ аз кафи хокам,
Азал чи ранг фузуданд гулшани моро,
Чи қадр дар ҳама олам рукуд ноёб аст,
Ки бозгашт надоданд рафтани моро.
Зи ҳам гусастани моро заволи мо дарёб,
Зи мо магир, ту ё РАБ ту бо мани моро.
Ба арзи шеква маёло забони худ фозил,
Қазо рақам зада басту кушодани моро.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *