Таманои ту

Он чунон шуру таманноӣ ту бар сар дорам,
Лашкари толиби дидори туро сардорам.
Домани ишқи туву дасти талабҳои дилам,
Дил набардорам агарчи бикаши бардорам.
Нест нақши ба ҷуз аз нақши ту бар дафтари дил,
Зори дармони туям аз ҳамагон безорам.
Накашам миннати кас чунки манам бандаи ту,
Аз ту дар хавф фитам ҳам зи ту умедворам.
Чи муаммост, ки ин радду бадал мебинам,
Марди соҳибдилам аз бас ки туӣ дилдорам.
Нақди ҷону дили моро ки харидори нест,
Ба чӣ бозор барам то дияташ бозорам.
Гар қабули ту фитад ҳастии офатзадаам,
Чӣ ғамаст гар накунад ҳарду ҷаҳон иқрорам.
Фозил аз мартабаву ҷоҳи фалак ғарра мабош,
Гуфт мури ки ҳамон сар ки ту дори дорам.